НАЗАРЕ БА ТАЪРИХИ ФУТБОЛИ ТОҶИК
Хушбахтона, имрузҳо бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушду инкишофи варзиш тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар мамлакат, аз ҷониби мақомотҳои иҷроия садҳо бинову иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин боз ҳам барои дар роҳи ҳаёти солим тарбия кардани ҷавонону наврасон нақши муҳим мебозад.
Пас аз ба даст овардани истиқлоли кишвар, Федератсияи футболи Тоҷикистон 25-уми декабри соли 1991 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи футболи Тоҷикистон» (ФФТ) дубора эҳё гардонида шуд. Соли 1994 бошад, ба сифати намояндаи давлати мустақил ба узвияти Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (FIFA) ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) пазируфта шуд.
Дар даҳсолаи аввал (1992-2001) ФФТ давраи душвори ташаккулро аз сар гузаронд. Ташкили чемпионати дохилӣ низоми мураттаб надошт, вале касбияти бозигарон баландтар буд, зеро ҳамаи онҳо шогирдони мактаби футболи давраи шӯравӣ буданд. Аз ин рӯ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё рақобатпазиртар буд ва имкон дошт, ки ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқаҳо роҳ ёбад, аммо бо сабабҳои гуногун ин имкониятҳо аз даст раҳо шуданд.
Дар даҳаи дуюм (2002-2011) футболи тоҷик мувоҷеҳи камбудӣ ва нуқсони солҳои 90-ум гардид. Ин аз он сабаб буд, ки футболи кӯдакону наврасон мисли дигар ҷузъҳои муҳими футболи муосир: зерсохтор, омодасозии менеҷмент, омодасозии мураббиёну доварон аз таваҷҷуҳ дур монд.
Даҳсолаи нави (2012-2022) таърихи футболи тоҷик навгониҳои зиёди хушбинкунандаро ба бор овард. Ислоҳоти футболи тоҷик дар солҳои охир нишон медиҳад, ки футболи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ дигаргуниҳои равшану намоёнро паси сар карда, ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст. Бо ибтикори бевоситаи раиси ФФТ мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кишвар садҳо барномаву нақшаҳои ҷолиб барои рушду беҳбуди футбол амалӣ гардонида шуданд.
Сохтмони майдонҳои футбол ва варзишгоҳҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ оғоз гардид. Лигаҳои мувофиқи футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, мактаби доварони ҷавон ба фаъолият шуруъ кард. Бошгоҳҳои футболи ватанӣ дар раддабандии AFC ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Барои баланд бардоштани савияи касбии тамоми мутахассисони соҳа, аз ҷумла доварон, мураббиён, маъмурон, маркетологҳо курсу семинарҳои зиёди байналмилаливу дохилӣ ташкил карда шуданд. Ин чорабиниҳоро дастурдиҳандагони ботаҷрибаи FIFA ва AFC роҳбарӣ намуданд.
Ба инкишофи футболи занона диққати махсус дода мешавад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ лигаи футболи бонувон низ амал мекунад.
Бо ташаббуси мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ сомонаи расмии ФФТ ба фаъолияти худро оғоз намуд, шабакаҳои телевизионии ТВ «Варзиш» ва ТВ «Футбол» таъсис ёфтанд. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма тақвият ёфт.
Қобли пазириш аст, ки раҳбарияти нави ФФТ аз рӯзҳои аввали фаъолияташ тамоми низоми футболи наврасонро тағйир дод. Пеш аз ҳама, низоми муътадили мусобиқаҳо ба вуҷуд оварда шуд, Лигаи кӯдакону наврасон созмон дода шуд, мактабҳо ва академияҳо ба фаъолият шуруъ карданд. Ҳоло қариб ҳамаи дастаҳои касбии футболи кишвар аз рӯи синну солашон гуруҳҳои пурраи кӯдакона доранд. Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷоизаи “Беҳтарин лигаи наврасони Осиё дар соли 2019”-ро соҳиб шуд. Барои мукаммалгардонии низоми футболи кӯдакону наврасон, ФФТ бо FIFA ҳамкории зичро роҳандозӣ намуд. Дар яке аз ҳамоишҳо FIFA қайд кард, ки ФФТ нахустин Ассотсиатсияи миллие шуд, ки ҷиҳати амалисозии барномаи «Forward» бо вай шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.
Дар замони истиқлолият футболбозони тоҷик дар арсаи байналмилали низ баромад намуда, тими футболи тоҷикро муаррифи намуданд. Дар мусобиқаи 48-уми байналмилалии “Ҷоми Шоҳ-2022” («King’s Cup 2022») дар Тайланд иштирок намуда, бо пирӯзӣ ба ватан баргашт. Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ бар тими миллии Тринидад ва Тобаго, ки соли 2006 иштирокчии Ҷоми ҷаҳонии футбол буд ва тими миллии Малайзия ғалабаи таърихиро ба даст овард.
Мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар чемпионатҳои Осиё дар соли 2016 ва 2018 то марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромад. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё дар соли 2018 ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, соҳиби медалҳои нуқра, мақоми дуюм ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 ба Бразилия шуд.
Ҳамасола варзишгарони мо дар садҳо мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ фаъолона иштирок карда давлату миллати худро муаррифӣ менамоянд.
Дар соли ҷорӣ футболбозони тими миллӣ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё - 2023 фаъолона иштирок намуда маҳорату малакаи волои худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Онҳо то даври чорякниҳоии ин мусобиқа расиданд, ки ин барои мардуми тоҷик боиси як ифтихору сарбаландӣ мебошад.
Расидан ба даври чорякниҳои дар аввалин иштирок дар Ҷоми Осиё -2023 ин худ барои тими мунтахаби Тоҷикистон як қаҳрамонӣ мебошад. Бо роҳ наёфтан ба даври ниманиҳоӣ ҳангомаи футболи тоҷик ба охир нахоҳад расид. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки руҳияти футболбозони мо қавӣ ва шикастнопазир мебошад. Бо ҳамин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё -2023 дохил гардид. Ин дастовардҳои тими миллии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи миллату давлат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Маҳз бо ҳамин бозиҳои ҷолибу шавқовар ва нишондодҳои хуб, футболи тоҷик ба марҳилаи нави рушди худ оғоз мекунад.
Мо умедворем,ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оянда, дар мусобиқаҳои дохилӣ ва хориҷи фаъолона иштирок карда муаррифгари давлату миллати тоҷик хоҳанд шуд.
Тоҷикистон ба шарофати роҳи дурусти рушд дар футболи Осиё обрӯю эътибори калон пайдо кардааст. Имрӯз Тоҷикистонро аллакай ҳамчун як кишвари устувори футболӣ мешиносанд. Ҳоло барои ҳамаи роҳбарону мутахассисони футбол аз ҳама муҳим он аст, ки ҳамон суръати тараққиётеро, ки онро аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ Президенти Федератсия муайян кардааст, нигоҳ дорад. Новобаста ба ҳама дастовардҳо, дар мо мавзуҳои ҳалталаб ҳоло зиёданд. Футбол танҳо бозӣ нест, ин пеш аз ҳама як мактаби хуби тарбияи ҷавонон, бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ, имкони пайдо кардани мавқеи худ дар зиндагӣ, яъне лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва иқтисодӣ мебошад. Мо бояд онро бо тамоми қувва ва восита дастгирӣ кунем.
Ин ҳама дастовардҳои футболи тоҷик самараи истиқлолият, кӯшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!!!
Халилов Меҳрон Нуъмонович
донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 430101Б, кафедраи неругоҳҳои электрикӣ