ҶОННИСОРӢ БАРОИ ОЯНДАИ БОСАОДАТ

 12.05.2023

Хотираи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ИСМОИЛОВ ИСОҚ

 

Нақли мазкур соли 2008-ум аз суханронии пири хирад – иштирокчии ҶБВ падари қаҳрамон Исмоилов Исоқ нисбат ба даъват шудан ба армияи советӣ ба фронти 2-юми Украина ва иштироки бевосита ба муқобили Германияи фашистӣ ва муҳорибаи Шарқи Дур ба муқобили истилогарони Японияи милитаристӣ китобат шудааст. Агар ҳангоми китобат шудани саргузашт дар таърих, макон ва номи иштирокчиён ягон саҳве рафта бошад, аз хонандагони гиромиқадр хоҳиш менамоем, то қиссаи мӯйсафеди 82-соларо, ки ҳолати саломатиаш начандон хуб буд, ба инобат гирифта, барои ислоҳ ва кумак ба суроғаи муаллиф маълумот пешниҳод намоянд.

 

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.

Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 290 ҳазор нафар бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷанги зидди фашизм иштирок намуда, аз худ ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир кардаанд. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст.

Ҳоло мо 78-умин солгарди ғалаба бар фашизмро ҷашн мегирем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

Рӯзи 9-уми май, Иди Ғалаба, ғалабаи халқи шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои Исмоилов Исоқ рӯзи фаромӯшнашуданист, зеро дар ин ҷанг ин марди шуҷоъ аз соли 1943 то 1945 бар муқобили истилогарони немис ва баъдан аз соли 1945 то соли 1950 дар Шарқи Дур бар зидди истилогарони Японияи милитаристӣ ширкат намудааст.

2-юми июни соли 1941, дақиқан 82 сол пеш, фашистон қариб тамоми Аврупоро забт карда, ба СССР ҳамла карданд. Барои мардуми шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфта, ки он аз хунинтарин даҳшат дар таърихи иттиҳоди давлатҳои шӯравӣ буд. Дар ин ҷанг даҳҳо миллион нафар ҳалок шуда, ба иқтидори иқтисодӣ ва мероси фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ зарари калон расид.

Аз гуфтаҳои шодравон Исмоилов Исоқ бармеояд, ки дар синни 17-солагиаш моҳи сентябри соли 1943 лейтенантон Бутов ва Скутов дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Дашти Ҷум барои даъват намудани як гурӯҳ ҷавонон ба ҶБВ сафарбар шуда буданд. Лейтенантон Бутов ва Скутов 12 нафар даъватшудагонро аз ноҳияи Дашти Ҷум то шаҳри Кӯлоб, аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Совет (Темурмалики кунунӣ) ва аз ноҳияи Темурмалик ба Тутқавул пиёда ҳамроҳӣ менамуданд. Бобои Исоқ нақл менамуд, ки ҳангоми роҳсипор шудан аз рӯйи хатсайри таъйиншуда моҳи ноябр новобаста аз сардии ҳаво дарёи Сурхобро шино карда гузаштанд. Ҳисси миллию ватандӯстии даъватшудагон бар муқобили истилогарон чунон баланд буд, ки ҳар як аскари қаторӣ мехост ҳар чӣ зудтар ба фронт ҳозир шавад. Ин буд, ки дар Тутқавул дарҳол Исмоилов И. бо як нафар рафиқаш ба мошини боркаши ГАЗ-52 давида савор шуда, ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат), маконе, ки бояд тамоми даъватшудагон ҳозир мешуданд, пеш аз гурӯҳ омада расиданд. Роҳбаладон баъди ҳисобӣ намудани шумораи аскарон дар деҳаи Тутқавул маълум намуданд, ки ду нафар аз шумораи умумӣ ғайб задааст. Баъд аз маълум намудани шахсиятҳо дарҳол ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Дашти Ҷум хабари фирор намудани даъватшудагон расонида шуд ва барои дастгир кардани онҳо амр дода шуд. Ҳама дар ҷустуҷӯйи ин ду нафар буданд, лекин баъд аз як шабонарӯз вақте аскарон бо ҳамроҳии дигар даъватшудагон ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Орҷоникидзеобод ҳозир шуда мебинанд, ки даъватшудагони гӯё фирорӣ дар макони таъйиншуда расидаанд. Ба онҳо тенбеҳ не, балки барои саривақт ҳозир шуданашон ба ин макон офарин низ гуфтанд. Дар он даврони сангин вазъи иқтисодии давлат хеле вазнин буд ва қабули аскарон бинобар сабаби норасогии хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти ҳаётан муҳим дар ноҳияи Орҷоникидзеобод дар сатҳи начандон хуб қарор дошт. Дар ин макон баъди чанд рӯзи муҳлати таёрии ҳарбӣ даъватшудагон қасами ҳарбиро қабул намуда, ба шаҳри Самарқанд сафарбар мешуданд. Аз ноҳияи Орҷоникидзеобод то шаҳри Душанбе бо автомобил ва аз маркази Тоҷикистон тавассути нақлиёти роҳи оҳан даъватшудагон ба шаҳри Самарқанд бурда шуданд ва дар як аспхона ба муддати як моҳ нигоҳ дошта шуданд. Аспхона ба як казармаи калони ҳарбӣ табдил дода шуда буд ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин марказ низ бениҳоят вазнин буд. Наваскари тоҷик – Исмоилов И. ба масъулин фаҳмонид, ки ӯ мерган аст ва аз қисми зиёди аслиҳаҳои ҳарбӣ хуб тир андохта метавонад. Бинобар ин, аз масъулини ин гарнизон хоҳиш намуд, ки ҳарчӣ зудтар онҳоро ба сафи пеши қувваҳои мусаллаҳ бар зидди истилогарони немис фиристанд.

