НАВРӮЗ - РАМЗИ ПИРӮЗИИ МУҲАББАТ БАР АДОВАТ
Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёкони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва ба риёзату тафаккур шурӯъ мекунад. Наврӯзро метавон ба мисол набзи тапандаи сайёраи Замин шинохт, ки дар гирди Офтоб як даври пурраи соли нуҷумӣ(астронономӣ)-ро паси сар мекунад ва дар моҳи Фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ, ки мӯъҷизакориро аз он оғоз карда буд, бармегардад.
Агар ба рамзи Наврӯз назар андозем, мебинем, ки рамзи аслии он навсозӣ ва навпардозӣ, тантанаи некӣ ба бадӣ аст, на кӯҳнапарастӣ, ки баъзе аз ашхос ба хато, бо чашми зоҳирбин онро чунин пиндоштаанд. Ҳарчанд ки Наврӯз ҳар сол ба як қарор такрор мешавад, вале он на ҷашни такрорҳо, балки паёму даъват аст ба кашфу навгонӣ ва инчунин поксозӣ ва бозсозии тинату вуҷуди Инсон ва муҳити зиндагии табииву иҷтимоии ӯ. Ин бозсозии бадану тинат ҳам ба мисли Наврӯзу силсилаҷашнҳои ориёӣ кори доимии инсонҳо мебошад, на кори якрӯзаву дурӯза ва мавсимӣ.
Наврӯз тӯли қарнҳои зиёд василаи ба вуҷуд овардани ҳусни тафоҳуму якдилӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ дар байни ақвоми ориётабор буда, ҳамзамон, фазои андешаи қавму миллатҳои зиёдеро ба ҳам гароиш додааст. Дар оянда низ Наврӯз бо ин рӯҳу ҷавҳари ваҳдатофари худ барои халқу миллатҳои мухталиф, ки дар шароити кунунӣ бо таъсири раванди тезу тунди глобализатсия ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ дар муқобили ҳам қарор доранд, метавонад ҳамчун омили муҳиму муассири ҳамоҳангсоз хидмат карда, боиси иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ба ҳам наздик шудани онҳо гардад.
Ҷашни Наврӯз аз замони пайдоиши худ то ба имрӯз дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва сиёсии мардуми мо саҳми бузургу боризе дошта, василаи фавқулода муҳими тарбияи эҳсоси меҳанпарастиву худогоҳии миллӣ ва талқини ваҳдату иттиҳоди аҳли ҷомеа будааст. Наврӯз як достони пуровозаву оламгири ҳастии миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари мост.
Наврӯз рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, бедорӣ бар ҷаҳолат, меҳру муҳаббат бар кинаву адоват, хушнудӣ бар ғаму андуҳ аст. Наврӯз ба тафовут аз дигар идҳо як ҷашни воқеан ҳам табииест, ки аслан бидуни тасмими фардиву ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ кардааст ва барои мондагор будан ҳеҷ гуна эҳтиёҷе ба ҳеҷ гуна қарордоди иҷтимоӣ надорад. Ҷашни Наврӯз ҳамоҳангиву омезиши воқеияти зебои табиат ва хиради зебоипарасти мардуми ориёнажод аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо иртиботи самимиву солими инсон ва табиатро ба вуҷуд оварда, башариятро дар рӯҳияи зебоипарастӣ ва эҳтиром ба аносири табиӣ тарбия мекунад.
Дар миёни идҳои халқҳои ҷаҳон Наврӯз ягона ҷашнест, ки на дар робита ба омилҳои зеҳнӣ, балки дар заминаи омилҳои айнӣ ба вуҷуд омадааст. Ҷашни Наврӯз як ҷашни воқеиест, ки бо эҳёи табиату эътидоли шабу рӯз, шукуфтани гулҳову чакомаи булбулҳо, гулрези баҳорону садои обшорон шурӯъ шуда, олами ҷамодоту наботот ва умуман, кулли мавҷудотро ба ҳаракату ҷунбиш ва таҳаввулу такомул водор мекунад, яъне Наврӯз дар зоти худ ниёзе ба пардозҳои сунъӣ ва расмиёти таҷлили қолабии башарӣ надорад.
Наврӯз ҷашнест фароинсонӣ ва фавқулиҷтимоӣ. Наврӯз таҷаллии эъҷоз ва зебоипарастии хиради кайҳонист. Наврӯз ҷашнест азаливу абадӣ ва мондагор. Дарвоқеъ, пойдориву мондагории арзишҳои Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо аз воқеиятҳои камназирест, ки асрори он дар ҳикмат ва фалсафаи Наврӯз нуҳуфта аст.
Наврӯз далели бузургии хирад ва зеҳни ориёист, далели бузургии хирад ва зеҳне, ки дар он гузаштаҳои хеле ва хеле дури таърихӣ айёми эҳёи табиату эътидоли шабу рӯзро аз лиҳози илмӣ ва нуҷумшиносӣ бисёр дақиқу саҳеҳ муайян карда буд. Хирад ва зеҳне, ки асолату воқеияти эҳёи табиат ва даврони такомулу таҳаввули онро дарёфт ва онро бо ҳама зебоиву назокати табииаш пазиро шуд ва ҳарчи бар он афзуд, низ хеле табиӣ ва зебо буд.
Ҷашни Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.
Наврӯз як ҷилваи рангину марғуби эҳсосу идрок ва завқи зебоипарасти мардуми ориёист. Наврӯз нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози Соли нави аҷдодӣ, эътидоли шабу рӯз, тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар хонадон шодиву нишот меоварад.
