ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ МАНБАИ ЭНЕРГИЯИ САБЗ

 26.02.2024

(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Зербунёди пешравии иқтисоду саноати мо, ки сарвати беназири аз ҷониби табиат ба мо эҳдонамудаи нерўи сабз – фаровонии захираҳои об бо пиряхҳо, кўлҳо ва дарёҳои саршори ватан иборат аст, ки на фақат дар хизмати Тоҷикистон, балки дар хизмати ҳавзаи Осиёи Марказӣ, минҷумла хизмати ҳамсояҳои наздиктаринамон шуда метавонад.

Истифода ва инкишофи босуръати энергетикаи сабз дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷойгиршавии нобаробари захираҳои энергетикӣ дар мавзеъҳо ва мамлакатҳои дунё, ҷабҳаҳои экологӣ, яъне аз таъсирҳои неругоҳҳои ҳароратӣ ва атомӣ ба биосфера алоқаманд мебошад.

Инкишофи энергетикаи сабз дар системаи таъминоти энергия дар ҷаҳони имрўза самти хеле ҳам муҳим маҳсуб меёбад.

Воқеан ҷойгиршавии захираҳои энергетикӣ дар мавзеъҳо ва мамлакатҳои дунё хело ҳам гуногун буда, нобаробарии инкишофи индустриалии мамлакатҳо ба он овардааст, ки 30 % - и аҳолии ҷаҳон 90 % энергияи ба дастомада ва 70 % - и дигари он бошад фақат 10 % боқимондаро истеъмол мекунанд.

Тахминан 75 % иқтидори неругоҳҳо ва истеҳсоли энергияи электрикӣ ба 10 мамлакати тараққикардатарини ҷаҳон рост меояд. Тамоюли нобаробарии истифодаи захираҳои энергетикӣ давом дорад. Агар зиёда аз нисфи аҳолии дунё, ки дар мамлакатҳои мутараққӣ умр ба сар мебаранд ба ҳар сари кас на зиёд аз 100 кВт*с истеъмол кунанд, истеъмоли миёнаи ҷаҳон бошад, ба ҳар сари аҳолӣ

наздик ба 1500 кВт*с мебошад. Чунон аст нобаробарии иҷтимоии истифодаи захираҳои энергетикӣ.

​Агар дар солҳои 60-и асри гузашта асоси энергетикаи аксари мамлакатҳоро нефт ташкил мекард, вале баъди буҳрони нефтии соли 1973-и Шарқи наздик баногоҳ аён шуд, ки такя бар нефти воридотї ба бехатарии энергетикии бисёре аз мамлакатҳо таҳдид мекунад. Ба аксари мамлакатҳои дорои иқтисоди тараққикарда таъҷилан зарур шуд, ки стратегияи нави энергетикиро коркард намоянд, ки ба гуногунии манбаҳои энергия, ҳаматарафа сарфа намудани энергия ва дар қатори чораҳои дигар омўзиши комили имконияти истифодаи энергетикаи ғайрианъанавӣ нигаронида шуда бошанд.

​Дар мамлакатҳои бисёре инкишофи ҳаматарафаи самтҳои ғайрианъанавӣ ба яке аз ҳолатҳои стратегияи нави энергетикӣ ва мавзўи сиёсати техникии давлатӣ мубаддал шудааст. Барномаҳои давлатии дорои маблағгузории зиёд дар ин соҳа ба вуҷуд омаданд. Дар як қатор мамлакатҳо санадҳои меъёрию қонунгузорӣ доир ба соҳаи истифодаи энергетикаи ғайрианъанавӣ қабул карда шуданд, ки асоси ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ин самти инкишофи техникиро бунёд намуданд. Пояи ҳуқуқӣ дар барқарор намудани ҳуқуқи истеҳсолкунандагони энергияи электрикӣ дар манбаъҳои ғайрианъанавӣ барои пайваст шудан ба шабакаҳои ширкатҳои таъминкунандаи энергия мебошад, ки бояд ин энергияро ҳатман қабул намоянд. Асоси иқтисодӣ ба чораҳои ҳавасмандкунии истифодаи энергетикаи ғайрианъанавӣ, ки дар марҳилаи пешрафт, ташаккул ва мувофиқ шудан дар бозори энергетикӣ мебошад нигаронида шудааст. Дар мамлакатҳои гуногун усулҳои ҳархела ва ё омехтаи дастгирии иқтисодт, ба монанди сиёсати андоз, имтиёзҳои қарзӣ, таруфаҳои мусоид, дотатсияҳо ва ғ. истифода бурда мешаванд. Асоси ташкилии ҳалли ин проблема дар муайян намудани ташкилоти давлатиест, ки барои ин самт масъул бошад.