Баъд аз ин дархост Исмоилов Исоқро ба наздикии шаҳри Курск бурданд ва дар як ҷангали калон 7-рӯз обу тоб дода, тирпарониро аз пулемёт ва тӯпи зенитӣ омӯзониданд. Баъди супоридани маҳорати касбӣ ӯро ба сафи қувваҳои зудамали хушкигарди Фронти 2-юми Украина, армияи 39-ум ҳамроҳ намуданд. Аз нақли шодравон маълум мегардад, ки сарфармондеҳи армия маршал Мерцков, сардори штаб генерал Пашков, командири баталион капитан Муравецкий ва командири взвод лейтинант Фролов буданд. Исмоилов Исоқ қисса менамуд, ки аввалин бор дар шаҳри Курск бо немисҳо рӯ ба рӯ шуда, дастаи онҳо дар муддати кӯтоҳ ду взводи фашистонро несту нобуд намуданд.

Бобои Исоқ нақл менамуд, ки муҳорибаи шаҳри Курск ва мағлуб шудани дивизияи фелд-маршал Манштейн бартарии мавқеи армияи Сурхро нишон дод. Баъд аз озод намудани Сталинград аз зери фишори Манштейн ба армияи сурх муяссар шуд, ки сектори ҷанубии Фронти Шарқиро муътадил созанд.

Паём дар бораи таслим шудани Вязма, ки рӯзи 12-уми март дар матбуоти Олмон нашр шуд, эҳсосоти зиёдеро ба бор овард. Қӯшунҳои Германия баҳори соли 1943 ба ҳамон хатти баҳори соли 1942 ақибнишинӣ намуданд, Вермахт 50 дивизияашро аз даст дод. Дар маъракаи тобистонаи соли 1943 камшавии армияи Германия дида мешуд. Армияи Советӣ аз ҷиҳати шумора аз Вермахт ва қӯшунҳои иттифоқчиёни Германия бештар аз якуним баробар зиёд гашт. Дар сектори ҷанубии фронти Шарқӣ армия 700 километрро ишғол карда, бар муқобили қувваҳои душман, ки аз армияи Шӯравӣ ҳафт маротиба зиёд буданд, истодагарӣ менамуд.

Бобои Исоқ оид ба корнамоиҳои Армияи Советӣ, ки моҳи январи соли 1943 дар наздикии шаҳри Сталинград ҳангоми муҳосираи армияи 6-уми немисҳо афсарони немис – генерал Шмидт, генерал Росске, адъютанти 6-уми армияи немисҳо Вильгельм Адам ва сарфармондеҳи он генерал-фелдмаршал Фридрих Паулюс, ки бо садҳо ҳазор немис (аз истодагарии армияи сурх, бе хӯрок монданашон ва аз хунукии аз ҳад зиёд) таслим шуда буданд, қисса менамуд. Оид ба таслим шудани сарфармондеҳи 6-уми армияи немис генерал-фелдмаршал Фридрих Паулюс ва лейтенанти рус Фёдр Илченко чунин қисса намуд: “Фридрих Паулюс ба Фёдр Илченко оид ба таслимшавии армия ва худи ӯ ба яке аз сарфармондеҳони калонрутбаи армияи шӯравӣ дархост намуд. Лейтенанти калон ба Фридрих Паулюс фаҳмонд, ки тамоми сарфармондеҳони калонрутба банд мебошанд ва Шумо метавонед ба ман таслим шавед. Таслимшавии сарфармондеҳ ба лейтенантро Фридрих Паулюс рад намуда гуфт, ки сарфармондеҳ танҳо ба сарфармондеҳи дигар таслим мешавад. Баъди 6 соат генерал-майор Иван Ласкин омада расид ва армияи 6-уми Германияи фашистӣ баъди навиштани нома ба Гитлер оид ба таслим шуданашон эъломия баён намуд.

