Яке аз шохаҳои фаъолияти парки технологӣ ин ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст.
Соли 2022 парки технологии донишгоҳ дар базаи кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилӣ мактаби ронандагии дараҷаҳои В ва С кушода шуд, ки аллакай 60 нафар онро хатм карданд.