Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ (30.08.2017) қайд намуда буданд, ки “... такмили донишу маҳорати омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муҳимтарин омили беҳтар намудани сифати таълим мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон эътибори ҷиддӣ дода, фаъолияти марказҳо, курсҳо ва донишкадаҳои такмили ихтисос зери назорати доимии Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, қарор дода шавад”.

Ҷаҳони муосирро бе омӯхтан ва истифодаи  техника ва технологияи нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз истифодаи дастовардҳои нави технологияҳои иттилоотӣ кори ҳаррӯзаи ҳар як омӯзгору корманд  бояд бошад.

Парки технологӣ баҳри пешбурди фаъолият тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи худ барои барои намудҳои фаъолияте, ки бояд мавриди литсензиякунонии давлатӣ қарор дода шаванд, литсензияҳо (иҷозатномаҳо) гирифта истодааст.

Яке аз шохаҳои фаъолияти парки технологӣ ин ташкили курсҳои касбомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандон мебошад. Аз ҷумла барои пешбурди фаъолияти таълимӣ, илмӣ-истеҳсолӣ дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ аз рӯи самтҳои асосии фаъолият, бо назардошти тадбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷозатнома (АУ №0002505 аз 27 марти соли 2018, №3111) дода шудааст.

Курсҳои такмили ихтисос, ки аз тарфи технопарки донишгоҳ дар соли 2021 гузаронида шудаанд.

Ҷадвали 1

Номи курс

Миқдори

ишт-н

Муассиса

Соли 2021

 

 

1.              Курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи “ҲИФЗИ МЕҲНАТ”

10

ҶДММ “Тотал” (29.01-26.03.2021)

2.              Курси такмили ихтисос аз руйи барномаи “Электромонтёр”

12

Омӯзгорони Донишгоҳи Осиёи марказӣ 

3.              Курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Хизматрасонии техникии таҷҳизоти тиббӣ»

3

кормандони техникии Беморхонаи ноҳияи Рашт (01-12- 31.12 2021)

4.              Курси такмили ихтисос аз руйи барномаи «Қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ»

112

Корхонаи коммуналии вохиди давлатии  “Толлейбус” ва Корхонаи коммуналии вохиди давлатии  “Автобус-1” дар давоми сол

Соли 2022

 

 

курси такмили ихтисоси “Энергетика”

23

Омӯзгорони донишгоҳ 

5.              Курси такмили ихтисос аз руйи барномаи “Таъмири дастгоҳҳои маишӣ ва техникаи компютерӣ”

10

Омӯзгорони Донишгоҳи Осиёи марказӣ 

6.              Курсҳои омӯзиши касбии кутоҳмуддат аз руи 9 ихтисос

161

ҶСК “Азот”

Ҳамагӣ

331

 

IMG_20220305_112725IMG_20220305_102553IMG_20220720_145203IMG_20220809_110317IMG_20220816_101007IMG_20220816_101048IMG_20220816_101048IMG_20220816_112741IMG_20220816_112948IMG_20220816_112955

Илм ва инноватсия