ОИЛА_ТАРБИЯ Ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи бештар мебояд

 02.05.2024

Ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи бештар мебояд
 
Оиларо сарчашмаи асосӣ ва муътамади тарбия меҳисобем, ояндаи миллат ба тарбияи фарзанд алоқаманд аст. Мутаассифона, солҳои охир ба назар мерасад, ки ҳанӯз ҳам волидони зиёде нисбат ба вазифаҳои тарбиявии фарзанди худ хунукназарӣ зоҳир менамоянд. Ҳарчанд, насли наврас дар муҳити оила тарбия меёбад ва ба камол мерасад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солона ва ҳамчунин дар ҳар як суханрониашон таъкид мекунанд ва ҳар лаҳза моро ҳушдор дода, мегӯянд, ки асри мо асри пурталотум буда, дар тамоми манотиқи олами имрӯз нооромӣ, ҳодисаҳои мудҳиши табиат, ҷангу хунрезию куштор, амалҳои даҳшатбор, бемориҳои кушанда, муборизаҳои сиёсӣ бо навъу шаклҳои мухталиф, фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар авҷ мебошанд, ки барои инсоният ҳар замон мушкилоту хавфу хатар эҷод мекунанд.
 
Албатта, Тоҷикистони азизи мо ҳеҷ гоҳ аз ин ихтилофу мушкилоти аср дар канор намемонад, барои он ки гурӯҳҳои тундрав бо роҳҳои мухталиф ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки авзои ҷаҳонро ноором созанд ва дар ин ё он гӯшаи дунё амали мудҳишеро амалӣ мекунанд. Ҳар як сокини сайёраи замин имрӯз хуб мушоҳида менамояд, ки чӣ гуна амалҳои зишт роҳандозӣ мешаванд ва пеш аз ҳама, мардуми осоишта бештар осебпазир мешаванд.
 
Гурӯҳҳои нопокҳадафи терроризму экстеримизм ва ифротгаро бештар ба қувваи ҷавонон такя мекунанд, аз қувваи ҷавонӣ ва инчунин бетаҷрибагии онҳо истифода мекунанд, бо роҳи фиребу найранг ин табақаи аҳолиро, ки фоизи бештарро ташкил медиҳанд, ба дом андохтан барояшон осонтар ба даст меояд.
Ҳамин аст, ки соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд, ки ҳадафи асосии он таълим ва тарбияи насли бомаърифат, ватандӯст ва ояндасози мамлакат мебошад.
 
Дар боби 2 моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки “Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ном дорад, чунин таъкид шудааст: “...барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намуда, онҳо аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд...”.
 
Барои мо маълум аст, миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни бою ғании беш аз ҳазорсола дорад, ки арзишҳои олии инсонӣ ва умумибашарӣ дар онҳо маҳфуз аст. Эҳтироми калонсолон, гирифтани дуо, панду насиҳату маслиҳати онҳо чун як раванди муҳими зиндагӣ маъмул буд ва мутаассифона, имрӯз ин арзишҳои олии инсонӣ ва сифатҳои ҳамидаи миллати тоҷик баъзан коҳиш меёбанд ё таъсиру асари онҳо заиф гаштааст.
 
Тарбияи фарзанд ва дар баробари он ба таълим фаро гирифтани он аз асрҳои пешин дар маркази таваҷҷуҳи волидон, тарбиятдиҳандагон буду мемонад, зеро ки инсон аз офаридаҳои олӣ, танҳо инсон соҳиби олитарин неъмат-ақл мебошад ва таълиму тарбия танҳо ба инсон мутааллиқ мебошад.
Дар тарбияи насли наврас асосан оила, мактаб ва ҷомеа - секунҷаи устувор бояд саҳми арзанда гузоранд ва фаъолияташонро самаранок ба роҳ монанд.
Мактаб чи дар сатҳи ибтидоию миёна, миёнаи махсус ва чи олӣ дар баробари таълим додан кӯдакро тарбия менамояд. Дар ин росто нақши макотиби олӣ хеле ҳалкунанда мебошад, чунки донишҷӯёни онҳоро ҷавонон ташкил менамоянд ва онҳо дар ин синну сол неру ва қувваи бузурги ҷомеа мебошанд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд. Бинобар ин, падару модарони арҷманд, омӯзгорон, аҳли зиё ва умуман, бузургсолонро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд”.
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат ҳар яки мо, пеш аз ҳама падару модарон- омӯзгорони мактабҳои олиро вазифадор мекунад, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон аз пештар бештар таваҷҷуҳ намоем. Омӯзгор бояд чи дар ҷараёни дарсҳо ва чи дар фаъолиятҳои берун аз дарс ҳамеша ба рафтору кирдори шогирдонаш назорат кунад ва ҳамеша аз ҳама гуна муносибатҳо ва кирдорашон огоҳ бошад.
 
Панду насиҳат, маслиҳат ва раҳнамоӣ аз ҷониби омӯзгор ба ҷавонон бояд ба воситаи сухан таъсирнок ва бо далелҳои эътимодбахш баён карда шавад, то ки ҳар як ҷавонро ба фикр кардан водор кунад, хулоса барорад ва ояндаи худро тасаввур карда тавонад, ки чӣ кор бояд кард, бо кадом роҳ бояд сӯи оянда равона шавад.
Онҳо рафтору гуфтори одамонро сайқал дода, арзишҳоеро мисли некӣ, дӯстӣ, хушгуфторӣ, эҳтиром, кӯмак ба ниёзмандон, ростӣ, поктинатӣ ва ҳазар аз ҳама гуна амалҳои зишту нораворо дар қалби одамон месабзонанд, муносибатҳои инсониро байни инсонҳо қавӣ мегардонанд ва наметавон имрӯз панду насиҳату маслиҳатро аз рӯзгор берун сохт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мақоми маориф ва мартабаи омӯзгор пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба маориф ва ғамхориҳо дар ҳаққи омӯзгор далели ин муносибату ғамхорӣ мебошад.
Пас, ин муносибати ғамхоронаи давлат нисбати омӯзгор моро водор менамояд, ки кори таълиму тарбияро тавъам, чун ду паллаи тарозу ба роҳ монем, ба кори таълим ва тарбия бо ҷиддият муносибат кунем ва якеро аз дигаре дуюмдараҷа нашуморем, охир таълим бо тарбияи хуб ба қудрати беинтиҳои шахс мубаддал мешавад ва шогирдони имрӯзаи мо созандаи ояндаи давлату миллат, идомадиҳандаи кору рӯзгори волидони худ хоҳанд шуд.
 
 
 
Ч.Б. Равшанов, МЛ. Мирзоҳасанов,
устодони кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарори
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат