РУШДИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР 30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 11.09.2021

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергияи барқи обӣ мебошад, ки солонааш 527 млрд.кВт·соатро ташкил медиҳад. Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон захираҳои энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта, он зиёда аз 320 млрд.кВт·соатро дар сол ташкил медиҳад, ки танҳо 4-5%-аш айни замон истифода мешавад.

Истифодабарии неруҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924-1929) оғоз ёфта, аввалин неругоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе (с. 1926, 78 кВт) ва (с. 1928, 48 кВт) ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб - 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7,44 ҳаз. кВт ба кор даромад. Силсилаи НБО-и Варзоб (НБО Варзоб-1 (с. 1937), НБО Варзоб-2 (с. 1949) ва НБО Варзоб-3 (с. 1952)) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт дар дарёи Варзоб низ сохта шуданд. Дар солҳои 30-юм сохтмони неругоҳҳои ноҳиявӣ давом мекард, ки ҳамагӣ 121 НБО-и хурд ба истифода дода шуд. Соли 1941 НБО Хоруғ ба истифода дода шуд. Асосан солҳои 1949 – 1958 дар деҳоту колхозҳо неругоҳҳои барқии дизелӣ ва 9 НБО-и хурд ба истифода дода шуд, ки иқтидорашон 6630 кВт-ро ташкил мекард. 7 апрели соли 1956 маҷрои Сирдарё дар шимоли Тоҷикистон баста шуд ва сохтмони НБО Қайроқум бо иқтидори 126 МВт, сар шуд, ки 13 апрели соли 1957 ба истифода дода шуд. Минбаъд, НБО Шаршара (1959) – бо иқтидори 29,9 МВт, НБО Сарбанд (1963) – бо иқтидори 210 МВт (баъдтар ба 210 МВт расонида шуд), НБО Марказӣ (1964) – бо иқтидори 15,1 МВт дар дарёи Вахш сохта шудаад.

Соли 1957 тадқиқи дарёи Вахш барои сохтмони бузургтарин НБО Норак бо иқтидори 3000 МВт сар шуд ва соли 1960 сохтмон шурӯъ гардид. Агрегати нахустини НБО Норак 16 ноябри 1972 ва агрегати 9-и он 30 сентябри соли 1979 ба истифода дода шуд. Аввалин хати барқии баландиқтидор ХИБ-500 кВ НБО Норакро бо заводи алюминии Регар пайваст намуд. Соли 1985 НБО Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Ҳамин тавр баъди солҳои 90-ум дар замони истиқлолият сохтмони неругоҳҳои нав ба нав давом ёфт. Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ–Панҷакент», «НБО-и Роғун», Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Се сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калон дорад. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт. Сарони ду давлат баҳри истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии дарёи Зарафшон созишномаҳо ба имзо расониданд.

Иқтидори гидротехникии дарёи Зарафшон ба 33,94 млрд.кВт·соат баробар буда, дар баробари захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 10,55 млрд.кВт·соатро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 13 мавзеъҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо мавҷуд мебошад. Дарозии дарё 877 км буда, масоҳати умумии ҳаҷми ташакулёбии оби дарё 12,3 ҳазор кмро ташкил менамояд.

Дарёи Зарафшон

Ҳаҷми обанбор, км3

Иқтидори мавҷуда, МВт

Истеҳсол

млрд. кВт.с/сол

НБО-и Мастчоҳ

1,0

90

0,55

НБО-и Риомут

0,55

75

0,46

НБО-и Обурдон

0,72

120

0,35

НБО-и Дарғ

0,05

130

0,75

НБО-и Сангистон

0,05

140

0,9

НБО-и Похут

0,05

140

0,9

НБО-и Фондарё

300

1,8

НБО-и Айнӣ

0,05

160

0,95

НБО-и Ёвон

0,05

120

0,18

НБО-и Дупула

26

200

1,0

НБО-и Панҷакент-1

50

0,27

НБО-и Панҷакент-2

45

0,25

НБО-и Панҷакент-3

65

0,38

Ҳамагӣ:

28,52

1635

8,74

 

Дар баробари дарёи Зарафшон дар дигар дарёҳои ҷумҳурӣ мавқеъҳои муайян оид ба сохтмони НБО-и муайян ба лоиҳа гирифта шудааст.

20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд. 23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 МВт расонида мешавад. Аввалин агрегати гидроэнергетикии НБО «Роғун» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар санаи 16 ноябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми неругоҳ неруи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Ин ҳамаи самараҳои истиқлолият мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият Президенти мамлакат рушди соҳаи энергетикаро яке аз соҳаҳои калидӣ ва ҳадафи стратегӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қарор дод. Дар давраи истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. Ин нишондодро ба 30 соли аввали Иттиҳоди Шӯравӣ муқоиса намоем, садҳо маротиба зиёд мебошад.

Норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябр то майи соли оянда давом мекард. Дар ин муҳлат бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шаҳру ноҳияҳои ғайри пойтахт давоми якчанд сол (аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то соли 2016) лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда шуда буд. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонид. Аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Айни замон аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, ки 1 марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: “Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор меравад”.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя энергияи электрикиро содир менамояд, ки ин боиси ғанӣ гардидани буҷети мамлакат мегардад.

Давлатов Дӯстмурод – донишҷӯйи соли 4-уми факултети энергетикӣ, гурӯҳи 430101А3.


Ба рӯйхат