ВАҚТЕ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ЭҲСОС МЕКУНАНД

 01.04.2024

ВАҚТЕ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ЭҲСОС МЕКУНАНД

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол сипарӣ шуд. Қабули чунин як санади миллӣ таҷассуми сиёсати маорифпарварона ва фарҳангсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ба камол расидани онҳо мебошад.

Қабули қонун дар ҷомеа ислоҳоти ҷиддиеро дар соҳаи илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ба миён оварда, такконбахшу ҳидоятгари аҳли ҷомеа дар ба даст овардани муҳимтарин сармояи инсонӣ – маърифат гардид. Вазъи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таълимии ҷумҳурӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, сол аз сол ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат, таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд.   

Рафти иҷрои қонуни мазкур дар давоми даҳ сол самараи нек ба бор овард. Пеш аз ҳама, падару модар, омӯзгор, мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳои худро амиқан дарк карда, дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти ба зимма доштаашонро хуб эҳсос намуданд. Падару модар бо дарки ҳуқуқу масъулиятҳои ба зиммадошта вазифаҳои худро дар муҳайё намудани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дарк намуданд.

Дар раванди татбиқи амалии қонун падару модар муваззаф гардиданд, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оварда, барои ба таълим фаро гирифтану бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намудан чораҳо андешанд ва ба таҳсили монеъ нашаванд. Раванди таҳсили фарзандро назорат карда, бо омӯзгорон, ҳайати кормандон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар маҷлисҳои падару модарон ва дигар чорабиниҳои мактабӣ иштирок намоянд. Шаъну шарафи фарзандро эҳтиром карда, ба ташаккули шахсият, худшиносӣ ва ҷаҳони маънавии фарзанд ба таври ҳамешагӣ диққат диҳанд. Қонуни мазкур, ҳамчунин, фарзанди болиғу қобили меҳнатро уҳдадор менамояд, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин карда, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тарафҳо муваззаф шудаанд, ки ба раванди таълиму тарбия мусоидат карда, тарзи ҳаёти солимро таблиғ ва кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоянд. Оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби кӯдакон, ба мушоҳида расидани ҳолатҳои беэътиноии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, инчунин, дар сурати муайян шудани ҳолатҳои ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таъсири манфӣ расонанда ва ё таҳдидкунанда, чораҳои амалӣ андешанд. 

Иштироки хонандагон дар озмуни фанҳои таълимӣ, озмунҳои дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузоршавандаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” маҳз ба шарофати қонуни мазкур аст. Қонун масъулияти ҳамаи аҳли ҷомеа ва сохторҳои мавҷударо бедору водор кард. Падару модар дар қатори дигар аҳли ҷомеа бештар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фарзандашон таълиму таҳсили хуб гирифта, фанҳои таълимиро ба таври даркорӣ аз бар намоянд, дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ иштироки фаъолона дошта, аъзои фаъоли китобхонаву маҳфилҳои фаннӣ бошанд, дар интихоби дурусти касб ба хатокорӣ роҳ надиҳанд. Яъне, бо назардошти чунин муносибати падару модар нисбат ба фарзанд дар татбиқи амалии қонун собит гардид, ки нахустустоди фарзанд падару модар аст. 

Дар арафаи Ҷашни 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандорӣ мавриди истифода қарор додани наздики 30 ҳазор иншооти ҷашнӣ, ки кишвар боз ҳам зебову дилоро гардидааст, саҳми ҳар фарди ватандӯст, махсусан падару модарон дар таъмиру навсозӣ ва бунёду мавриди истифода қарор додани муассисаҳои таълимӣ ва бо таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин намудани онҳо, назаррас аст. 

 Дар ин давра марҳилаи устувори танзими масъалаҳои махсуси соҳаи маориф қабул гардида, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистн «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва ғайра қабул гардида, танзими якхелаву самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ба  соҳаи маорифи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи «Кодекси маориф» ба нақша гирифта шудааст.
     Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм ва дар давраи солҳои 2030, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030, «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022» ва ғайра аз зумраи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар густариши соҳаи маориф ва  ислоҳоти он буда дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии кишвар мегардад.

Ин далелҳо баёнгари онанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун омили самараноки рушди соҳаи маориф пайваста ривоҷ ёфта ва Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи илму маориф ба арсаи ҷаҳон бароварда истодааст.

Муовини декан оид ба тарбияи факултетмеханикӣ ва технологӣ-и

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба

номи академик М.С.Осимӣ Сафаров Баҳриддин Саидович

  

                                                  


Ба рӯйхат