Шодравон бобои Исоқ нақл менамуд, ки ҳафтаҳо дар фасли зимистон дар хандақҳо бар зидди фашистон камин гирифта меҷангиданд. Борону барф меборид ва дар хандақҳо бо либосу мӯзаҳои тар, пойпечҳои худро зери либосҳо хушк намуда, бар муқобили истилогарони немис истодагарӣ мекарданд, душманро ба ақибнишинӣ маҷбур менамуданд.

26-уми марти соли 1946 дар лаби яке аз дарёҳои Руминия генерал Малиновский фармони ҳамроҳшавии фронти 1-уми Украинаро ба 2-юм ба имзо расонид ва ин боиси озод намудани Руминия аз асорати немисҳо гардид. Бобои Исоқ қисса мекунад, ки баъди пурзӯр шудани фронти 2-юми Украина Армияи Сурх Венгрияро дар як муддати кӯтоҳ аз асорати немисҳо озод намуд. Ин давлат асосан Германияро бо нафту газ таъмин менамуд. Баъд аз ин Сталин ба Малиновский фармон медиҳад, ки ҳар чӣ зудтар Полшаро озод намоянд. Армияи Сурх монда шуда буд, новобаста аз ин фармони Сталинро иҷро намуд, дар ин макон муҳорибаи калон сурат гирифт. Талафоти зиёди ҷонӣ аз ҳар ду тараф дида мешуд, пойтахти ин давлат ба хок яксон карда шуда буд ва ғалабаи комил дар ҳудуди ин давлат ба Армияи Советӣ муяссар гардид. 14-уми апрели соли 1945 дар якҷоягӣ бо фронти 3-юми Украина Вена ва Австрия низ аз асорати немисҳо озод гардид, ки дар рафти ин корнамоиҳо Бобои Исоқ низ бевосита мардонагӣ нишон дод.

3-юми майи соли 1945 дар Чехословакия дар шаҳри Прага ҷанги вазнин бар муқобили истилогарони немис, ки дар доманаи як кӯҳи калон паноҳ гирифта буданд, идома меёфт. Қаҳрамони қисса нақл менамояд, ки дар ин муҳориба дивизияи онҳо тавассути гаубитсаҳо ва нақлиёти ҳавоии ҳарбӣ ҳарчанд ин камингоҳро бомбаборон менамуданд, вале ин кӯшиш бенатиҷа боқӣ мемонд. Камингоҳи душманон, яъне базаи ҳарбии немисон дар доманаи кӯҳ мустаҳкам сохта шуда буд ва бар муқобили ҳар гуна зарба муқобилияти устувор нишон медод. Бо фармони Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин 20 адад прожектор, ки ҳар кадоме бо як мошини дизелӣ таъмин шуда буданд, бар ин корзори ҷанг расонида шуд. Ҳама афсарон дар ҳайрат буданд, ки ин техникаҳо барои кадом ҳадаф дастрас шудаанд. Бо фармони командири армияи 39-ум тамоми прожекторҳо 9-уми май соати 3-и саҳар ба кор дароварда шуда, ба тарафи камингоҳи душман нурфишонӣ намуданд. Баъд аз анҷоми ин амалиёт нурҳои тези прожектор чашмони душманонро қариб нобино намуданд ва ба аримияи шӯравӣ барои ҳуҷум ва таслим намудани ин камингоҳ фармон дода шуд. Амалиёт бомуваффақият анҷом дода шуд ва яке аз армияҳои калони немисҳо, аниқтараш 860 ҳазор нафар немис бо базаи калони ҳарбӣ мусодира карда шуд. Дар ин амалиёт садҳо аскарон ҷони худро бохтанд. Хушбахтона дар қатори чандин ҳазор нафар аскарони зиндамонда Бобои Исоқ низ ҷон ба саломат буда, фашистонро то ба лонаашон думболагирӣ намуда, саркӯб карданд.

