Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, имкони иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда шудааст.
Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа қабул гардидаанд, барои ҳаёту фаъолияти бонувон сарнавиштсоз аст, зеро ба баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи онҳо дар ҷомеа ва нақши густурдаашон дар таҳкими ғояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат такони бузурге мебахшанд.
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ 321 нафар омӯзгор ва коргарзанон кору фаъолият менамоянд. Инчунин, 296 нафар донишҷӯдухтарон таҳсил менамоянд, ки шумораи умумии бонувони донишгоҳ 617 нафарро ташкил медиҳад.
Нақши занон дар донишгоҳ назаррас аст ва директори китобхона, директори литсейи донишгоҳ, мудирони шуъбаҳо (4 нафар), мудирони кафедраҳо (4 нафар) аз ҷумлаи занони роҳбарикунандаи донишгоҳ мебошанд.
Инчунин, дар донишгоҳ аз ҳисоби занҳо докторони илмҳои техникӣ (1 нафар), профессорон (5 нафар), дотсентон (9 нафар), иҷрокунандаи вазифаи дотсент (12 нафар), номзадони илмҳои техникӣ, муаллимони калон (14 нафар), номзадони илмҳои техникӣ, ассисентон (3 нафар) фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ доранд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ва нақшаи амали он барои солҳои 2019-2020 курси омӯзишии “Мактаби духтарони сарвар” барои донишҷӯдухтарони болаёқат созмон додааст, ки дар он 14 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳ иштирок намуданд.
Ба таври доимӣ раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ, раисони занони факултетҳо, роҳбарияти хобгоҳи №3 аз тарзи зисту зиндагонии донишҷӯдухтароне, ки дар хобгоҳ зиндагонӣ мекунанд, бохабар мебошанд ва ҳар моҳ бо онҳо оид ба сарулибоси тавсиявии мавсимии донишгоҳ, одобу услуб, хонадорӣ, тартибу интизом ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар хобгоҳ ҷаласаву вохӯриҳоро дар мавзӯъҳои “Маърифати оиладорӣ”, “Ҷанбаҳои оилаи солим”, “Нақши зан дар пойдории оила”, “Муошират”, “Нақши зан – роҳбар” мизҳои мудаввар ва ҷаласаҳо мегузаронад.