ПАЁМ РОҲНАМО ВА АСОСИ РУШДИ САНОАТ АСТ
Асоси пешрафти ҳар як мамлакатро соҳаи саноат ва содироти маҳсулоти саноатӣ ташкил медиҳад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар Паёмашон ба ҳар як соҳибкори бонангу номуси мамлакат, ки корхонаҳои саноатиро бунёд карда, дар пешрафти соҳаи саноат саҳми арзандаи худро гузоштаанд, изҳори миннатдории худро баён намуданд.
Қобили зикр аст, ки бинобар фароҳам омадани заминаи рушд барои соҳаҳои дигар, хусусан саноат, Пешвои миллат саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд. Ҳар сол садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Барои боз ҳам тараққӣ кардани соҳаи саноати ҷумҳурӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар, солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст.
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём чунин иброз намуданд: “Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд”.
Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ коркард кардани металлҳои қиматбаҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ба масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо аҳаммияти хосса дода, барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созад.
Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст. Робита ба ин Вазорату идораҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 барои барқарор намудани корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо супориш гирифтанд. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70 фоиз таъмин мегардад.
Рушду пешрафти ҳар давлат ба соҳаи саноат алоқамандии зич дорад. Ҳар қадар ки ба саноат таваҷҷуҳ бештар гардад, ҳамон андоза вазъи иҷтимоии мардум, иқтисодиёти давлат ва ҷомеа беҳтар хоҳад шуд. Рушд додани саноат дар кишвар яке аз масъалаҳои асосиест, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод мегардад, таъкид ёфт.
Он супоришу дастурҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми ироа гардид, дастури кори ҳар як омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аст.
Н.и.т., дотсент, мудири кафедраи “Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ”
факултети механикӣ ва технологии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Равшанов Д.Ч.