Бобои Исоқ нақл менамояд, ки Германияи фашисти 5-уми майи соли 1945 ба Шӯравиҳо таслим (капитулятсия) шуда буд, вале баъди анҷоми ин амалиёти ҳарбии вазнин, ки базаи моддию техникии Германия нобуд гардид, 9-май соати 5-и саҳар Иди Ғалаба эълон гардид. Дар охири соли 1945 қувваҳои ҳарбии Рейхи 3-юм аз ғарб аз ҷониби амрикоиҳо ва аз тарафи шарқ аз ҷониби шӯравиҳо фишор оварда, ба хок яксон карда шуд.

25-уми апрели соли 1945 дар яке аз ҷангалҳои калони сарҳади Чехославакия ва Германия, ки онҳоро аз ҳам дарёи Элба ҷудо менамуд, расиданд. Дар лаби ин дарё онҳо аввалин бор бо иттифоқчиён, яъне амрикоиҳо рӯ ба рӯ шуданд.

 

Дар ин вохӯрӣ патрули амрикоиҳо иборат аз 7 нафар ва патрули шӯравӣ иборат аз 5 нафар, ки яке аз онҳо Бобои Исоқ буд, иштирок намуданд. Патрули амрикоиҳо бо ибораи сулҳ – “Мо амрикоҳо иттифоқчиёни шумоем” муроҷиат намуд. Аз гуфтаи шодравон Бобои Исоқ бармеояд, ки ин вохӯрӣ бо хӯрокҳои консервонидашудаи аскарӣ ҷашн гирифта шуд.

Аз лаби ҳамин дарё Германия ба ду қисм – Германияи ғарбӣ ва шарқӣ тақсим гардид. Минбаъд яке аз қисматҳоро Амрико ва сиёсати ғарбӣ ва дигареро Иттиҳоди Шӯравӣ ва сиёсати шӯравӣ фаро гирифт.

Хатсайри ҳаракати таъйиноти ҷангии Бобои Исоқ аз рӯйи нақлҳои зикргардида чунин аст (расми 2).

 

 

Шодравон нақл менамуд, ки баъзе аз аскарон ғайриқонунӣ бо худ зару зевари аҳолии талафёфтаи Германияро бо худ нигоҳ медоштанд. Қисме аз онҳо ба ӯ низ ишора карда ҳарф мезаданд, ки чаро ту бо худ ягон зару зевар намегирӣ! Бобои Исоқ мегуфт, ки “Зарурат надорад, агар насиб мекард, ба худашон насиб мекард. Ба шумо низ маслиҳат медиҳам, ки бо худ ягон чиз нагиред, зеро аз пеш ду хатар аст: аввал он ки шумоён бо содир намудани ин ҷиноят аз тарафи НКВД маҳкум мешавед; дуюм он ки ҷанг ҳоло идома дорад ва армияи моро ба Шарқи Дур, ҷанг бар зидди истилогарония Япония мебаранд”.

Ҳамин тавр, 12-уми майи соли 1945 армияи 39-умро аз Берлин ба Москва оварданд. Онҳо дар Майдони Сурхи назди Кремл сафи низомӣ кашиданд. Ҳамяроқон хурсанд буданд, ки бо чизу чора ба Тоҷикистон бармегарданд, вале барои ба хона баргаштан боз зарурати бартараф намудани хатари дуюм ҷой дошт. Хулоса, баъд аз гузаштани паради ҳарбӣ дар назди Кремл армияи 39-умро ба қатораи роҳи оҳан савор намуда, ба Шарқи Дур, ба шаҳри Чита ва аз он ҷо ба Улан-Уде барои несту нобуд намудани истилогарони Японияи милитаристӣ фиристоданд.

