КОРНАМОИИ ФАРЗАНДОНИ ДАЛЕРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ШОИСТАИ ИБРАТ АСТ.
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо - Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Рӯзи Ғалаба - Иди Ғалабаи халқҳои ИҶШС аз болои фашизми миллатгароёни Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 мебошад.
Рӯзи 9-уми май - Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиёти ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд.
Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шӯҳратманд аст.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 57 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардиданд.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу паҷӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Олмони гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд.
Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красний ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият мебурданд. Ҳар сокини Ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад. Ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.
Меҳнаткашони Тоҷикистон баробари мустаҳкам кардани ақибгоҳ, инчунин ба қисмҳои ҳарбӣ содиқона ёрӣ мерасонданд. Онҳоро бо сару либос, озуқаворӣ, аслиҳаи ҷангӣ таъмин менамуданд. Дар давраи ҷанг халқи тоҷик барои фронт 151 вагон, 532500 адад либоси гарм, 123800 килограмм пашм, бештар аз 25000 метр газвор ва дигар лавозимот фиристоданд. Ба захираи мудофиавии Ватан 30 миллиону 500 ҳазор сӯм пули нақд ва 40750 пуд ғалладона ҷамъоварӣ карда супурданд. Барои сохтмони танки «Колхозчии Тоҷикистон» зиёда аз 84 миллион сӯм ва барои сохтмони эскадрилияи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ намуданд.
Баъд аз ба охир расидани ҷанг 9-уми май ҳамчун Рӯзи Ғалаба – иди расмии ИҶШС эълон гардид ва ҳар сол дар тамоми ИДМ ҷашн гирифта мешавад.
9-уми май тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) эълон гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳру вилояту ноҳияҳои Тоҷикистон якчанд кӯчаҳову майдонҳо ва боғи Ғалаба дар Душанбе номгузорӣ шудааст. Дар арафаи ид ҳафтаи “Поси хотир” (аз Тоҷикистон 90 ҳазор нафар ҷанговарон дар амалиёти ҷангӣ вафот кардаанд) вохӯриҳо бо собиқадорон (ветеранҳо)-и ҷанг баргузор мегардиданд, ки барои тарбияи насли наврас нигаронида шуда буданд.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони муосир боқӣ мондааст.
Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии онҳо имрӯз барои мо, ки истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ мебошад.Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои шоёне, ки аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз намуданд, ин барои фронти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонмардон буд. Бо ин масъала дар ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоятӣ, 67 шаҳрию ноҳиявӣ машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҳам сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба фронт рафтан мехостанд, хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6 ҳазор аризаҳои ихтиёриён омаданд, ки дар онҳо ҷавонмардон хоҳиши ҳар чӣ зудтар онҳоро барои мудофиаи Ватан, ба фронти ҷангӣ фиристоданро менамуданд.
Комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ на танҳо бо корҳои сафарбаркунии ҷавонмардон машғул буданд, балки онҳо кӯшиш мекарданд, ки фронтро бо кадрҳои ихтисоснок таъмин намоянд. Бо ҳамин мақсад дар назди баъзе комиссариатҳои харбӣ нуқтаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо ба ҷавонмардони тоҷикистонӣ ихтисосҳои гуногуни ҳарбиро меомӯзониданд.
Дар асоси қарори КДМ аз 17 сентябри соли 1941 дар тамоми ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ таълими умумии ҳарбӣ, ки «всеобуч» меномиданд, ҷорӣ карда шуд. Он ҳамаи ҷавонмардони синнашон аз 16 то 50 соларо дар бар мегирифт. Дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1941 то августи соли 1942 ҳамагӣ 177.685 нафар аз таълими умумии ҳарбӣ гузаштаанд.
Ин чорабиниҳо ҳама дар замоне мегузашт, ки дар ҷумҳурӣ сафарбаркунии умумии ҳарбӣ барои фронти ҷангӣ давом дошт. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба миқдори умумӣ 300000 нафар фарзандони солиму бардами худро фиристод. Аз ин миқдор 209 ҳазор нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ, аз ҷумла 175648 нафарашон дар сафҳаи аскарони Шӯравӣ даъват шудаанд. Онҳое, ки синнашон барои хизмат дар сафи аскарони сурх номувофиқ ҳисобида шуд, ин миқдор 44. 957 нафар (асосан калонсолон), барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир фаъолият мекарданд, сафарбар шуда буданд. Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тоҷикитсон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Чунончӣ, Аҳмад Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» — и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.
Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке — Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд. Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Собиқ колхозчии ба номи К.Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8 – 10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.
Сентябри соли 1943 қӯшунҳои Шӯравӣ ҷангкунон дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он ҷанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соҳили дигар мавқеъ гирифта, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон ба тарзи васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ ношон дода, муқобилияти сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Ӯрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муҳаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» — и ноҳияи Ашт, Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Дар муҳорибаи назди Ленинград инчунин разведкачӣ Иван Симакови душанбегӣ қахамониҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.
Моҳи марти соли 1944 фронтҳои 1, 2 ва 3 – юми Украинӣ дар мубориза ба муқобили душман махсуан муваффақиятҳои бузург ба даст даровардаанд. Онҳо қувваҳои асосии душманро маҳв намуда, қисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти ҳамон сол аскарони фронти дуюм ба дарёи Прут, ба сарҳади давлатии ИҶШС ва давлати Руминия расиданд. Дар ин муҳорибаҳо ҷанговарони Тоҷикистонӣ низ мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф шудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати фронтҳои Белоруссия ҳам мардонагии зиёд нишон доданд. Аз ҷумла тоҷикписари хуҷандӣ Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белорус ва Лаҳистон (Полша) иродаи қатъӣ нишон дода, сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. 14 июл бошад пулемётчӣ Ҷӯтоқ Урозов барои озод намудани сарзамини Латвия, дар назди шаҳри Лудза, мардонагӣ нишон дода, бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (баъди маргаш) сарфароз шуд.
Исмат Шарипови данғарагӣ, то оғози ҷанг колхозчии колхози «Коментерн» -и ноҳия буд. Дивизияе, ки ӯ хизмат мекард, барои рахна намуда гузаштан аз дарёи Днестр, ҷангҳои сахт мебурд. Дар яке аз ин муҳорибаҳо Исмат Шарипов дар қисми рости дарё, барои васеъ намудани нуқтаи ишғолнамуда қаҳрамонӣ нишон дод, вале худаш ҳалок гардид. Ӯро баъди маргаш, 13 сентябри соли 1944 бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотониданд.
Зодаи ноҳияи Балҷувон Сафар Амиршоев ҳангоми саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар колзози «Меҳнат» — и ноҳияи Кӯлоб кор мекард. Ноябри соли 1942 аввалин амалиёти ҷангии ӯ, чун тӯпчӣ, аз муҳорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оғоз гардида, минбаъд дар муҳорибаҳои зиёд корнамоӣ нишон додааст. Махсусан корнамаи ӯ дар муҳорибаи сахттарине, ки дар Литва ба амал омадааст, қайд гардидааст. Дар ин муҳриба Сафар Амиршоев бо тӯпи худ зиёда танкҳои навини фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ӯро, баъди маргаш, бо унвони баланд – Қаҳармони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз намуданд.
Дар маҳви душман ҳиссаи авиаторон низ бузург аст. Онҳо нуқтаҳои муҳими душманро муайян менамуданд, ва он нуқтаҳоро бомбаборон мекарданд, бо қувваҳои ҳавоии душман ба ҷанг медаромаданд. Дар байни авиаторон Иван Волухов, Тимофей Гаврилов, Иван Душкин, Василий Обухов, Михаил Родних, Григорий Таран, Павел Тихонов ва Серафим Ятсковский барин далерони майдони ҷанги ҳавоӣ буданд, ки онҳо то оғози ҷанг дар нуқтаҳои баландкӯҳи Кӯҳистони Бадахшон парвоз мекарданд. Маҳз дар натиҷаи шуҷоату мардонагӣ ҳамаи номбурдагон сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд.
Аскарони Шӯравӣ баъди озод намудани сарзамини мамлакати худ, бо мақсади дар худи лонааш пурра маҳв намудани душман, ҷангро идома доданд. Бинобар ин амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ асосан дар сарзамини давлатҳои дигар мегузашт. Аз ин рӯ дар байни он ҷанговарон ҷавонписарони ҷумҳурии мо низ буданд ва онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб шоҷоати зиёд нишон додаанд. Чунончӣ, тоҷикписарон Эргаш Шарипови конибодомӣ ва Амиралӣ Саидбекови ховалингӣ дар сарзамини Чехословакия мардонагӣ нишон дода, ҳар ду ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ лоиқ гардидаанд. Аскари қаторӣ, пулемётчӣ Раҳимбой Раҳматови хӯҷандӣ дар сарзамини Лаҳистон (Полша) қаҳрамонии зиёд нишон дода, 27 июни соли 1945 ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуд. Абдуназар Фармонқулов бошад, маҳз дар сарзамини Лаҳистон, 12 январи соли 1945 чор танки душманро аз кор бароварда, сазовори ордени дараҷаи 1- уми Шараф шуд. То ин лаҳза вай дар муҳорибаҳои назди Москва, Курск ва ғайра мардонагӣ нишон дода, аллакай сазовори ордени Ситораи Сурх, орденҳои дараҷаи 3 ва 2 – юми Шараф ва 5 медал гардида буд. Вай аввалин аз байни тоҷикон ва даҳумин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шахсе буд, ки ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз шудааст.
Муҳорибаи шаҳри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахттарин ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон додаанд. Се нафари онҳо: Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.М. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Қаҳрамонии халқи Тоҷикро ягон сиёсатмадор, наметавонад хатчадор созад. Зеро агар ба фоизи аҳолӣ гирем, Тоҷикон бештар аз ҳама халқиятҳои 15 республикаи советӣ, бо шумули Русия низ, дар ҶБВ ширкат кардаву аз ҳама зиёдтар талафот додаанд. Ҳар 3-умин сокини РСС Тоҷикистон ва агар ба фоизи мардон гирем, ҳар 2-умин нафар ҷангидааст ва миёни Тоҷикон хиёнаткорон қариб, ки набуданд.
Ҳамин тариқ, дар хулоса қайд кардан мумкин аст, ки мардуми шуравӣ бо арзиши талафотҳои ниҳоят бузурги нерӯҳои моддӣ ва маънавӣ ва истодагариҳои сангин тавонистанд на танҳо истиқлолияти ватани худро дифоъ намоянд, балки инчунин онҳо душманро торумор намуда тамоми тамаддуни инсониро аз фашизм озод намуданд.
Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои қурбониёни ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва ақибгоҳи он ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Қаҳрамониҳои оммавӣ ва корнамоиҳои ҷовидонаи ҷанговарони артиш, флот, милитсия, партизанҳо, лашкарони халқӣ, пинҳонкорон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнаткашони ақибгоҳ дар ниҳояти кор Ғалабаи Бузургро таъмин намуд. Ғалабаи халқу миллатҳои Иттиҳоди Шуравӣ дақиқан ба тамоми ҷаҳон иқтидори бузурги давлат, ватандӯстӣ ва рафоқати халалнопазирро дар ин ҷанг нишон дод. Корнамоиҳои қаҳрамононаи намояндагони ҷасури ин халқу миллатҳо абадан дар муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳрҳои қаҳрамони Брест, Москва, Ленинград, Одесса, Волгоград, Киев, Керч, Севастопол, Новороссийск, соҳилҳои Волга, Дунай, Днепр, Заполярье, Висла, Кавкази Шимолӣ, Шпре, Одер, Эльба, Шарқи Дур, Муғулистон ва ғайра дар хотираҳо нақш бастааст.
Боварӣ дорам, ки наслҳои оянда низ солномаҳои муборизаи қаҳрамононаи падарону бобоёнамонро дар мубориза бар зидди фашизм ташвиқ намуда, намунаҳои олии ҷасурию қаҳрамонӣ, корнамоиҳои пуршарафи фиристодагони мардуми тоҷикро дар хатти пеши ҷабҳа бо душманон мавриди омӯзиш, инъикос, тарғиб қарор хоҳанд дод. Зеро, ин Ҷанг садсолаҳои дигар фаромӯшнашавандааст!
Ба рӯҳу равони ҳамаи иштирокчиёни ин Ҷанг сари таъзим фуруд меоварем!
Мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
н.и.т., дотсент Шарофов Э.У.