Лоиҳаи ERAMCA барномаи Иттиҳоди Аврупо ERASMUS +
Start: 15-01-2020 – End: 14-01-2023
Project Reference: 609574-EPP-1-2019-1-IT-EPPKA2-CBHE-JP
Program: Erasmus+
Key Action: Cooperation for innovation and the exchange of good practices
Action Type: Capacity Building in higher education
ЕРАМКА лоиҳаи муштараки тақвияти неру дар байни се давлати барнома (Италия, Олмон ва Хорватия) ва ду кишвари шарик (Узбакистон ва Тоҷикистон) мебошад.
Дар доираи лоиҳаи ERAMCA нақшаи нави таълимӣ оид ба арзёбии хатарҳои экологӣ ва паст кардани оқибатҳои он ба мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ таҳия хоҳад шуд.
Курсҳои гуногуни байнифаннӣ, ки тибқи нақша таҳия ва амалӣ хоҳанд шуд, барои ҳамгироӣ ва навсозии нақшаҳои ҷории ҳамаи мактабҳои олии манфиатдор дар кишварҳои шарик истифода шаванд.
Ба ибораи дигар, барои кишварҳои шарик лоиҳаи ERAMCA ин роҳи байнифаннии баҳодиҳии маҷмӯи хатарҳои экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар марҳилаи ибтидоии лоиҳа эҳтиёҷоти маҳаллии кишварҳои шарик омӯхта мешаванд ва сипас он ба барномаи таълимии дараҷаи магистр (120 ECTS) ва ба китобхонаи рақамӣ табдил дода мешаванд, ки дар он ҳамаи маводи таълимӣ (китобҳо, гипертекстҳо, видео, таҷрибаҳо) мавҷуданд. Дастрасӣ ба китобхона барои ҳар як мутахассиси соҳа ройгон аст.
Ғайр аз он, ҳадафи лоиҳа татбиқи чор озмоишгоҳи махсус барои гузарондани курси пилотӣ оид ба санҷиши самаранокии лоиҳаи дидактикӣ бо истифодабарандагон дар ҳар як донишгоҳи кишварҳои шарик мебошад.
Дар ниҳоят ҳамаи ислоҳотҳои дахлдор барои таҳияи нақшаи ниҳоии дидактикии мувофиқ қабул карда мешаванд.
Пас аз ба итмом расидани лоиҳа, донишгоҳҳои ҷалбшуда имконият пайдо мекунанд, ки лабораторияҳои сохташударо барои истифодаи онҳо бо мақсади систематизатсияи лоиҳаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимӣ нигоҳ доранд.
АИ ҶТ ҳамчун шарики ассостсиявӣ вобаста ба дарки эҳтиёҷоти маҳаллӣ барои пешбурди лоиҳа ба самти стандартҳои умумиҷаҳонии қабулгардида ширкат мекунанд. Ба замми ин, худи шарикон мувофиқати натиҷаҳои бадастомадаро ба эҳтиёҷоти воқеии кишварҳои шарик баррасӣ хоҳанд кард.
Натиҷаҳои асосии пешбинишудаи (интизории) лоиҳа, ин ҷорӣ намудани усули байнифаннӣ дар донишгоҳҳои кишварҳои шарик барои ҳалли мушкилоти мураккаби дорои аҳамияти маҳаллӣ, ҷорӣ намудани консепсияҳои байналмилалии эътирофшудаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, фаҳмиши дурусти чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди малакаҳои касбии устодони маҳалӣ мебошад.