Армияи Япония армияи Шӯравиро дар назди бандари Порт-Артур интизор буд. Қӯшунҳои Япония фикр менамуданд, ки армияи 39-ум тавассути уқёнуси Ором ба бандари Порт-Артур меояд. Армияи япониҳо дар ин бандар бо тайёрии хуб мехостанд, армияи 39-умро пешвоз гирифта, нобуд намояд. Аммо армияи ботаҷрибаи Шӯравӣ оид ба ин нақшаи нопоки Япония маълумот дошт ва барои пешгирии ин ҳолат чорабинии нав андешид. Баъди гирифтан супориш армияи 39-ум пиёда дар давоми 2 шабонарӯз кӯҳҳои Бурат-Монголро гузашта ба Улан-Батор расид. Баъд аз озод намудани ин шаҳр аз истилогарони Япония армияи 39-ум ҳамагӣ ҳаммом намудаву тоза шуда, пас аз истироҳати кӯтоҳ тавассути кӯҳҳои Хинган ба шаҳри Харбини Ҷумҳурии Хитой зада даромад. Ин амалиёт моҳи июни соли 1945 дар моҳи гармо сурат мегирифт. Артиллерия ва тамоми лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла пулемёт, яроқи зенитӣ, автомат, граната ва маводи хӯрокаро армияи 39-ум пуштора карда, кӯҳҳоро дар фасли гармо убур менамуд. Дар ин раванд қисме аз аскарон ба мушкилиҳои гармо ва вазниниҳо, бахусус норасогии обу хӯрок, аз ҳад зиёд будани ҳарорати ҳаво ҷони худро аз даст доданд. Армияи Шӯравӣ кӯҳҳо ва биёбонҳои Муғулистон ва Хитойро убур намуда, аз пушти армияи Япония зарба зад, ки боиси шикасти онҳо гардид. Ҳамин тариқ, 3-юми август Армияи Шӯравӣ дар шаҳри Мугдани Хитой бо армияи Япония дар муқобили ҳамдигар қарор гириф ва армияи душманро ҳамагӣ дар давоми як моҳ шикаст дод. Дар ин ҷанг дар ҳар як шабонарӯз як шаҳр ба пуррагӣ аз зери истилои Япония озод карда мешуд. Шодравон Бобои Исоқ нақл мекард, ки 7 дивизияи армияи 39-ум дар шаҳри Чинҷов ва боқимондаи он дар шаҳри Мугден дар казармаҳои япониҳо ҷойгир карда шуд. Соли 1905 адмирал Ушаков бо 12 ҳазор аскар дар шаҳри Порт-Артур аз тарафи Япония шикаст хӯрдааст. Қисми ҳарбии Бобои Исоқро дар назди пайкараи адмирал Ушаков ҷойгир намуданд. Ҳамин тавр, дар давоми 5 сол, яъне аз соли 1945 то соли 1950 аз Мугдан то Харбин ва аз Харбин то Корея муҳориба намуда, ин минтақаҳоро аз истилогарони Япония озод намуданд. Фармони тарк намудани Армияи Шӯравӣ ин минтақаро созмонҳои байналмилалӣ соли 1949 ба имзо расонид. Бо вуҷуди ин ба таври махфӣ қисми ҳарбии Исмоилов И. аз армияи 39-ум барои тоза намудани ин минтақаҳо аз асорати ҷосусон то соли 1950 дар Дайрин боқӣ монд. Соли 1950 ҳамчун “Груз 200” як қисми ҳарбӣ тавассути вагонҳои боркаш аз Дайрин ба шаҳри Хабаровск оварда шуд. Қисми боқимондаи қӯшунҳоро дар 4 навбат тавассути 3 киштии Гогол ба Шарқи Дур интиқол намуданд.

Ҳамчунин Исмоилов И. нақл менамуд, ки дар давоми дар Шарқи Дур буданашон, аниқтараш солҳои 1950-ум як ҷавонмардро, ки рутбааш майор буд, дар дивизияашон командир таъйин намуданд. Ин ҷавонмард дар ҶБВ иштирок накарда буд ва намедонист, ки иштирокчиён бо чӣ қадар заҳмат Германияи фашистӣ ва истилогарони Японияро шикаст дода буданд ва якдигарро эҳтиром менамуданд. Командири нав таъйиншуда аз ҳасад бошад ё ҳисси бадбинӣ ба дигар халқҳо ба яке аз иштирокчиён дарафтод. Ин буд, ки як аскари тоҷик аз ҷониби ин командир доимо мавриди зулм бо иҷро кардани машқҳои ҷисмонӣ қарор мегирифт. Боре Бобои Исоқ ба ӯ гуфт: “Рафиқ командир, ба ҳар ҳол ин аскар иштирокчии ҶБВ аст, агар машқҳои ҷисмониро низ иҷро накунад, натавонад ҳам, вай дар озод намудани чандин давлатҳо аз истилогарони немису япон ширкат варзидааст. Эҳтироми ин аскар болотар аз машқҳои ҷисмонии Шумо мебошад”. Командир бо тааҷҷуб ба Бобои Исоқ гуфт: “Шояд Шумо ба ҷойи рафиқатон ин меъёрҳои ҷисмониро месупоред?” Ба гуфти Бобои Исоқ, ки “агар қонунгузорӣ иҷозат диҳад, бале ман месупорам” гуфтан, 3 моҳ бо иҷро намудани машқҳои ҷисмонӣ, аз ҷумла давидан, паридан, турник кашидан ва дигар машқҳо ҳамхизматашро ӯ аз ин мушкилӣ раҳо намуд. Фармондеҳ мушоҳида намуд, ки бо ин роҳ иродаи ӯро шикаст додан мушкил аст, зеро Бобои Исоқ аз овони кӯдакӣ то давраи ҷангӣ хуб обу тоб ёфта буд ва ба тамоми фишорҳои ҷисмонӣ метавонист истодагарӣ намояд. Барои шикаст додани ӯ нақшаи навро бо қабул намудани пост дар наздикии казарма, ки вақтҳои пеш дуртар навбатдорӣ менамуд, тарҳрезӣ кард.