Аз суннатҳои ин рӯз аст, ки мо ба ҳамдигар хушнудӣ ато намоем, ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ва бепарасторон дасти ёрӣ дароз кунем. Наврӯз иди мардумиест, ки ба дастархони ҳар хонадон файзу баракат меорад, аз зиндагии осоиштаву осуда мужда мерасонад ва ба кишоварзону деҳқонон оғози корро талқин месозад.
Роҷеъ ба пайдоиш, ба ҳукми анъана даромадани ҷашни Наврӯз чи дар ривоятҳои мардумӣ, чи рисолаҳои ба ин ҷашн нигошта ва чи дар бозёфтҳои бостоншиносӣ андешаҳои гуногуне ҷой дода шуда бошанд ҳам, асосан бунёди таҷлили Наврӯзро ба замони подшоҳии Ҷамшед – шоҳи пешдодӣ нисбат додаанд ва Ҷамшед худ аз машҳуртарин шахсиятҳои ривоятии эронитаборон маҳсуб мешаваду он тайи солҳою қарнҳо аз дил ба дил роҳи тӯлонӣ паймуда, аз насл ба насл мерос монда, бо мурури замон ҳарчи беш ғанитару рангинтар гардидааст.
Тибқи баъзе маълумотҳои дигар, ки дар маъхазу сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд, пайдоиши Наврӯз ҳамчунон ба давраи ҳукмронии Каюмарс, Куруши Кабир, Ардашери Бобакон ва ғ. нисбат дода шудааст. Ба ҳар ҳол, ин ҳама ба он маъност, ки Наврӯз аз ҷашнҳои хеле қадимаи мардумонамон аст ва он дар ҳақиқат мардумисту ба ягон дину ойини алоҳида иртиботе надорад.
Зиёда аз ин, Наврӯз эҷоди ниҳоят дурбинонаи мардумони Шарқ буда, хушбахтона имрӯз маснади ҷаҳонӣ гирифтааст.
Ин ҷашни пурфайзу бафазилат тавониста, ки дар тӯли дарозои таърихи башарият мардумро, новобаста ба қавму нажоду миллат ва эътиқодҳои динӣ, ба ҳам ҷамъ оварад, ҳамовозиашонро бо табиати бедоршудаистода таъмин намояд ва дар ҳастии худ, дар ниҳоди худ ваҳдатпарвар бошад. Халқияту миллатҳои бостонию даврони асотирӣ ҳар қадар сохторҳои гуногуни иҷтимоӣ бо боварҳои худ доштанд, то маъруфияти Наврӯз боз ҳам ҳамагӣ бо мавҳумҳои «рӯзи нав», «навшуда», «наврӯз», «шукуфоӣ», «бедорӣ» ва монанди инҳо ошноӣ доштанд. Онҳо муътақид бар он буданд, ки ҷаҳон дар як даврае ё замоне нав мешавад, мешукуфад, борвар мешавад ва боз бо ҳамин минвол доиравор такрор мегардад ва, албатта, ин оғоз ҳамоно Наврӯз аст.
Боз дар бораи пайдоиши Наврӯз гуфтаҳою боварҳои дигаре низ ҳастанд, ки ишора намуданашро ин ҷо бамаврид медонем. Куҳантарин нишонаҳои Наврӯз, ки бостоншиносони ҳавзаи Наврӯз дарёфтаю паҳн намудаанд, ин ҷашни сари соли нави шумериён ва бобилиён будаасту дар навиштаҳои дарёфта ба ҳазораи севуми пеш аз мелод рост меояд.
Бо омадани Наврӯз ва оғози ҳар сол куҳулати замон аз ёдҳо зудуда мегардид, офаридаҳои табиати офаранда ҷони тоза меёфт. Ҳамин буду ҳаст, ки рустану шукуфтани гиёҳон, «…рӯйиши донаҳои ба рӯйи хок кишта ва ҷорӣ шудани шираҳои ҳаётбахш дар тану ҷони рустаниҳо дамидани ҷони тозаеро ба ҷону тани одамон илқо менамуд» ва ҳамчун биҳишти гумшудае аз нав зеҳни одамонро такон медод.
Оғози ҳар солро инсонҳо бо ҳазору як орзую умед интизорӣ мекашиданд, ҷашну сур, ки рамзи бедории табиати дар хоббуда ва асари хуҷастаи он бар одамон аст, меоростанд. Тасхири замон, эҳсос накардани гузаштани вақти астрономӣ барои онон нишотовару шодибахш буд ва инро ҳамроҳи ҳамешагии зиндагӣ эҳсос мекарданду имрӯз ҳам дар ҳамин боваранд.
Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.
Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд. Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намуд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз миёни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми хосаро пайдо кард. Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад. Ин ҷашни куҳану ҳамешаҷавон барои мардуми кишвари мо бигзор тинҷию осоиштагӣ, хуррамию некрӯзӣ, сулҳу амният ва неъматҳои фаровон ато намояд, орзу ва армонҳои насли имрӯза низ ҷомаи амал пӯшанд. Шодиву сурур ва хурсандию нишоти кӯдакон дар осмони сафобахши рӯзгор танинандоз бошад.
Имрӯз барои мо – тоҷикон ва кӯлли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар бояд сатҳи огоҳиашонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин, бо мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзӣ ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.
н.и.п.муаллими калон кафедраи забонҳо Абдулаҳадова Анора