ЧОЛИШҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМИНИЯТИ ИТИЛООТӢ

 19.04.2024

ЧОЛИШҲОИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМИНИЯТИ ИТИЛООТӢ 

Чолишҳои замони муосир, технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба авҷи тараққиёти худ расид, интернет ба ҳама қишрҳои ҷомеа дастрас гашта, сомонаҳои интернетӣ ба фазои озоди муоширату мубоҳиса табдил ёфтааст. Акнун муайян сохтани мавқеи ин падидаҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа басо мушкил гаштааст. Ин аст, ки дар чанд даҳсолаи ахир соҳаи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ аҳмияти сиёсӣ пайдо намуда, дар соҳаи илм ба сифати як функсияи давлатӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор доранд. 

Дар заминаи инкишофи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар олами сиёсии Ғарб мавзӯи ниҳоят муҳим ҳамасола мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бояд тазаккур дод, ки бо пешрафти бесобиқаи техника ва навовариҳои иттилоотиву телекоммуникатсионӣ дар даҳаи дуюми асри ХХI мафҳуми анъанавии фосилаи фазою вақт ва макону замон куллан тағйир пазируфта, навъи нави тамаддун тамаддуни иттилоотӣ ташаккул ёфта истодааст. Ҷавҳари тамаддуни иттилоотиро интишор ва мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди васоити интернетӣ ва густариши алоқаи моҳворавӣ, коркарду пахши ахбору иттилоот ва зуҳуру инкишофи дипломатияи рақамӣ ташкил менамояд. 

Новобаста ба ҷолишҳои шароит фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии марказҳои қудрати дунёи муосир ва василаи муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст. Новобаста ба дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти муҳити иҷтимоӣ-сиёсӣ аз он гувоҳи медиҳаед, ки ҷаҳони кунуни тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт гаштааст. Маҳз чолишҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутундшавии муносибатҳои сиёсӣ кишварҳои рӯ ба инкишофро водор месозад, ки аз ҷиҳати таъминоти амнияти иттилоотӣ мусаллаҳ бошанд. Дар замири ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нав дар ҳаётӣ инсоният ба миён ҳам ҷиҳатҳои маънфи ва ҳам мусбатро доро мебошад. Дар ҳоли ҳозир иттилоот бо мавҷудияти худ ҳастии инсонро низ тағйир дода истодааст. 

Дар муносибатҳои иҷтимоӣ инсон, ки ҳамчун субъекти фаъоли сиёсӣ пазируфта мешавад, иттилоотро ба эҳтиёҷоти ҳамарӯзаи худ табдил додааст. Маълум аст, ки шаклгирии шуури инсон аз таъсири ин омил берун буда наметавонад. Масъалаи дигари амнияти иттилоотӣ ин шароити муосири ҷаҳонишавию бархӯрди тамаддунҳо аз мубрамтарин паҳлӯҳои асоси посдори фарҳангӣ миллии кишварҳо гардидааст.

Имрӯз ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо, муборизаҳои қудратталабӣ ва таҳдид зуҳуротҳои номатлуби чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти экологӣ рӯбарӯ гардидааст. Аз ин таҳдидҳо ягон кишвари олам дури ҷустан наметавонад. 

Идоракунӣ бо ёрии иттилоот, яке аз масоили муҳим ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари институтҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар замони муосир мебошад. Бо истифода аз дастовардҳои технологӣ на танҳо шароити кору зиндагии инсонҳо осон гашт, балки дар ин замина воситаҳои наве ҷиҳати осону дуруст ба роҳ мондан ва ташаккул додани низоми идоракунии давлатӣ ба вуҷуд омад. Моҳияти идоракунӣ бо ёрии иттилоот, пеш аз ҳама, танзими афкори ҷомеа мебошад. Агар пеш аз ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ба танзими рафтори инсонҳо авлавият бахшида мешуд, имрӯз бошад дар баробари танзими рафтор, бо ёрии иттилоот афкори ҷомеа низ танзим мегардад. Аҳмияти ин падида дар он аст, ки ҳар чӣ дар рафтори инсонҳо зоҳир мегардад, аз афкори онҳо сарчашма мегирад ва агар афкори ҷомеа бо назардошти арзишҳои махсус шакл дода ва бо ёрии иттилоот танзим карда шаванд, пас на танҳо ҷомеа ташаккул меёбад, балки аз зуҳури ҳар гуна падидаҳои манфӣ дар ҷомеа пешгирӣ карда мешавад.

Бо вуъсат ёфтани ҷолишҳои ҷаҳонишавӣ дар асри нав ва зуҳури терорризми байналмилалӣ, ва рушд намудани технологияҳои иттилотию коммуникатисионӣ тағрибу ташвиқи ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароии диню сиёсӣ ва чунбишҳои мардуми, низоҳои мусаллаҳона ҷангҳои дохили кишварҳо бойс шуданд, ки ба самти давлатдории миллӣ таъсир расонад ва монеа эҷод намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки дар бисёр мавридҳо мушоҳида намудан мумкин аст, ки чунин равандҳо аз ҷониби як қатор давлатҳои манфиатдор барои амалӣ намудани ҳадафҳои геостратегии худ ва мустаҳкам кардани мавқеи геополитикии онҳо моҳирона истифода бурда шудаанд. 

Яке аз самараҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар замони муосир ҷангҳои иттилоотӣ пайдо гардидааст. Қаблан чунин навъи муборизаҳо дар мисоли ҷангҳои итилоотӣ агар миёни давлатҳо сурат мегирифт, дар ҳоли ҳозир, байни ташкилотҳои террористию экстремистӣ субъектҳои фаъоли ин раванд идома дорад. Амнияти иттилоотӣ ҳолати системаи иттилоотии мамлакат мебошад, ки таъсири манфии таҳдидҳои дохилӣ ва берунии соҳаи иттилоотро бартараф менамояд ва аз ҷониби дигар амалишавии он барои унсурҳои ҷудогонаи системаи мазкур таҳдид эҷод намекунан. Инчунин технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии доираи васеи одамон ба иттилоот имкони хубтару беҳтар ташаккул додани ниҳодҳои демократии ҷомеаро фароҳам овардааст. Аммо дар баробари ин, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд. 

Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад.Дар баробари оне, ки истифодаи иттилоот фарогир аст ва ҳар фард ва ё гӯруҳ метавонад онро ба сифати абзори мафкурасозӣ истифода намояд, ба як мушкилоти асосӣ дар замони муосир табдил гаштааст. Зеро ворид гаштани иттилоот ба фазои сиёсии ҷомеа ҳаммоно таҳаввулотеро дар пай хоҳад дошт. Масъалаи муҳим ин муайян сохтани оқибатҳои таъсири иттилоот ба мафкураи ҷомеа ва бартараф сохтани таъсирҳои манфӣ, ки дар ин ҷараён ба миён меоянд, мебошад. Лозим аст то давлат дар фазои иттилоотӣ мавқеи худро дошта, ба ин васила ҷараёни мафкурасозиро роҳандозӣ намояд. 

Мафкураи миллӣ дар ташаккули халқиятҳо нақши барҷаста дорад. Он аз маҷмӯи ғоя, арзишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқӣ иборат буда, баҳри таъмини амният ва пешрафту тараққиёт хизмат менамояд. Аммо имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо мафкураи миллӣ аҳмияти сиёсиро касб намудааст. Омилҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуда ҷиҳати ба роҳ мондани рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аҳмияти муҳим дорад. Муҳимияти амнияти иттилоотӣ барои як давлат дар заминаи ташаккули техналогияи иттилоотӣ пайдо шуда он аҳмияти умумимиллиро ба худ ксб намудаст. Зеро дарёфти роҳҳое, ки аз он хатар ба амнияти миллӣ ворид мегардад маҳз аз воситаҳои иттилоотӣ сарчашма мегиранд. Ин аст, ки таъмини амнияти иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ нақши калиди дорад. Дигар ҷиҳате, ки нишон медиҳад, таъмини амнияти иттилоотӣ аҳмияти умумимиллӣ дорад, ин масъалаи мафкурасозӣ, ки дар боло зикр намудем мебошад. Чун тавассути роҳ ёфтани воситаҳои иттилоотӣ ба мафкураи ҷомеа манбаи хатарот падид омада, аз ин мафкураи бунёдсӯз хатар ба амнияти миллӣ сарозер мегардад. 

Аз ин рӯ, моҳияти аслии амнияти иттилоотӣ маҳдуд сохтани манбаи ин таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа буда, дар баробари ин ҳифз аз манфиатҳои миллию давлатӣ дар фазои иттилоотӣ мебошад. Дар натиҷаи корбурди ин услубҳо амнияти иттилоотӣ ва амнияти миллӣ низ таъмин мегардад. Дар маҷмуъ, амнияти иттилоотӣ омили муҳими рушди инсон, давлат ва ҷомеа ба шумор рафта, имрӯз дар кишвари мо ниёз ба беҳбудӣ ва таъмини технологияи иттилоотию коммуникатсионии муҳофизӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи амнияти иттилоотӣ ин роҳандозӣ гардидани ҷангҳои иттилоотию психологӣ мебошад. Таъсири таҳдидҳои мазкур ба он хотир хатарнок арзёбӣ мегарданд, ки маҳз онҳо боиси ба амал омадани шиддати иҷтимоию психологӣ, бедор гардидани ҳиссиёти манфии одамон, вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқ, тағйир ёфтани рафтори сиёсию ахлоқии шаҳрвандон ва дар ниҳояти кор, боиси ба амал омадани рафторҳои номувофиқ мегардад. 

 

Эраҷ Шарофов,  

Илҳом Қурбоншоев,  

устодони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ


Ба рӯйхат