Тоҷикистон яке аз мамолики ҷавони олам ба ҳисоб меравад, ки қисмати аъзами ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон чун неруи созанда дар рушди пешрафти ҷомеа нақши бениҳоят бузург доранд. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба онҳо чун насли ояндасози миллат аҳамияти хос медиҳад.
Воқеан ҳама ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда, симо ва ояндаи миллат мебошанд. Мояи ифтихору сарфарозии ҷавонон аст, ки имрӯз нисбат ба онҳо таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибатҳои хирадмандонаи Роҳбарияти олии кишвар ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ оид ба таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расидааст. Қисме аз ҷавонони мо имрӯзҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва қисмате, ки таҳсили хориҷи кишварро ба итмом расонидаанд, дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо ихтисосҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Дар ин маврид Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид менамояд, ки “Шумо ҷавонон бояд пайгирона омӯзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст”.
Ҷалби неруи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи неруманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз тазодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.
Ҷавонон ҳамчун неруи созанда дар ҳама сатҳ дар рушди босуботи кишвар бевосита саҳмгузор мебошанд. Беҳуда нест, ки махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ дар асоси истифодаи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ба донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодоти ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозад.
Пешвои миллат ҳамеша ба ҷойгоҳ ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоии мамлакат баҳои баланд дода, аз ҷумла дар як суханронии худ зикр намудаанд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони соҳибистиқлоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси шоиста ба рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модару Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.
Мо, ҷавонони кишвар ҳаракат менамоем ва бо тамоми қувваамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободӣ ва осоиштагии Ватан – Модари азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат намоем.
Худойназаров Б.А. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430101А2,
Ёрмаҳмадзода Ф.И. – донишҷӯйи курси 3-юми гурӯҳи 430103Б.