САҲМИ ХАЛҚИ ТОҶИК
дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар дунё миллат ё давлатҳое шояд бештар бошанд, ки ҷонибдори ҷангу хунрезӣ нестанд ва орзуи ғасби давлатеро дар дил дошта бошанд, вале мутаассифона таърих гувоҳ аст, ки давлатҳои ғосибу ҷангхоҳ ҳам кам набудаанд...
Бигирем замони ҳуҷуми арабҳову юнониҳоро, муғулу инглису фаронсавию испониву португалиҳоро...ба кишварҳои ҳамсояи худ ё дуртар аз марзҳои хешро. Агар иддае аз ин номбаршудаҳо кишвареро фатҳу камтар куштаву сӯхта ва ғорат карда, иддае бисёр ҷабру зулму ситамро болои кишварҳои ғасбшуда оварда, ки дар саҳафоти таърих ба ҳамагон рӯшан аст...
Мақсади ин ҳама ҷангҳо ва ҷанги ба қавле миёнаи асри 20-и милодӣ, ки бо унвони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд шуда, ҳамаашон як чиз буда: ғасби хоки бегонаву ба даст овардани захоири табииву маънавии онҳо ва бадтаринаш: куштори бераҳмонаи миллионҳо одамони бегуноҳ...
Мо ин ҷо таҳлили ҳама ҷангҳои ба сари башарият омадаро анҷом доданӣ нестем ва танҳо аз ҷанги мудҳиштарини асри 20-и милодӣ-Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар ин ҷанг даҳҳо мамлакат ба он кашида шудаву миллионҳо одамону қурбон ва садҳазорҳо шаҳру деҳот ба коми нестӣ рафтаанд ва охири охирон Олмони фашистии ба шикаст мувоҷҷеҳшуда ва ғалаби комили Иттиҳоди Шӯравӣ бар онро ёд оварданӣ ҳастем, то ба насли баъдӣ сабақе гардад...
Ҷанги дуюми ҷаҳон (1 сентябр 1939-2 сентябр 1945) - ҷанги ду эътилофи (блоки) ҳарбӣ ва сиёсии ҷаҳон, ки ба ҷанги бузургтарини ҷаҳон дар таърихи инсоният табдил ёфтааст, ки дар он беш аз 62 давлати ҷаҳон иштирок кардаанд.
Ба қавли шоири шаҳири мо-Абулқосим Лоҳутӣ:
Ин ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Зеро Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангии ин фалокати асри 20 дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 миллион нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллион доллари амрикоиро ташкил медод...
Мо имрӯз ҳақ дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60 нафар бо унвони олиии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ,15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.
Солҳо мегузаранд, аммо ин ғалаба, корнамоию ҷонбозиҳо ва қаҳромониҳои бобоёну падарони мо доимо дар лавҳаи хотираҳо абадӣ хоҳад монд.
Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, бар зидди артиши тавоно ва сар то по мусаллаҳи фашистони гитлерӣ тавассути иродаю матонат ва фидокорию садоқатмандӣ, ҷонбозию қаҳрамониҳо ва дӯстиву рафоқати зиёда аз сад миллату халқиятҳои собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омада буд.
Ба шароити ниҳоят вазнини кориву иҷтимоии он замон нигоҳ накарда, меҳнаткашони Тоҷикистони мо ҳам тамоми қувваи худро ба он равона намуда буданд, ки қатор-қатор вагонҳои пурбор шабу рӯз ба сӯи фронт дар ҳаракат бошанд. Либосҳои гарму пойафзоли чармин, ғаллаю озуқаворӣ, маҳсулоти ширию гӯштӣ, меваю сабзавот, абрешим, металҳои рангаву нодир, маъдан, таҷҳизоти гуногуни таъиноти ҳарбидошта ва дигар маводу ашёҳои зарурӣ барои таъминоти Артиши Шӯравӣ фиристонда мешуданд.
Мо, созандагони ҷомеаи нави даврони истиқлоли кишвар дар марҳалаи бунёдкорӣ ва обод сохтани сарзамини қадимаи худ бояд аз падарони сарбаланди хеш ва собиқадорони ҷангу меҳнат ибрат гирем. Зеро онҳо баробари ҳифзи Ватан дар ободонии сарзамини аҷдодӣ заҳматҳои зиёд кашидаанд.
Рӯзи ғалаба ҳамчун - иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС (СССР) аз болои миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст. Рӯзи ғалаба дар Тоҷикистон, Русия, Узбекистон ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштанд.
Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо ба зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Дар баробари ин дар ҳар иду маъракаҳои миллӣ ҳам ба ҳар иштирокдори ҶБВ кумакҳои якдафаъина расонида мешавад, то онҳо ба мушкил мувоҷҷеҳ нагарданд.
Фиристодагони Тоҷикистони мо ҳам барои дифои Ватан, ки он вақт ИҶШС (СССР) ном дошт, барои шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Ва ин қаҳрамониҳои мардуми худро давоми он солҳои мудҳиши Ҷанги Бузуги Ватанӣ аз саҳфаҳои таърих варақгардон карда, ба хулосае меоем, ки: танҳо миллати сарҷамъ, бо ваҳдату якпорча ва меҳнатқарину шуҷоъ метавонад Тоҷикистони соҳибистиқлоли имрӯзаи моро ба ҳама ғалабаву комёбиҳо ва дастовардҳо шарафёб гардонад...
Бовар дорем, ки ҳар ҷавонмарди имрӯзаи кишвари мо аз ҳидояту раҳнамуниҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳом гирифта, дар ростои меҳру муҳаббат ба Ватан, миллат ва муқаддасоти миллӣ устувор буда, дар ҳар куҷое ҳастанд, бо кори неку рафтори баланд миллати моро муаррифӣ менамоянд.
Шарипов Н., Қурбоналии Қ.
ассистентони кафедраи забонҳои
ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