Зиҳӣ Ватанам Тоҷикистон абадан зиҳӣ!
Вақте инсон вожаи Ватанро ба забон меорад, пеш аз ҳама шири модар, меҳри модар,он маконе ба хотираш меояд, ки дар он ҷо таваллуд шудаасту ба воя расидааст. Барои ҳар шахс вожаҳои Ватан, Модар азизу муқаддас аст. Ҳифзи ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як фарди тоҷикистонӣ мебошад. Ватандор кист? Мо ватандориро чӣ гуна ва аз кӣ омӯхтем? Ватандор соҳибтамаддун ва соҳибихтиёриро мемонад. Мо ватандор ҳастем-соҳибватанони ҳомӣ, ватане ки аҷдодони мо барояш ҷони худро нисор кардаанд.Садоқатманду ғаюр, вафодору меҳанпараст ва содиқ будан ба ватани худро аз онҳо омӯхтем.
Аҷдодони мо ҳифзи ватанро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштаанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсоли ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо Искандари Мақдунӣ лашкари бонизому соҳибзафари худро дар асоси низому оини ҳарбии лашкари қавии аҷдодони дури мо Куруши Кабир ва Дорои I бунёд гузошааст. Сулолаи Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат омадан Артиши миллии хешро бо дастуру оинномаҳои қавии низомӣ созмон доданд. Лашкари давлати Сомониён дар пояи низому тартиботи қавӣ, одобу ахлоқи баланд ва оинҳои волои ҷавонмардӣ шоиставу сазовори шоҳи хирадманду адолатпешаи худ буд. Номи Исмоили Сомонӣ дар саҳифаи таърих чун шоҳи одилу хирадманд ва лашкаркаши тавонову соҳибтадбир бо ҳуруфи зарин ҷовидонӣ шудааст. Корнамоиҳои ҷангии ӯ дар ҳама давру замон бо далериву шуҷоат, ҷавонмардию ҷасорат, ҳақиқатпарастию хайрхоҳӣ, адолату раъиятпарварӣ ва ба ин монанд ахлоқу фазилатҳои ҳамида намунаи ибрати ҷаҳониён мебошад. Аз ин рӯ, Исмоили Сомонӣ барои Бухоро девори шарафу ифтихор, нангу ор, худшиносию эҳсоси баланди миллӣ, ҳомии ҳуввияту ҳама суннатҳо ва муқаддасоти миллати тоҷик буд. Номҳои бисёр гурдони ҷасуру диловар, ки марзу бум ва ҳама муқаддасоти сарзамини бостонии моро аз таҳоҷуму таҷовузи аҷнабиён дифоъу ҳифз кардаанд, ҳусни таърихи пурифтихори миллати кӯҳанбунёди мо мебошанд. Дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст. Ибораҳои “гурдони сафшикан”, “гурдони шерафкан”, “гурдони номовар”, “гурдони пилтан”, “гурди шерҷигар” ва амсоли ин шерозаву ҳусни баёни шоирони классики мо гаштааст, ки дар ҳамосаҳои хеш аз қаҳрамонию диловарӣ, садоқату сарсупурдагии гурдон ба халқу меҳан ва шоҳону саркардагони кишвару лашкари он қисса кардаанд. Аз ҷумла Фирдавсии бузургвор фармудааст:
Ҳаме зӯри гурдӣ ба ҷой оваред,
Ҷаҳонро зи мардӣ ба пой оваред.
Ба ин маънӣ гурдон сарбозону афсарони намунавию баргузидае мебошанд, ки ба ватани хеш, ба сарвари кишвар ва фармондеҳони олирутбаи низомӣ содиқонаву ҷавонмардона хидмат мекунанд. Баробари соҳибистиқлол гардидани давлати тоҷикон зарурати ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. Пас, ташкилёбии артиши миллӣ сохторҳои дигари низомии кишвар мураттаб гардиданд. Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ аз уҳдаи ин вазифаҳои душвор, вале боифтихор сарбаландона баромада то имрӯз ба Ватан софдилона хизмат карда истодаанд.
Рӯзи 23 – юми феврали соли ҷорӣ аз таъсисёбии Артиши милли Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 30 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад. Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо нӯги қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ умри худро то дами марг барои ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинависам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Зарраи хоки туам, ё ки пари коҳи туам,
Ба лаби марзи ту чун кӯҳи гаронам, Ватанам.
Мисли тифлони ту ҳар субҳ дилам бархезад,
То ки аз дарси вафо дер намонам, Ватанам.
Номи нек аст нишон сарвару солори туро,
Хиттаи сулҳу гулистони амонам, Ватанам.
То ки ҳастам ба ҷаҳон зинда ба паймони туам,
Нафасам, набзи дилам, рӯҳу равонам, Ватанам.
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи Ватан уҳдадорӣ ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд буданашро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи олиии ҳуқуқӣ эълон мекунад. Тибқи моддаи 43 – юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад”.Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯзем. Ҳеҷ як давлат бе лашкари тавонову разманда вуҷуд дошта наметавонад. Ин аст, ки давлатдорон барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи марзҳояшон ҷузъу томҳои мухталифи лашкар созмон медоданд. Сарчашмаҳои таърихӣ тасдиқ месозанд, ки давлатҳои Ҳахоманишҳо ва баъдтар Суғду Бохтар, Хоразму Ашкониён дорои чунин лашкари далеру ҷасур буданд.
Дар васфи Ватану ватандорӣ сухан гуфтан бароямон хеле гуворост, барои он ки дар кишвари ободу зебо, табиаташ биҳиштосо умр ба сар мебарем. Шукрона аз он мекунем, ки дар давлати соҳибистиқлол кору зиндагӣ дорему барои халқу Ватан хизмат менамоем.Ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, кӯшиш ба харҷ диҳем,ки Рустам ва Гурдофриди замона, далер, нотарсу ғаюр ва ба мисли дигар фидоиёну сарсупурдагони ватани азиз ба воя расонем, дар дили наврасону ҷавонон ҳисси миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро бедор намуда, дар симои онҳо сарбози шуҷои ватанро бинем.
Мутахассиси Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ
Амонатова Фируза Қудратуллоевна