Дар ин масир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи васеъ истифодабарии энергияи офтоб ва бод барномаҳои дарозмуддате таҳия шудааст.

​Заминаи меъёрию ҳуқуқие, ки дар бисёре аз мамлакатҳо доир ба истифодаи энергетикаи сабз таҳия ва қабул шудааст воситаи тавонои сиёсати техникии давлат дар ин соҳа мебошад.

Имрӯзҳо тағйирёбии иқлим, таъсири неругоҳҳои барқ ва корхонаҳои саноатӣ ба биосфера боиси бонги изтироби ҷиддӣ дар ҷаҳон гаштааст. Сўхтани миқдори беандоза калони сўзишвории органикӣ ва ба атмосфера партофтани газҳо, нест намудани ҷангалзорҳо, зери об кардани замину боғҳо ҳангоми сохтани неругоҳҳои барқи обї, олудашавии ҳароратии ҳавову рўдҳо аз ҷониби неругоҳҳои барқи ҳароратӣ мувозинати умумии ҳарорати сайёраро тағйир медиҳад, ки таъсирҳои манфии зеринро: олуда шудани ҳаво, об ва замин бо зарраҳои маҳсулоти нопурра истифодашуда – хокистар, гудохтаҳо, дажғол ва ғ.ҳ.; олудашавии химиявии муҳит; олудашавии ҳароратӣ; олудашавии ионизатсионӣ; олудашавии электромагнитӣ; олудашваии радиоактивӣ; ифлосшавии садоӣ; сарф шудани оксигени ҳаво; сарфи замину мавзеи қобили истифода ва сарфи обро дорад. Ин мушкилот ба проблемаҳои глобалӣ ва ҳудудии таъсири манфии энергетика ба муҳити зист (биосфера) дар давоми якчанд даҳсолаҳо ё ин ки садсолаҳо алоқаманд аст оварда мерасонад.

Барои ҳалли ин масъала аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо дар сатҳҳои байналмиллалӣ пешниҳодҳо манзур гардида, бахусус ҳама сола дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи энергияи сабз ва аз лиҳози экологӣ тоза ҳамчун яке аз нуқтаҳо ва ҳадафҳои муҳим баён мегардад.  

Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз дар қатори даҳгонаи давлатҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст, ин ифодакунандаи он аст, ки ба иқлими минтақа таъсири ками экологӣ расонад.

Дар Ҷумҳурии мо, ки асоси энергетикаи он гидроэнергетика буда, ватанамон мамлакати кўҳсор мебошад, омилҳои манфии дар боло зикршудаи тамоман ҷой надошта, сарфи замин ба ҳадди ниҳоят– камтарин ҷой дорад. Сохтани обанборҳо мақсади комплексии истифода барои тавлиди энергия, таъмини заминҳои обёришаванда ва муҳофизат аз обхезӣ ва хушксолиро амалӣ менамояд ва ин ҳал инкишофи на фақат бахши саноати иқтисодиёт, балки зиёдшавии тавлидоти зироатро таъмин карда, амнияти хӯроквории кишварҳои Осиёи Марказиро таҳким бахшида, дар навбати худ кишварҳои минтақаро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафи Рушди ҳазорсола таккони зиёд мебахшад.

Дар баробари ин энергияи истењсолшудаи нерўгоҳи барқи обӣ арзонтарин буда ба рушди саноат ва иқтисоди сабз дар минтақа таъсири мусбӣ хоҳад расонид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳжати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон дар пайи рушд ва пешрафти самти манбаҳои барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия буда, ҷиҳати истифодаи васеъ, дастгирии шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шарикони рушд бо фароҳам овардани шароити мусоид, як қатор чораҳои зарурӣ андешида истодааст ва дар назар дошта шудааст, ки солҳои наздик Тоҷикистон бо истифодаи васеъи манбаҳои барқароршавандаи энергия 100 фоиз ба кишвари истеҳсолкунандаи энергияи сабз табдил хоҳад гашт.  

Қасобов Л.С. номзади илмҳои техникӣ, дотсенти донишгоҳи

техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ


Ба рӯйхат