МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ВА ЯКДИЛИИ ҶАВОНОН ДАР МУАССИСАҲОИ ОЛИИ КАСБӢ
Ҳаводисҳои иқтисодию сиёсии охир, ки дар ҷаҳон як раванди мунтазамро касб кардааст, шаҳодат аз он медиҳад, ки раванди гузариш – яъне ҷаҳонишавии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз як зина ба зинаи дигар газаштааст. Чуноне, ки мушоҳида мегардад дар аксарияти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ даҳҳо ширкатҳои хориҷӣ намояндагии худро кушода ва садҳо донишҷӯ ва мутахассисон кору зиндагӣ доранд. Албата ин шаҳодат аз он медиҳад, ки дар ин ҷумҳуриҳо нисбат ба донишҷӯёну шаҳрвандони хориҷӣ таҳаммулпазирии мардуми муқимӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад. Маҳз ҳамин нишондод метавонад ибтидои раванди рушди ҳамкориҳо дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла дар самти муносибати ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дошта бошад.
Агар мо ду даҳсолаи замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем мушоҳида кардан мумкин аст, ки шумораи донишҷӯён ва муассисаҳои олии касбӣ дар кишвар ба маротиб афзудааст. Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ дар баробари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда сабақ мегиранд. Дар ин замина албатта масъалаи муносибати байниҳамдигарии ҷавонон, мутобиқшавии (адаптатсияи) шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳити нав ва инчунин баланд бардоштани сатҳи таҳаммулпазирии ҷавонон дар муассисаҳои олии кишвар мубрам буда, пайваста таҳқиқу таҳлилро тақозо мекунад.
Таҳаммулпазирӣ нисбат ба ақидаҳо, ахлоқ ва одатҳои гуногун аст. Таҳаммулпазирӣ дар робита ба вижагиҳои халқу миллат ва динҳои гуногун зарур аст. Ин нишонаи эътимод ба худшиносӣ ва огоҳӣ аз эътимоднокии мавқеъи худ, нишонаи ҷараёни идеологӣ барои ҳама кушода аст, ки аз муқоиса бо нуқтаи назари дигарон наметарсад ва аз рақобати рӯҳонӣ канорагирӣ намекунад. Таҳаммулпазирӣ маънои қабул ва дарки дурусти фарҳангҳои дигар, роҳҳои баёни худ ва зуҳури шахсияти инсонро дорад. Таҳаммулпазирӣ маънои гузашт кардан, мулоимӣ ва ё таҳаммули беадолатии иҷтимоӣ, таслим шудан ба эътиқоди дигарон ё таҳмил кардани эътиқоди худро бар дигарон надорад.
Ҷиҳати баланд бардоштани таҳаммулпазирии ҷавонон дар муассисаҳои олии касбӣ дар баробари таълиму тарбия онҳо бояд, ки дар доираи корҳои ҷамъиятӣ, тарбиявӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба ҳаёти донишҷӯӣ аз рӯзҳои аввал баланд бардоштани ҳисси вантандорию ватандӯстӣ, арҷгузори ба муқаддасоти миллӣ, якдилию ягонагӣ мавриди амал қарор гирад.
Баргузории дарс ва семинарҳои алоҳида доир ба шиносоии донишҷӯён бо масъала ва моҳияти таҳамлупазирӣ, таҳамулпазирии фардӣ дар доираи соатҳои кураторӣ бояд ба роҳ монда шавад. Дар амал ба ҳама донишҷуён роҳу усулҳои баланд бардоштани таҳамулпазирии фардиро омӯзонид, то ин, ки онҳо дар баробари соҳибкасб гардидан ҳамчунин як шахсияти солими ҷомеъа ба воя расанд.
Тақвият додани мафкура, ҳамдигарфаҳмӣ ва дилсӯзӣ, раҳму шафқат, шаъну манзалати фардӣ, боварӣ ва рушди худшиносӣ ҳамчун шахси таҳаммулпазири ҷомеъа бо дарки маънои “Ман” ва “Дигарон” масъалаҳои зерин бояд дар раванди тарбия баррасӣ гардад:
рушд додани ҳисси нигоҳдории шаъну шарафи шахсӣ ва эътирофи шарафи дигарон;
дарки гуногунии изҳори шахсият аз тарафи ҳар як фарди ҷомеа дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ;
рушди қобилияти худтаҳлилкунӣ, худшиносӣ, қобилияти мулоҳизаронӣ ва андешаронии мусбӣ нисбат ба худ ва ҷомеъа;
омӯзондани роҳҳои амалии баромадан аз ҳолатҳои низоӣ (ҷангҷолӣ, ихтилофӣ), баён намудани ҳиссиёт ва таассуроти худ бе низоъ ва зуроварӣ;
рушди ҳамдигарфаҳмии маишӣ, тасаввуроти маишӣ, боварӣ, қобилияти шунидани дигарон, ҳамдардӣ ва ҳамрайӣ;
рушди малакаи робитаи байниҳамдигарӣ, ки алоқаҳои маиширо устувор мекунанд;
омӯзонидани дарки байнифарҳангӣ ва рафтори таҳаммулпазирона дар муносибатҳои байниқавмӣ (байнинажодӣ).
Талабот ба муносибатҳои бенизои байниҳамдигарии донишҷӯён ва роҳ надодан ба ҳолатҳои таҳқир ва низоъҳои аввалиндараҷаи ҳар як омӯзгор ва шахсони масъули самти тарбия дар муассисаҳои олии кишвар мебошад. Бинобар ин чуноне, ки таҷрибаи муассисаҳои олии пешрафтаи дигар кишварҳо нишон медиҳад моро зарур аст механизми самараноки бартарф намудани ҳолатҳои низои байнифарҳангӣ ва рушди таҳаммулпазирии фардии донишҷуёнро коркард намуда, дар муассисаҳои олии кишвар роҳандозӣ намоем.
Раҳимов Фирдавс Мирзоумарович
муаллими калони кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ” – и
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