Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилотии олии касбии базавӣ дар самти омодакунии кадрҳои муҳандисӣ эътироф гардида, тамоми дастовардҳои замони Истиқлолияти кишварро дар худ таҷассум менамояд.
Донишгоҳ соли 1956 (Қарори Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ №14 аз 6.01.1956) ҳамчун Институти политехникии Сталинобод барои бо кадрҳои муҳандисӣ таъмин намудани талаботи хоҷагии кишвар таъсис дода шуд. Соли 1961 Институти политехникии Сталинобод ба Институти политехникии Тоҷикистон ивази ном намуд. Соли 1992 ҳамчун Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1997 бо мақсади пос доштани хизматҳои шоёни аввалин ректори донишгоҳ Осимӣ Муҳаммад Сайфитдинович Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ номгузорӣ гардид.
Айни замон дар ҳайати донишгоҳ - Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, 7 факултет ва литсейи техникӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии донишҷӯён ҳудуди 9 500 нафарро ташкил медиҳад. Дар 47 кафедраҳои донишгоҳ беш аз 500 нафар омӯзгорон, ки аз он 36 нафарашон докторони илм, профессорон ва 248 нафарашон номзадони илм мебошанд, кору фаъолият доранд. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ зиёда аз 800 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳ иштирокчии фаъоли лоиҳаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+, ERASMUS Mundus, Horizon 2020 ва Horizon Europe, ичунин “Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ” мебошад.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён тамоми захираю имкониятҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва кадрию техникии донишгоҳро барои амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар карда, сатҳу сифати омодакунии мутахассисон ва корҳои илмиро беҳтар намуда, онҳоро ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ наздик месозанд ва дар таъмини рушди устувори Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ |