НАХИ БАМБУК ВА АҲАМИЯТИ ОН

 07.05.2024

НАХИ БАМБУК ВА АҲАМИЯТИ ОН
 
Растании бамбукро инсоният чандин асрҳо пеш медонист ва барои истеҳсоли коғаз онро истифода менамуд. Тадқиқотҳо оиди бамбук ва истифодаи он дар соҳаи нассоҷӣ дар аввалҳои асри ХХ сар шуда буд, аммо танҳо дар охири ин аср маводҳои бамбукӣ истеҳсолу ба фурӯш бароварда шуданд. Солҳои 2005-2010 қуллаи шӯҳратёбии ҷаҳонии нахҳои бамбук гардид.
Нахи бамбук гарчанде нисбат ба дигар нахҳо хело ҳам дер пайдо шуда бошанд ҳам, аммо на танҳо номи «Маводи табиӣ, сабз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи асри XXI»-ро, балки номи «Шоҳи нахҳо»-ро гирифтааст.
 
Растании бамбукро қариб дар ҳама ҷо, вале бисёртар дар Австралия, Америка, Осиё ва Чину Ҳиндустон вохӯрдан мумкин аст, аммо сардиҳои Шимолу гармиҳои сӯзон ва хушкиқлимӣ барои парвариши он мусоид нест.
 
Дар кураи Замин зиёда аз 1000 намуди бамбук ба қайд гирифта шудааст. Қариб ҳама навъҳояш зудинкишофёбанда мебошанд. Баъзе навъҳои бамбук дар 1 соат то 3 см ва ҳатто дар як рӯз то 1 метр ва дар як моҳ то 22 метр қад мекашанд. Барои парвариши он ягон хел корҳои агротехникӣ (ба ҷуз шинонидан ниҳолҳо ва коридани тухмаш), ягон хел маводи мубориза бо зараррасонҳо (гербисид ва пестисид) истифода намебаранд, зеро дар таркибаш маводи муқобили пӯсидашавӣ (антисептикӣ) ва бактериалӣ (биоагент) бо номи бамбокан дорад, ки баъди коркардҳои механикиву химиявӣ ҳам дар таркиби нахаш боқӣ мемонад.
 
Ассотсиатсияи нозиротии нассоҷии Ҷопон як қатор тадқиқотҳои илмӣ гузаронида тасдиқ намудааст, ки матоъҳои бамбукӣ, ҳатто баъди 50-70 даврҳои коркарди техникӣ (мошинӣ) ҳам, хосиятҳои беҳтарини антибактериалӣ, антесептикӣ, арзишманд ва бӯйбариашонро нигоҳ медоранд.
Ниҳоли бамбук дилхоҳ садду монеъаҳои мустаҳкамро сӯрох намуда мегузарад, ҳатто аз ҷиҳати сахтӣ ва ёзандагӣ аз пӯлод ҳам мустаҳкамтар аст. Ниҳолҳояш барои истифода ва коркард баъди 4 солагӣ коршоям мегарданд. Дар ҳолатҳои буридани онҳо боз аз решаашон ва ҳатто аз ҷойи буридашуда сабзишро идома медиҳанд.
 
Оид ба растании бамбук қиссаҳои зиёде мавҷуданд. Масалан, дар Чин он рамзи дарозумрӣ, дар Ҳиндустон бамбук-рамзи дӯстӣ буда, дар Филлипин деҳқонон боварӣ доранд, ки бамбук хушбахтӣ меорад. Дар Ҷопон бамбук аз сабаби ниҳоят рост рӯйидан ва сарсабз буданаш, рамзи тозагӣ буда, дар баромади сол ҷопониҳо дастаи баргҳои бамбуку сарвро дар дастаки дарҳояшон овезон мекунанд ва онҳо бовар доранд, ки он дар соли нав ба хона хушбахтиро ворид мекунад. Аз рӯйи таълимотҳои шарқӣ, бамбук рамзи саломатӣ, дарозумрӣ, ҷавонии бардавом, қувва ва энергияи баланди зиндагӣ, устуворӣ дар мусибат мебошад, иероглифи чинии иборат аз ду чубчаи бамбук низ дарозумриро мефаҳмонад.
Саволе истифодабарандагонро ҳамешагӣ ташвиш медиҳад, ки маводҳои аз нахи бамбук тайёршуда химиявӣ ва ё табиианд?
Нахи бамбукро ба нахҳои химиявии сунъӣ шомил мекунанд, зеро онро бисёртар дар натиҷаи коркарди гуногуни химиявии ба даст меоранд. Аммо нахи бамбукро бо ду роҳ ба даст овардан мумкин аст:
 
1. Химиявӣ;
2. Механикӣ.
 
Тарзи химиявии ҳосилкунии нахи бамбук. Аввал ниҳолҳои бамбукро ба аррамайда табдил медиҳанд. Сипас онро бо калий ва ё бо тезоби натрий коркард мекунанд, ки дар натиҷа моддаи ширешмонанд ҳосил мешавад ва онро аз аппарати ресандагии сӯрохиҳои ниҳоят хурддошта (6-30 мкм) мегузаронанд. Моддаи ширешмонанд, ки табиати ишқорӣ дорад барои ба охир расонидани реаксияаш онро аз муҳити турш (барои нейтрализатсия шуданаш) мегузаронанд, ки дар натиҷа селлюлозаи обакӣ сахт шуда, нахи бамбук ҳосил мешавад. Ин истеҳсолот барои коргарон дар ҳолати риоя нанамудани талаботҳои гигиенӣ-бехатарӣ ниҳоят зарарнок ба шумор меравад, аммо барои истифодабарандагон не, зеро химикатҳояш ба пуррагӣ шуста мешаванд.
 
Тарзи механикии ҳосилкунии нахи бамбук. Бо тарзи механикӣ истеҳсол намудани нахҳои бамбук аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, аммо ниҳоят серхароҷот мебошад. Ниҳоли бамбукро бо тарзи механикӣ реза намуда бо энзимҳои (моддаҳои) табиӣ коркард менамоянд, ки дар натиҷа он ба ҳолати яктаркиба оварда шуда нахҳояш бо дарозии 15-20 см кашида гирифта мешаванд. Ин тарз ба тарзи гирифтани нахҳои зағирӣ шабоҳат дошта, ниҳоят мураккаб мебошад.
Аз рӯйи истеҳсол риштаи бамбукиро ба риштаҳои сунъӣ дохил мекунанд, гарчанд вай 100 % аз бамбуки табиӣ истеҳсол шуда бошад ҳам, зеро бо таъсири реаксияҳои химиявӣ он мегузарад. Аммо матоъи бамбуки бошад чунин баҳогузорӣ карда мешавад: агар риштаҳои матоъ бо тарзи химиявӣ истеҳсол шуда бошад, дар он тамғаи вискозаи бамбукӣ ва агар бо тарзи механикӣ истеҳсол шуда бошад, дар он тамғаи бамбуки лифӣ гузошта мешавад.
Хусусиятҳои матоъҳои бамбукӣ:
 
- Хосияти антибактериалӣ дошта, 70% бактерияҳои дар рӯйи матоъ пайдошударо ҳамоно нест мекунад, бӯйро дур мекунад.
- Аз сабаби дар рӯи нахҳояшон доштани чин ва холигиҳо, хосияти хуби ҳавогузаронӣ дошта , ҳатто аз нахҳои пахтагин афзалият доранд ва намиро мечинанду ҳам зуд бухор менамоянд.
- Ба нахҳои вискозӣ монанд буда, аз ҷиҳати мустаҳкамӣ аз онҳо мегузарад ва баъзе намудҳояш бо пулод муқоисашаванда мебошанд, ҳам дар ҳолати тар ва ҳам хушк будан мустаҳкамиашро гум намекунад, аз ҳамин сабаб, дар замони қадим аз он коғаз тайёр мекардаанд.
- Рангро матоъҳои бамбукӣ хуб мегиранд ва тӯлонӣ нигоҳ медоранд, ҳангоми шӯстан кӯтоҳ намешаванд, пат намедиҳанд ва либосҳояшро муддатҳои дароз истифода бурдан мумкин мешавад.
- Либосҳои бамбукӣ ягон маводҳои зараровар хориҷ намекунанд, гарчанде бо тарзи химиявӣ истеҳсол шуда бошанд ҳам ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд, дар ҳама фасл истифодашавандаанд, ҳисси салқиниву форамӣ мебахшанд.
- Аз таҳқиқотҳои илмӣ бармеояд, ки маводҳои таркиби нахи бамбук барои организми одам муфид буда, хосияти барқароркунӣ ва солимгардонӣ доранд.
- Маводҳои бамбукӣ намуди зоҳирии хело ҳам хуб дошта, маҳин, беҷило ва ҷилонок низ истеҳсол карда мешаванд. Ранги табии нахҳои бамбук сабзи рӯшан ва хокистарианд, ки ба ҳолати равонии инсон таъсири хуб, ва дар айни замон оромибахшу ҳушёркунандаи асаб мебошанд.
- Бо пӯшидани либоси бамбукӣ одам метавонад худро аз нурҳои ултрабунафши офтоб ҳимоя намояд.
 
Хулас, нахи бамбук ягон камбудӣ надорад. Дар саноати нассоҷӣ ба тарзи васеъ барои истеҳсоли ҳамагуна мавод, аз ҷумла матоъҳои либосворӣ, рахти хоб, ҷуробу чарчинворӣ ва маводи техникӣ истифода бурдан мумкин аст. Чӯби дарахти бамбук беҳтарин маводи сохтмонӣ буда дар соҳаи ҷевонсозӣ низ васеъ истифода мешавад. Тоҷикистон - кишавари мо саросар кӯҳсор буда ва чашмасорону рудхонаҳояш бешуморанд. Аз домани талу теппаҳои бекорхобида, доманакуҳҳо ва соҳили дарёву чашмаҳо месазад ба пуррагӣ истифода намуда, ба парвариши растании (дарахти) бамбук машғул шавем. Ин боиси ташкили ҷойҳои бешумори корӣ дар деҳот гардида, дар рушди иқтисодёт саҳми беназире дошта метавонад ва ҳамзамон заминҳои корами обӣ барои кишти зироатҳои маводи хӯрока бештар истифода намудан мумкин мегардад.
 
Изатов Миралӣ Валиевич, н.и.т.,
и.в. дотсенти кафедраи Т ва ТСН,
 
Саидов Ҳусайн Саъдуллоевич,
ассистенти кафедраи Т ва ТСН
                                                                                                                  ecedd89036e5a3fdb1fce4a6b61039bd                                                                                                         
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат