СОҲИБДИЛУ ЗАҲМАТКАШ

 20.06.2022

Омӯзгорӣ касби пуршарафу ифтихорафзо мебошад ва он нафароне, ки ин пешаро интихоб кардаанд, дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтирому обрӯманд мебошанд.

Бо тақозои вазифа ҳар рӯз бо омӯзгорони зиёде вомехӯрему ҳамсуҳбат мешавем, аз таҷрибаву фаъолияти пурсамари онҳо огоҳ мегардем. Дарвоқеъ, дар замони муосир бар дӯши омӯзгорон вазифаи пурмасъулият қарор дорад, ки ин, пеш аз ҳама, тарбия ва ба камол расондани насли нави ободкору созанда мебошад. Яке аз омӯзгороне, ки ҳастии хешро ба таълиму тарбия бахшидаанд, омӯзгори пуртаҷриба ва кордони мо Давлатшоев Доробшо мебошанд, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа корҳои шоистаро анҷом додаанд. Он кас ба мо аз таҷрибаву фаъолияти хеш ҳикоятҳои ҷолиб мекунанд, ки омӯзандаву ибратбахш мебошанд. Устод ифтихор мекунанд, ки омӯзгоранд ва дар тарбияи маънавии наврасону ҷавонон нақши муассир доранд. Мусаллам аст, омӯзгор бояд ҳамеша чеҳраи кушода ва дили бузург дошта бошад, то тавонад меҳру муҳаббати донишандӯзиро дар замири хонандагон ва донишҷӯён бедор намояд. Устод ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам дар таълифу иншои мақола ва китобу дастурҳои методӣ маҳорати баланд доранд. Кӯшиш мекунанд, ки дарсҳояш ҳамеша рангину ҷолиб гузаранд, то ки шавқу рағбати донишҷӯёнро ба омӯзиш бедор намоянд.

Зимни гузаштани дарс ва берун аз дарс ҳангоми танаффусҳо Давлатшоев Д. ба мо зикр менамуданд, ки ҷаҳони муосир бо суръати кайҳонӣ рушд кардаву дар тамоми соҳаҳо дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастаанд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои моддию техникӣ ва сатҳу сифати таълим баланд гардида, аз ҷумла, дар раванди машғулиятҳо ҷорӣ гардидани муносибати босалоҳият ба таълим аз он иқдомест, ки масъулияти омӯзгоронро баланд ва саъю кӯшиши мустақилона фикр карданро дар ниҳоди  донишҷӯён ба омӯзиш зиёд намуд. Ба андешаи муаллим, ин ҳама роҳу шеваи тадрис, агар худи омӯзгор фаъолу лаёқатманд ва дорои ҷаҳонбинию дониши баланд набошад, самараовар нахоҳад буд. Зеро дар меҳвари таълим ҳамеша донишҷӯён қарор доранд. Пеш аз оғози дарс ҳамеша чанд дақиқаро баҳри таҳлилу баррасии авзои ҷаҳон бахшидан лозим аст, зеро дар замони муосир техникаву технологияи муосир рушд кардаву фазои маҷозии интернет домангири насли ҷавон гардидааст. Масъулияти омӯзгор дар ин раванд хеле бузург мебошад, чунки насли наврас аз ин деги ҷӯшони ҷаҳонишавӣ берун шуда наметавонад, фақат мебояд маърифати техникии донишҷӯёнро баланд бардорем, то ки онҳо ҳадафмандона аз технологияи навин истифода намоянд ва ин омил ба донишу ҷахонбиниашон таъсир мусбат расонад.

Боиси  ифтихору хушҳолист, ки бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардида, ин иқдом  тавонист дар як муддати кӯтоҳ шавқу рағбати донишҷӯён, умуман, аҳли ҷомеаро ба ихтироъкорию навоварӣ бедор намояд. Дар ин масъала нақши омӯзгорони пуртаҷриба бузургу мондагор аст, зеро маҳз онҳо дар ин бобат таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба соҳаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷалб карда метавонанд. Аз ин рӯ, бояд худи омӯзгор пурхондаву сермутолиа бошад. Бо ин мақсад метавон аз роҳу усулҳои зиёд истифода намуд.

Устод Давлатшоев Доробшо бо нашрияҳои даврӣ ҳамкории зич доранд, аз ҷумла, дар ҳафтаномаю маҷаллаҳои соҳаи маориф навиштаҳояшон пайваста ба чоп мерасанд. Дар мақолаҳои устод масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия ва роҳу усулҳои нави дарсӣ пешниҳод мегарданд. Устод бар он боваранд, ки худомӯзӣ ва эҷодкорӣ яке аз омилҳои муваффақ гардидан ба дастоварду пешравиҳо мебошад. Мавсуф мегӯянд, ки аз матолиби нашрияҳои соҳавӣ баҳри муассир гузаштани дарсҳояш фаровон истифода менамоянд ва ҳамзамон, аз таҷрибаи омӯзгорони гузашта баҳравар мегарданд. Давлатшоев Д. муаллифи якчанд дастури методӣ ва луғатҳои техникии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ мебошанд, ки дар онҳо дар иртибот бо таҷрибаи педагогияш аз усулҳои фаъоли таълим дар дарсҳо нақл мекунанд.

Дарвоқеъ, устод Давлатшоев Д. омӯзгори ҷӯянда буда, мутахассисони ҷавонро пайваста дастгирӣ менамоянд. Он кас аз он ифтихор менамоянд, ки шогирдони зиёдеро ба камол расондаанд, ки қисме аз онҳо пешаи омӯзгориро интихоб намудаанд ва дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд.

Давлатшоев Доробшо барои хизматҳои шоистааш дар рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудаанд. Мо аҳли донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” ба ин омӯзгори варзида саломатии бардавом ва дар роҳи таълиму тарбияи насли ояндасоз барору комёбиҳо таманно дорем.

Худойназаров Бобоназар донишҷӯи

курси 3-юми гурӯҳи 430101 А2.


Ба рӯйхат