Дар яке аз шабҳои зимистон, ки ҳарорати ҳаво –45 градус буд, ба ӯ фармуд, ки имшаб дар пости назди казарма (150 метр дуртар) навбатдорӣ намояд. Бобои Исоқ “Итоат” гуфта, постро қабул намуд ва тахмин кард, ки майор нимашаб омада, шояд дар хоб аслиҳаи ӯро гирифта, бо ҳамин роҳ мутаҳамаш намояд. Шаб, соат 12-31 дақиқа ӯ дар пост аст. Мебинад, ки дари казарма кушода шуд ва як кас бо либоси таҳпӯши сафед оҳиста-оҳиста ба тарафаш меояд. Бобои Исоқ худро ба монанди одами хоб нишон дода, ба ӯ имкон дод, то 20 метр наздик шавад. Баъд аз ин аслиҳаро дар ҳолати корӣ қарор дода, огоҳии “ист мепаронам”-ро дод. “Напаронед, ман худӣ, командиратон” гуфта ҷавоб дод. Исмоилов Исоқ бошад, муроҷиати ӯро ғайриқонунӣ ҳисобида, ба ӯ амр дод, ки дар рӯйи барф дастҳо ба қафо хобад, вагарна мепаронад. Ҳамин тавр, командир дар ҳарорати –45 градус хунукӣ дар рӯйи барф 45 дақиқа то лаҳзаи аз ҷунбиш монданаш нигоҳ дошта шуд. Баъд аз ин тугмаи изтиробии постро ҷиҳати даъвати дивизия барои безарар кардани нафаре, ки дар ними шаб ба пости аскар омадааст, пахш намуд.

Баъди ин ҳодиса Бобои Исоқ фикр кард, ки ба ӯ ҳукми қатл медиҳанд, лекин ҳама баръакс сурат гирифт. Ба ӯ ифтихорнома ва медал таъйин намуда, командирро бо айби ҷосуси япония ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифтанд.

Дар ин ҷанг Исмоилов Исоқро бо ордени “Ситораи Сурх”, ордени “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва бо медалҳои озод намудани Чехославакия, Полша, Руминия, Венгрия, Хитой, Монголия ва дигар ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки марҳум Бобои Исоқ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон, ки бевосита аз иштирокчиён, маъюбон, нафақахӯрон ва қишри ниёзманди аҳоли пуштибонӣ менамояд, изҳори миннатдорӣ намуда, доимо дар ҳақашон дуои нек мекард.

Мо аз далерӣ ва устувории қаҳрамонони Армияи Сурх ва коргарони фронти меҳнатӣ фахр мекунем, ки на танҳо истиқлолият ва шаъну шарафи Ватанро ҳифз карданд, балки Аврупо ва ҷаҳонро аз ғуломӣ наҷот доданд. Ва ҳар касе, ки ҳоло саҳифаҳои гузаштаро навиштан мехоҳад, ҳақиқат ин аст, ки сарбози шӯравӣ ба сарзамини Олмон на барои интиқом аз немисҳо, балки бо рисолати олиҷаноби бузурги озодибахш даромад. Хотираи қаҳрамононе, ки бар зидди фашизм мубориза бурдаанд, барои мо муқаддас аст. Мо аз иттифоқчиёни эътилофи зиддигитлерӣ, ки Ғалабаи умумиро наздиктар карданд, бо миннатдорӣ ёдовар мешавем.

 

Исмоилов Маҳмуд Исоқович – н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи “И ва И дар И”

Юнусов Фаридун Маъруфович - н.и.и., муалими калони кафедраи “ТИИН”


Ба рӯйхат