СИТОШИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН

 05.03.2024

СИТОШИ ЗАН-МОДАР ДАР АШЪОРИ БУЗУРГОН

Модар бахудо ягонаӣ баъди Худо,

Ду дасти мубораки ту бар сӯйи само.

Пайваста дуои ҷони мо металабӣ,

Дар саҷдагаҳи Худо ба лаб зикри Худо

    Дар дунё гармтар аз меҳри модар, ҷонбахштар аз шири модар, ширинтар аз ҳарфи модар ва пурҷозибатар аз меҳри модар чизи дигаре нест. Воқеан, модар вожаи муддас аст. Чун ин вожаро талаффуз менамоем, пеши назар симои шахсе пайдо мегардад, ки саропо нуру зиёст. Вуҷудаш ба дидаҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад.Ин нур равшанибахши роҳи ҳаёт аст. Модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қиматтарину азизтарин ва муқаддастарин шахс дар олами ҳастист. Меҳри гарму беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамом саховатмандона нур мепошад, 

Домони поки модар ҳамаи бузургони дунёро парвардааст. Бесабаб нест, ки аз пайғомбарон сар карда, то машҳуртарин уламову шуаро дар васфу ситоиши зан-модар беҳтарин дурдонаҳои худро суфтаанд, ки ин ҷо мехоҳем чанде аз онҳоро оварем.

    Саъдии бузургвор - муаллими ахлоқ канори модарро биҳишт номидааст:

Канору бари модари дилпазир, 

Биҳишт асту пистон дар он ҷӯйи шир. 

 Амир Хусрави Деҳлавӣ мегӯяд, ки ду ҷаҳон тавони бардошти якшаба ранҷи модарро надорад. Танҳо модар тавони машаққати тарбия намудани фарзандро дорад:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, 

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид. 

Лашкаркаши машҳур Напалеон Бонапарт бузургиву қудратмандии модарро чунин тасвир менамояд: «Модар ба як дасташ гоҳвора, бо дасти дигараш дунёро меҷунбонад» 

   Устод Мирзо Турсунзода дар асарҳои худ бузургии зан-модарро хеле зиёд таърифу тавсиф намудааст. Дар он азобу машаққат ва бедорхобиҳои модарро дар сари гаҳвораи фарзанд хеле устокорона тасвир мекунад. Чун муште аз хирвор ин ҷо намуна меорем:

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз, 

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз, 

Аллагӯён тифлро хобондаӣ, 

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ. 

Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо, 

Пок кардӣ ашки чашмони маро. 

Шоир Озар модарро фаришта мегӯяд:

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,

Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт...

... Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,

Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт... 

Шоири тавонои тоҷик устод Муҳаммад Ғоиб дар ситоиши модар ашъори зиде сурудаастбисёр, вале таъкид мекунад, ки ҳанӯз ҳам натавонистам бузургии модарро ба қалам диҳам, - мегӯяд ӯ. Дар рубоие ба хонанда хитоб мекунад, ки кай ба қадри модар ва қадри заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мерасем: 

Ёрон, ёрон, то ба ҷаҳон ҳамнафасем, 

Дар банди ҳазор орзуву ҳавасем. 

Осон бирасем бо ҳама чиз, вале 

Кай бошаду кай ба қадри модар бирасем?! 

Чун дар арафаи ҷашни Рӯзи модар қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода бурда кулли занону модарони кишвари азизамон – Тоҷикистонро ба идашон табрику таҳният мегӯям. Барояшон саломатӣ ва саодат зиндагиро орзумандам. Орзу дорам, ки ҳеҷ гоҳ қалби модарон ғам ва чашмашон намро набинад.

Дар анҷом чанд намуна аз гуфтахои бузургони илму адаб ва сиёсатмадорони машҳури дунёро дар ситоши Зан-Модар меорам:

Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст. Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст. Кулриҷ

Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест. Сибунд

Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш 

ғамангез аст. П.Бауст

Зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонӣ аст.Ҷон Милун

Зан китобест, ки ба василаи меҳру муҳаббат хонда мешавад.

Зан ҳамчу гулест, ки бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад ва бо андак лутф мешукуфад. Ломартин

Зан мавҷуде беназир аст. Дар ӯ иффати духтарона, фидогии ба дӯст хос ва ҷасорати модар муҷассам аст. Н.А.Некрасов

Зан гирифтан осон аст, вале зандор будан душвор. Мигел де Унамуно

Хоксорӣ он чизест, ки занҳоро зебо мегардонад. Лопе де Вега

Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,

Саодати абаду умри ҷовидон дорад. Хусрави Деҳлавӣ

Зан чу гулест, ки манзилро хушбӯй мекунад ва чун машъалест, ки хонаро равшан нигоҳ медорад. Ҳолдеб

Зану мард ду садои хушеанд,ки бе онҳо торҳои дили инсон рӯҳнавоз нест.

 Ҷ.Маздонӣ

Ҳикматов Ҷумъабой Ҳакимович

н.и.ф., и.в. дотсенти кафедраи забонҳои

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба рӯйхат