Шурои диссертатсионии
6D.КОА – 091
назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Шурои диссертатсионӣ 6D.КОА – 091 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D060800 - Экология (6D060801 - Экология (6D060801.04 - Соҳаи илмҳои техникӣ)) ва 6D073100 – Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист (6D073101 - Муҳофизати меҳнат (6D073101.04 Соҳаи илмҳои техникӣ)) ва ҷиҳати дарёфти номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 03.02.08 - Экология (03.02.08.04 - Соҳаи илмҳои техникӣ) ва 05.26.00 - Бехатарии фаъолияти инсон (05.26.01- Муҳофизати меҳнат (соҳаи илмҳои техникӣ)) дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №78/шд таъсис дода шудааст. Ҳайати шурои диссертатсионӣ 11 нафар ҳисобида шуда, муҳлати фаъолияти он 2 (ду) сол муқаррар карда шудааст.