ҶАВОНОНИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ИФТИХОРИ МО!

 24.05.2024

ҶАВОНОНИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ИФТИХОРИ МО!
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим дар замони соҳибистиқлолӣ аст, ки ҳамасола 23-юми май таҷлил мегардад.
Имрӯз мо ифтихор дорем, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои кишвар ва ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас доранд. Ҳамчунин, онҳо барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро ҳифз менамоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати ҷавонон ғамхории махсус зоҳир мекунанд. Яке аз иқдомҳои шоистае, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи Президентӣ мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 апрели соли 1997 дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ масъалаи таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузошта, зикр намуданд, ки барои ҳар чӣ бештар ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва роҳбарии истеҳсолӣ ҷалб намудани занон бояд аз ҳисоби духтарон мутахассисони соҳаҳои гуногун хоҷагии халқ барои таъмин намудани ноҳияҳои дурдаст тайёр карда шавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон шомил гарданд.
Дигар самти сиёсати ҷавонон дастгирии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Барои дастгирии онҳо 26-уми феврали соли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, литсейҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо», 20-уми марти соли 1998 «Дар бораи таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба тасвиб расид.
Бо мақсади боз ҳам дастгирӣ ва рушди ин қишри ҷомеа 19-уми июли соли 2015 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси ин шӯро татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад.
Соли 2020 дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулонои соҳаи илму маориф ва аҳли зиёи кишвар шумораи стипендияи Президентӣ аз 400 ба 3000, шумораи чунин стипендияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз100 ба 500 ва барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ аз 15 ба 50 расонида шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии стипендияҳои Президентӣ 70 фоиз ба фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона гардидааст. Яке аз василаҳои муҳиме, ки ҳоло ҷавонони соҳибилмро ба ҳам овардааст, дар фазои илмӣ фаъолият намудани Шӯрои олимони ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани бештари олимони ҷавон шумораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон зиёд карда шуд, ки ҳар сол 12 нафар ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд. Ин ҳам бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонон ва рушди илми тоҷик аст.
Дар мулоқоти худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 майи соли 2021 бо ҷавонони кишвар ба маврид қайд намуданд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ низ ҳамеша бо ҷонибдорӣ ба сиёсату ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоду ибтикороти ҷавонони донишгоҳро дастгирӣ менамояд. Ҷиҳати ҳавасманд гардонидану муҳайё сохтани шароити таҳсил барояшон ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.
Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд. Зеро, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти ҷавонон аст.
 
Бунафша Аҳмадзода,
муовини ректор оид ба тарбияи
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
Возможно, это изображение 1 человек
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат