ҶАВОНОН ҚОСИДИ СУЛҲ ВА АРҶГУЗОРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

 22.04.2024

ҶАВОНОН ҚОСИДИ СУЛҲ ВА АРҶГУЗОРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар халқу милатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Имрӯз ба саргузашт ва сарнавишти миллати тоҷик, агар ҳамчун оинаи поку муқаддас назар афканем, танҳо ободӣ, поксириштӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти баланди миллӣ ва дигар омилҳои хуби ба миллати мо хос пеши назар ҷилвагар мешавад. Дар асоси омӯзиши таърих маълум мегардад, ки тоҷикон дар кадом даврае ба сар бурдаанд ва аҷдодони мо кӣ ҳастанд. 

Ҳар як пиру ҷавон ва насли навраси миллату ватан дар заминаҳои муайяни таърихӣ барои ҷомеаи мутамаддин вазифаи муҳимеро ба ҷо овардаанд, ки ин дар пешрафти илму ҳунар, фарҳанг, ташаккул ва ҷаҳонбинии илмию дунявӣ нақши муайян дорад.

Пеш аз он, ки сари масъалаи нақши ҷавонон ва масъулияти онҳо дар пешрафти ҷабҳаҳои гуногуни кишвари азизамон ва ҳифзу арзишҳои миллӣ аз таарфи онҳо сӯҳбат ва андеша намоем, дар заминаи ҳукми зарурат, равшани андохтан ба масъалаи пайвастагӣ ё алоқамандии ҷавонон ва давлат, дастгирии Ҳукумати кишварро дар ин замина муҳим мешуморем. 

Мақом, созандагӣ ва нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи муосир ба назар гирифта, Ҳукумати кишвар ҳамарӯза ба он талош доранд, ки боз ҳам шароити васеъи корӣ ва ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷавононро беҳтар намуда, сиёсати самаранокро нисбати онҳо воқеӣ гардонад. 

Пайваста ба ин, дар сиёсати ҷавонон чунин муносибат ҷой дорад, ки Ҳукумат доимо дастгирӣ ҷавонон буда, барои ҷалби онҳо дар омӯзиши илму ҳунар, аз худ намудани техника ва технологияи навин, рӯ овардан ба доираи васеъи истифодаи шабакаҳои интернет заминаи хубе муҳайё намуда, барои омӯзиш дар хориҷи кишвар ҳама сола бурсияҳои Ҳукуматӣ бо идрорпулӣ таъсис медиҳад, ки ин дастгирӣ беназир аст.

Ҳамасола ҷавонони тоҷик бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар озмунҳон гуногуни байналмилалӣ дар мавзӯҳои гуногун баромад намуда, парчами Ватани азизамонро боло мебардоранд. Дар симпозиум ва конференсияҳои байналмиллалӣ дастовардҳои худро муаррифӣ намуда, мавқеи худро дар доираи сулҳи минтақа ифода менамоянд. Дар баробари иштирок дар курсҳои бозомӯзӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, мактабҳои олимони ҷавон, рӯзи ҷавонон, рӯзи дави миллӣ, рӯзҳои парчам ва забони модарӣ ва амсоли чунин чорабиниҳои пурнуфузи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ҳамавақт ҷавонони тоҷик номбардори ватану миллати хеш буда, баҳри ифодаи арзишҳои миллӣ, баёни сулҳу оромӣ, моҳияти тинҷиву амонӣ сухан ва маърӯза менамоянд.

Ҷавоне, ки мехоҳад лаҳзае оромӣ ва осоиш ихтиёр карда, сари синаро аз обу ҳаво пур намояд ва нафаси тоза гирад дар боѓу гулгашти ҳар гӯшаи ватан шароити хубу муосиде фароҳам оварда шудааст. Дарҳои китобхонаҳо, даргоҳҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ ба рӯи ҷавонон, ҳамеша боз аст.  

 Аммо мутаассифона дар як вақт на ҳар шахс ба ин дастгириҳо баҳои воқеӣ дода метавонад ва идеологияи дурушти худро истифода бурда ҷавононро ба гумроҳӣ роҳандозӣ менамояд. 

 Таърих шоҳид аст, ки имрӯзҳо дар аксари кишварҳои мусулмоннишин терроризм реша давонда истода, тавассути ҷавонони гумроҳ баҳри пиёда намудани манфиатҳои худ дар сарзаминҳои Афѓонистон, Ироқ, Сурия, Яман, Либия ва ба ном давлати исломии ДИИШ ва амсоли онҳо чӣ гуна ҳодисаҳои нохуш сар зада истода, кӯдакони бегуноҳ, наврасон ва пирону калонсолон ба қатл расонида истодаанд. 

Ҷангҳои имрӯзаи давлатҳои номбаршуда ва як қатор кишварҳои Африқо маҳз аз сабаби паҳн гаштани бадбиниву нафрат ба ҳамдигар бо тариқи одамони мутаассиб сабаб шудааст. Миллионҳову ҳазорҳо одамон аз хонаву дар, хешу табор, кору мол маҳрум монда, дар азобу машаққат дар ҳолати гурезагӣ зиндагӣ карда истодаанд. 

Куштани кӯдакон вазнинтарин гуноҳ мебошад, ки мутаассибони динӣ ба амалҳои террористии хеш ба чунин кори ваҳшиёнаи ноодамона даст мезананд. Умуман куштани инсон аз нигоҳи ислом тамоман номақбул буда, аз ҷумлаи гуноҳони вазнинтарин ба ҳисоб меравад.

Устод М.Турсунзода доир ба ҷанг навиштаанд: Ҷанг – ин бо фоҷиаи тоқатфарсо маҳв шудани кӯдакон, кушта шудани ҷавонон, бо азобу уқубат ба охир расидани ҳаёти пирон, бадбахтии оилагон, харобӣ ва вайронии ҷаҳон, нест шудани илму маърифат ва ба ибораи кӯтоҳ, ҷанг ва ваҳшонияти гӯшношунида ва бо бадбахтиҳои чашмнадида маҳв кардани инсоният аст.

Оташдиҳандагони ҷанг – оташдиҳандагони ҷаҳон, кушандагони бачагон, ҷавонон, пирон, занон, духтарон, несткунандагони илму маърифат ва бо ибораи дигари кӯтоҳ оташдиҳандагони ҳаёти инсоният мебошанд.

Ҷавонони имрӯзаи мо набояд ба суханҳои ҷаззобу ба эҳсосотоваранда дода шуда, аз роҳи худ ба фанатизми мазҳабӣ даст зада, ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои мухталиф шомил шаванд ва ё тарафдорӣ кунанд. 

Ҷавонони тоҷик пайваста ба аҷдодони худ доимо роҳи сулҳу оромиро пеша намуда, маънои сулҳро дар суханҳои шоири сулҳпрвари тоҷик М. Турсунзода: «Сулҳ ин парвиши кӯдакон, таълиму тарбияи ҷавонон, осоиши пирон, хушбахтии оилагон, ободии ҷаҳон, аввалин шароити пешравии ҷамъият, маданияту илму фарҳанг ва ба ибораи кӯтоҳ, сулҳ ҳаёти хушбахтонаи инсоният аст» дарк намуда, онро қадр менамоянд. 

Ба қавли Мавлоно Румӣ:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар тухм накорем. 

Сулҳ ва тинҷиву амонӣ имконият медиҳад, ки одам ҳаёти хешро бо роҳи эҷодкорӣ ва навоаврӣ муҳайё сохта, машғули илм, санъат, адабиёт ва ҳамаи он чизе шавад, ки дар якҷоягӣ фарҳанг ном дорад, боварии комил дорам, ки ин маъниро ҷавонони тоҷик бо маънои кулл дарк менамоянд.

Ҷавонони тоҷик имрӯз, дар фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ, дӯстию бародарӣ бо дигар халқиятҳо ба сар мебаранд ва ба ҳар гуна моҷароҳои бемаънӣ ҳаргиз роҳ нахоҳанд дод ва нисбат ба пешрафти тамаддуни башарият, бахусус ҳифз намудан ва арҷгузоштан ба арзишҳои миллии давлати худ кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бетараф нахоҳанд буд.

Умед ба он дорем, ки ҷавонон Тоҷикистонӣ бо нерӯи созандаи худ, дар фазои сулҳу оромӣ, арзишҳои миллии аҷдодони худро пос дошта, зери шиори «Баҳорам, орзуям, меҳанам, ишқам, дилу ҷонам, сурудам, модарам, бахтам, вуҷудам, Тоҷикистонам» дар пешрафти кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва он занҷири пай дар пайе, ки аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд бе шикасту рехт ба наслҳои оянда хоҳанд супурд. 

 

Қасобов Л.С., Султонзода Ш.М., 

дотсентони кафедраи неругоҳҳои электрикии 

ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ


Ба рӯйхат