МАФКУРАИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ

 23.04.2024

МАФКУРАИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ БАҚОИ МИЛЛАТ
(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин)
 
Равандҳои сиёсиву идеологӣ дар сатҳи ҷаҳон имрӯз шаҳодат аз он медиҳанд, ки аз боиси сатҳи пасти мафкура ва маърифати ҷомеа аксар нафарон ба фирефта ва бозиҳои гурӯҳҳои динситезу манфиатбахши абарқудратҳо дода мешаванд. Чунин мафкура ва маърифтаи хеле сатҳи пасти миллӣ боис шуд, ки дар аксар кишварҳои мусулмоннишин аз эҳсоси динию мазҳабӣ суситифода карда шавад.
Бояд гуфт, миллати тоҷик ҳам дар таърихи дарозмуддати хеш аз боиси эҳсоси баланди динӣ дар ҳолатҳои бисёр сарнавиштсоз манфиатҳои хешро аксаран ҳифз карда натавонист. Махсусан, шикасти нахустдавлати миллии тоҷикон – Сомониён аз боиси эҳсоси динӣ буд, ки бо фатвои руҳониёни хуруфотпарасту иртиҷоӣ мардум ба ҳифзи давлати миллии худ набаромаду қавмҳои кучманчӣ, ки минбаъд сабаби ташаккули тамоми навъҳои буҳрон гардиданд, ба ҳокимияти Бухоро соҳиб шуданд. Як фатвои руҳониёни мутаассиб мардуми ғафлатзадаро, ки дар онҳо на эҳсоси миллӣ, балки эҳсоси динӣ бартарӣ дошт, саба шуд, ки истиқлоли миллӣ ва давлатии мо, ки кафили амалишавии тамоми ормонҳост ба муддати “1000 сол” аз саҳифаи таърих нопадид шавад. Замоне фаро расид, ки ҳатто дар муддати даҳ аср захираи зеҳнии тамоми мардуми Осиёи Марказӣ ва Хуросон баробар ба нисфи захираи зеҳнии замони Сомониён (100 сол) набуд. Сарчашмаи асосии ин шикаст маҳз ана ҳамин мафкураи бегонапарастӣ ва эҳсоси динӣ буд, ки минбаъд дар меҳвари афкори сулолаҳои динситезу аз маърифат дури кучӣ қарор дошт.
Аз асри Х то асри ХХ миллати тоҷик се марҳилаи бисёр ҳасосу дардонекеро сипарӣ намуд, ки ҳар се бо сабаби эҳсоси баланди динӣ ва аз асолати миллӣ дур рафтани аксар қишрҳои ҷомеа ба амал омад. Шикасти Сомониён, поймол намудани манфиатҳои тоҷикон дар раванди тақсимоти марзӣ-миллӣ ва ба амал омадани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин саҳифаҳои сиёҳи таърих имрӯз тамоми афроди ҷомеаи кишварро водор месозад, ки худшинос ва худогоҳ бошанду дар навбати аввал аз арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ бештар ҳифозатгар.
Дар айни ҳол зарур аст, ки корномаи нобиғаҳое чун Спитамен, Муқаннаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас ва ҷавон аз ҷониби падару модар, омӯзгорон ва масъулони динӣ, ки дар ҷомеа бо зеҳни худ таъсиррасонанд, ҳамчун нишони хештаншиносӣ ва қадршиноии миллату давлат шарҳу тавзеҳ дода шавад. Барои ояндаи дурахшони ин миллату давлат чунин чеҳраҳои мондагоре лозим аст, ки бақои онро бо ирода ва матонати худ таъмин намоянд.
Имрӯз таҳдидҳои идеологӣ ва хуруфотӣ минтақа ва ҷаҳонро аз ҳарвақта дида бештар таҳдид намудаистоданд. Мутаассифона ҳатто доираҳои муайяни илмӣ ҳам дар хидмати чунин гурӯҳҳои тундрав қарор гирифтаанд, ки бо зеҳни худ ба шуури ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар муқобили ин ҳама танҳо дониш, хирад ва дар маҷмуъ маърифат ҳамчун сипар истода метавонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид намуданд, ки танҳо маърифат садди роҳи ҷаҳолат шуда метавонад. Маърифат имкон медиҳад, ки тамоми арзишҳои ҷомеаи инсонӣ ҳифз шуда барои зиндагии босубот ва шоиста истифода шаванд. Миллати тоҷик новобаста аз он саҳифаҳои ёдоваршудаи сиёҳи таърих, ҳамчунин дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ бо фарзандони хирадмандаш аз Бузургмеҳр сар карда то Айнӣ исбот намудааст, ки миллати соҳибмаърифат буда, дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дорад.
Бо омӯзиш аз сабақҳои таърих имрӯз бояд шукрона кард, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардида, шаҳрвандон тамоми фаризаҳои динии хешро озодона анҷом медиҳанд.
Истиқлол ба мо дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ имкон дод, ки муяссар шавем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд.
Шароит фароҳам оамад, ки миллати тамаддунсози тоҷик осори бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намояд. Пешвои миллат ба маврид таъкид намуданд, ки “дар ҳамин замина имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.
Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид.
Ёдовар шудан меарзад, ки соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Дар идомаи ин бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд. Ин ҳама нуқтаҳои муҳимме буданд, ки дар баромади Сарвари давлат бо як ҳисси баланди миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ садо доданд.
Имрӯз қишри зиёӣ ва уламои кишварро зарур аст, ки насли наврасу ҷавонро пеш аз ҳам дар руҳияи миллӣ ва омӯзишу аз худ намудани асосҳои илму маърифат ба камол расонанд, чун мафкураи солими насли наврасу ҷавон кафили солимии миллату давлат аст.
 
Асоев Комрон – мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ
 
Возможно, это изображение 1 человек
 
 
 
 

Ба рӯйхат