Зан- нерӯи тавоно! Зан-модар мавҷудоти шарифи олам ба ҳисоб меравад.

 21.01.2023

Зан- нерӯи тавоно!

Зан-модар мавҷудоти шарифи олам ба ҳисоб меравад.

Зани тоҷик сарвар, омӯзгор, муҳандису табиб, сиёсатмадору маърифатпарвар, сохтмончию иқтисодшинос, кишоварзу соҳибкор буда, дар пешбурди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавиёти ҷомеа ташаббускори асри ХХI мебошад.

Зан нерӯи тавоноест, ки метавонад ҷомеаро қувват бахшад. Тамоми ҳастии инсонҳо ба зан вобастааст. Зан бо қалбу идроки пурэҳсоси худ метавонад, саҳмгузори тамоми мушкилоти рӯзгор гардад.

Таваҷҷӯҳи сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба нақши занону бонувон дар ҷомеа хеле назаррас мебошад. Дар 31 соли соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон бисёр тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Дар Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, мавқеи занону духтарон ва ҷавонон боз ҳам баланд бардошта шудааст. Сарвари давлат таъкид менамояд, ки “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба нерӯву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”. Мо ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад  ва ба камол мерасонад.

Аз Паём маълум гардид, ки аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 43 фоиз тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25 аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ 40 фоиз мебошанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 60 созмонҳои ғайридавлатии занон бо номҳои гуногун чун “ Занони маълумоти олидор”, “Олимаҳои Тоҷикистон”, “Модар”, “ Мадад”, “Симо” ва ғайра амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо як марому мақсад доранд: занонро ба ҳаёти сиёсӣ, ийтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб намоянд. Инчунин онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи занону духтаронро ҳимоя намоянд. Ин созмонҳо, конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ гузаронида, хориҷиёнро бо фаъолияти ҳаматарафаи занони Тоҷикистон шинос мегардонанд.

Занони Тоҷикистони соҳибистиқлол барои инкишофи илму маърифат имрӯз низ саҳми хосаи худро мегузоранд. Дар макотиби олӣ ва мактабҳои ҳамагонии ҷумҳурӣ садҳо занони пурғайрат баробари мардон меҳнат мекунанд.

Истиқлолият ба зани тоҷик соҳибдавлвтӣ ва ватандорӣ эҳдо намуда, аз ӯ талаб намуд, то фаъолона ба маҷрои созандагии кишвараш ворид гашта, хушбахтии хеш ва фарзандонашро бо дасти худ бисозад. Эҳсоси ватандорию ифтихори миллии худро соҳиб бошад, нишон диҳад, ки дар масъулиятшиносӣ ӯ аз мард кам нест.Имрӯз занон дар сафи пеши мубориза барои сулҳ, барои хушбахтии инсоният қарор доранд.

Таърихи башар исбот мекунад, ки ҷомеа ба нақши созандаи зан ҳамеша ниёз дорад. Давраи истиқлолият ин рисолати занро тақвият бахшида, мақоми ӯро дар ҷомеа устувор намуд. Хусусан баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ба мақоми занон ба маротиб афзуд, ташаккули сиёсати давлатӣ нисбати масъалаи занон оғоз ёфт.

Мусаллам аст, ки комёбию пешравиҳои зиндагӣ дар қиёс муайян шуда, баҳои ҳақиқии худро дар он ҳолате пайдо мекунанд, ки нақшаҳо амалӣ гарданд. Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон дар яке аз баромадҳои худ Президенти давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз дошта буданд, ки “Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем”.

Ҳамин тариқ, зан боиси хушбахтии одамон, василаи пойдории ҳаёт ва чароғи хонадони мост. Зан офтобест, ки оламро бо ҷамоли худ зебо мегардонад, оташест, ки дилҳоро ба зиндагӣ гарм мекунад. Агар ба таърих назар намоем, хоҳем дид, ки зан ҳамчун модар, ҳамчун қаҳрамон, ҳамчун суханвар ва ҳамчун бунёдкор чӣ хизматҳои бузурге барои башарият кардааст.

Нақши занон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ бузург буда, моро огоҳ месозад, ки нисбат ба ин олиҳаи зебоӣ ва латофат бепарво набошем.

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,

Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.

Ассистенти кафедраи забонҳо

Оддиева Шаҳрбону Алиниёзовна


Ба рӯйхат