ШУЪБАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


 

Ҷурахонзода Рауф Ҷурахон

Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 
+992 37 227-37-81
interdept@ttu.tj

 

Фаъолияти байналмилалии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз номгӯи чорабиниҳои зерин иборат мебошанд:

  • Ташкил намудани гуфтушунидҳо, таҳия намудани шартномаҳо, созишномаҳо ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
  • Сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои таҳсил, коромӯзӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои мубодила даъват карда шудаанд;
  • баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷии даъватшуда ва бақайдгирифташуда, ки ба донишгоҳ ташриф овардаанд;
  • баррасии санадҳои муҳассилини хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсилӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ;
  • ташкили базаи иттилоотӣ барои донишҷӯён, аспирантҳо, устодон ва кормандони аз ҷониби донишгоҳ ба хориҷа сафаркунанда;
  • расонидани ёрии иттилоотӣ ва машваратӣ барои масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод дар иштироки барномаҳои таҳсилии байналмилалӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯён;
  • Ҳамоҳангсозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо бо шарикони хориҷӣ ва ташкил кардани гуфтушунидҳо;
  • Дастгирии техникӣ, ташкил намудан ва гузаронидани чорабиниҳои байнимилалӣ дар заминаи Донишгоҳ бо зерсохторҳои дахлдор;
  • расонидани кумак барои таҳияи ҳуҷҷатҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва устодону кормандони донишгоҳ ҷиҳати гирифтани раводид бо мақсади сафар ба хориҷи кишвар;
  • ташкили раванди таълим дар курси тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар мувофиқа ба хадамоти таълимию методӣ ва ғайраҳо.
  • Мониторинг ва пешниҳод кардани ҳисоботи натиҷаи фаъолияти байналмилалии Донишгоҳ.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз ҷузъи сохтории ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ буда, ҷиҳати татбиқи фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ робитаҳои ҳамкори дошта, яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимӣ ва хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.

Имрӯзҳо дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аз кишварҳои Федератсияи Россия, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Корея ва Ҷумҳурии мардуми Чин донишҷӯён таҳсили илм намуда истодаанд. Ҳамзамон ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, инчунин дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат меварзад.

Самтҳои асосии фаъолиятҳои шуъба:

1. Ташкил ва рушд додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои пешқадами таълимӣ ва илмии ҷаҳон, омода намудани барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм:

- мусоидат намудан оид ба иштироки ДТТ ба номи  академик М.С. Осимӣ дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ;
- мусоидат намудан оид ба иштироки ҳайати профессорон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ;
- мусоидат намудан оид ба гузаштани такмили ихтисоси кормандон дар хориҷи кишвар;
- мусоидат намудан оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ, муассисаҳои техники ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
- татбиқи фаъолиятҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимӣ, шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- мусоидат намудан оид ба ҷустуҷӯи грантҳои таълимии байналмилалӣ ва илмӣ;

2. Ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯзиш, тайёри ва таҷриба дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ;

3. Дастгирӣ намудан барои дастрасӣ бо раводид барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият мекунанд.


Мақолаҳо ва нашрияҳо

Цифровая трансформация - элемент устойчивого развития экономики

Notice: Undefined offset: 2 in /var/www/web.ttu/lib/prog_functions.php on line 66

Notice: Undefined offset: 1 in /var/www/web.ttu/lib/prog_functions.php on line 66
 ..