Каримзода Ҷамшед Ҳалим

Декани факултет, номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент

Факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ буда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва идоракунӣ мутахассисонро омода мекунад. Дар факултет 7 кафедра амал мекунад, ки аз онҳо 3 кафедра – кафедраҳои математикаи олӣ, фанҳои ҷомеашиносӣ ва информатика ва техникаи ҳисоббарор кафедраҳои умумитаълимӣ буда, 4 кафедра – кафедраҳои системаҳои автоматонидашудаи идоракунӣ, автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот ва шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ кафедраҳои тахассусӣ мебошанд.

     

Вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва амалӣ намудани нақшаи дурнамои Ҳукумати мамлакат дар самтҳои гуногун ҳоло факултет мутахассисон (бакалавр, магистр)-ро аз рӯйи ихтисосҳои 1-400101-01 – “Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ”, 1-400102-04 – “Низом ва технологияҳои иттилоотӣ”, 1-400301-02 – “Технологияҳои зеҳнии компютерии ҳифзи иттилоот”, 1-400301-05 – “Воситаҳои олотӣ ва технологияи лоиҳакашии системаҳои зеҳнӣ”, 1-450103-02 – “Шабакаҳои алоқа ва тақсими иттилоот”, 1-530101 – “Автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот (аз рӯйи самтҳо)”, 1-530102 – “Системаҳои автоматонидашудаи коркарди иттилоот”, 1-530107 – “Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ”, 1-980101-0103 – “Системаҳои муҳофизати иттилоот”, 1-980101-0105 – “Амнияти автоматонии системаҳои коркарди иттилоот ва идоракунӣ (ҳифзи маълумот)” омода менамояд.

Дар факултет зиёда аз 40 нафар магистрант ва беш аз 1000 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар шуъбаи рӯзона зиёда аз 10 нафар тариқи бурсия (квотаи бурунмарзӣ), зиёда аз 20 нафар бо квота барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Дар факултет зиёда аз 100 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки ҳудуди 40 нафари онҳоро докторон ва номзадони илм ташкил медиҳанд.

Факултет бо як қатор муассисаҳои илмӣ-таълимии мамлакатҳои хориҷӣ ва дохили кишвар, аз ҷумла ДДТ ш. Москва ба номи Н.Э. Бауман, ДДТАР-и ш. Москва (МАДИ), ДД ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи ш. Москва, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ғайраҳо алоқаи зичи илмӣ дорад.

Дар давоми фаъолият ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону аспирантон, магистрон ва кормандони илмии факултет ба дастовардҳои илмию педагогӣ ва эҷодии назаррас ноил гардиданд. Масалан, дар давоми 5 соли охир 20 нафар рисолаҳои илмиро барои сазовор гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳо ҳимоя карданд, зиёда аз 590 мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои илмии дохили кишвар, хориҷи дуру наздик ва маводи конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ ба нашр расониданд. Ба 5 патент ба шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва 8 барои дарёфти шаҳодатномаи захираи иттилоотӣ сазовор гаштанд, инчунин аз ҷониби омӯзгорони пуртаҷриба 22 китоби дарсӣ ва 80 дастурҳои таълимию методӣ ба нашр расонида шудааст.

Аз давраи ташкилёбӣ то ба имрӯз факултетро н.и.т., дотсент Набиев С.А., н.и.ф-м., дотсент Гадозода М., н.и.т., дотсент Нарзуллоев С.А. н.и.т., дотсент Ғафуров М.Ҳ. роҳбарӣ кардаанд. Айни ҳол н.и.т., и.в. дотсент Каримзода Ҷамшед Ҳалим вазифаи декани факултетро бар уҳда дорад.


Ба рӯйхат

Донишгоҳ




Кафедраҳо