Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 7 августи соли 2015 бо арзиши 15 млн. доллари ИМА (грант – 45%, кредит – 55%) ба имзо расид.
Мақомоти давлатии ҶТ, ки ҳамчун татбиқкунандаи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» баромад менамояд, Вазорати маориф ва илми ҶТ (ВМИҶТ) мебошад.
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ ба имзо расонида шудааст.
Мақсади Лоиҳа ин таҳияи механизмҳои беҳтар намудан ва мониторинги сифат ва мутобиқати таҳсилоти олӣ ба бозори меҳнат мебошад.
–Беҳбудиҳо дар сатҳи институтсионалӣ (12,7 млн. доллари ИМА);
–Тадбирҳои системавӣ (1,7 млн.доллари ИМА) ;
–Идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии лоиҳа (0,6 млн. доллари ИМА).
Муҳлати татбиқи лоиҳа
–Оғози лоиҳа: 1-уми марти соли 2016
–Анҷоми лоиҳа: 30-уми октябри соли 2021
–Бонки ҷаҳонӣ (қарз) 8, 250 млн.доллари ИМА (55%)
–Бонки ҷаҳонӣ (грант) 6, 750 млн.доллари ИМА (45%)
Маблағи умумии Лоиҳа 15,000 млн.доллари ИМА
Мақомоти иҷроияи Лоиҳа Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВМИҶТ).