Назаров Фирдавс Хоркашович
Сардори раёсат
Самти иқтисодӣ-молиявӣ ва хоҷагидории донишгоҳ бо мақсади таъмини бонизоми раванди таълим, такмили пояи модӣ-техникӣ, озмоишию тадқиқотӣ ва кадрӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корию фароғатӣ ва варзишӣ барои устодону кормандон ва донишҷӯён равона мегардад. Ин фаъолият дар асоси сметаи даромаду хароҷот, ки бо Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқу мувофиқа мешавад, роҳандозӣ мегардад.
Ҷиҳати таъмини хуби вазъи иқтисодию молиявӣ, аз байн бурдани хавфи норасоии маблағҳои воридгардида кормандони самти мазкур пайваста тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Пеш аз ҳама самаранок истифода намудани маблағҳои воридгардида, такмили сохтор, самаранок истифода намудани қувваи меҳнат, бо қувваи дохилӣ иҷро намудани корҳои хизматрасонию хоҷагидорӣ, самаранок истифода намудани амволи давлатӣ, таъмин ва назорати сарфаю сариштакорӣ дар истифодаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, коркарди якчанд барномаҳои таъминкунандаи компютерӣ, ки дар раванди таълим татбиқ шудаанд, инчунин бо ин васила кам кардани хизматрасониҳои беруна, ки дар натиҷа маблағҳои умумимолиявӣ сарфа гардида, таҳдиди норасоии маблағҳо қисман бартараф карда мешаванд.
Шуъбаи таъминоти донишгоҳ ҷиҳати таъмини иҷрои супоришҳои дахлдор тибқи захираву имкониятҳои молиявӣ фаолият намуда, мутобиқ ба маблағҳои дар сметаи ягонаи даромад ва хароҷотии солона масъалаҳои вобаста ба таъмин намудани тамоми сохторҳои донишгоҳ бо маводи таълимию илмӣ ва хоҷагидорӣ ҳаллу фасл менамояд.
Шуъбаи таъмиру сохтмонӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, беҳтар гардонидани намои меъмории биноҳои таълимӣ, таъмиру тармими дохили биноҳои таълимӣ, ёрирасон, хобгоҳҳо ва дигар иншооти таъйиноти гуногунро дар асоси мониторинг ба нақшаи кории худ ворид намуда, пайваста иҷрои босифат ва саривақтии онҳоро таъмин менамояд.
Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ баҳри тозаву озода нигоҳ доштани дохили биноҳо ва ҳудуди донишгоҳ, гулзору чаманзор намудани муҳити таъйиноташ гуногун, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ёрирасон фаолияти пурсамар менамояд.
Бахши хӯроки умумӣ дарбаргирандаи таъмини макони сарфи хӯрок аст. Дар донишгоҳ асосан се ошхонаи донишҷӯён фаъолият менамояд, ки ду ададашон барои донишҷӯёни бинои асосӣ ва дигараш дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ ба хизматрасонӣ машғуланд. Дар умум дар ошхонаҳои донишгоҳ барои тамоми устодону кормандон ва донишҷӯён зиёдтар аз 400 ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст, ки мувофиқи талаби мизоҷон мебошад.
Дар бинои асосӣ ва дигар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳое, ки дар тавозуни донишгоҳ қарор доранд, барои кормандону устодон ва донишҷӯён бунгоҳҳои тиббӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки барои қабул ва дармони мизоҷон шароити хуби кори фароҳам оварда шудааст.
Хадамоти иқтисодӣ-молиявӣ ва хоҷагидории донишгоҳ пайваста мекӯшад, ки баҳри рушди устувор фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва молиявии устодону кормандон боз ҳам меҳнати пурсамар намояд.
Айни ҳол вазифаи пурмасъули сардори раёсати маъмурию хоҷагидории донишгоҳ ба зиммаи Назаров Фирдавс Хоркашович гузошта шудааст.