ҶАВОНОНРО АЗ НАЙРАНГҲОИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЭҲТИЁТ БОЯД КАРД!

 24.05.2024

ҶАВОНОНРО АЗ НАЙРАНГҲОИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЭҲТИЁТ БОЯД КАРД!

Дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

 Имрӯз ва ҳафтаи равон ба ҷавонон, ба қишри неруманд ва замонавию сершумортарини кишвар бахшида шудааст. Маҳз такяи асосии Роҳбару Ҳукумати кишвар ба ҷавонон гузошта шуда, онҳо ба боварии бузурге сазоворанд.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо ҷавонони Тоҷикистон барои пешрафти ҷомеа ва обрӯю нуфузи кишвар саҳми арзанда доранд. Дар арсаи байналмилалӣ бо иштирок дар чорабиниҳои варзишию илмӣ, фарҳангию маданӣ парчамбардори миллатанд.

Аз ин рӯ, ҳифзи ин қишри ҷомеа амри воҷиб ва вазифаи ҳар як фарди солимандешаи кишвар аст. Зеро осеб дидани ҷомеаи ҷавони кишвар аз ҷиҳати фикрию андешаронӣ, психологию тарбиявӣ пояҳои бовариноки пешрафти миллатро суст мегардонад.

Ба ин пеш аз ҳама гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ, экстремистии динию ифротгароӣ сабаб мешавад. Ғояҳои паҳнгардида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки имрӯзҳо таъсири ниҳоят амиқ доранд, маҳз ба ҷавонон мерасанд. Ҷавонони имрӯза бо истифодаи телефонҳои мобилӣ дониши хеле хуби истифодабарӣ ва огоҳии васеъ аз иттилооти сомонавӣ доранд. Онҳо бо андаке имкон тамоми паҳлуҳои технологияҳои иттилоотиро сарфаҳм мераванд.

Дар ин самт ноогоҳии ҷавонон аз ғояҳои найрангии гурӯҳҳои террористӣ, сатҳи пасти андешаронии миллӣ дар баъзе аз ҷавонон ононро ба доми фиреб меафканад. Ин аст, ки ноогоҳе бо умеди “биҳиштӣ” шудан ё маблағи ночизе ба даст овардан гирифтори ғояҳои тундравон мешавад.

Терроризм ҳамчун рӯйдоди сиёсӣ таърихи қадима дорад. Ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зуҳуроти номатлуби терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Воқеаву ҳодисаҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза собит месозад, ки проблемаи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ яке аз масъалаҳои актуалӣ ва доғи рӯз боқӣ мондааст ва ҳал намудани ин мушкилӣ танҳо дар ҳамбастагии қудрат ва имконоти дохилию хориҷии кишварҳои ҳампаймон имконпазир мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12.05.2018 изҳор доштанд, ки «Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд.

Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.

Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд».

Масъалаи дин ва эътиқоди динӣ нозуктарин буда, маҳз дар ҷомеаи мусулмонон таъсирбахш аст ва аксарият таҳдид ё хурдтарин танқиду тамасхурро нисбат ба дин таҳаммул надоранд. Ин воситаест барои истифода бурдани нафари сустирода ва ноогоҳ!

Дар моддаи 30, боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст”.

Ин иқтибос тамоми амалҳои террористиро маҳкум менамояд. Аммо нафаре, ки аллакай мағзшӯӣ гардидааст, бо таблиғу ташвиқи ноогоҳонаи “қонунҳои шариат” номи ислому мусулмонро ба сиёҳӣ мекашад, ҳатто байни мусулмонон ноогоҳона хусумат бармеангезад, муқаддасоти миллию забониро таҳқир карда, ба миллату Ватан иснод меоварад.

Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудааст. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд.

Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст... Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.

Аз омӯзиши таҷрибаи гузаштагон бармеояд, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи мероси фарҳангии худ аз арзишҳои динию мазҳабӣ  оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир ноил шудаанд. Воқеан, дини мубини ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, дар тӯли асрҳои зиёд бо фарҳанги куҳанбунёди мо омезиш ёфта, ба як рукни таркибии фарҳангамон табдил ёфтааст. Имрӯзҳо дар кишвари мо ба шарофати истиқлолият арзишҳои ахлоқии имониву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Ин аст, ки мо дар баробари ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ масъулияти худро дар самти нигоҳдории покиву саодати арзишҳои динӣ ва айни замон пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти ифротгароии динӣ эҳсос мекунем.

Қобили қайд аст, ки ҷаҳонишавӣ омили воқеан муҳими рушду таҳавуллоти ҷиддӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму техника ва технологияи муосир, истеҳсолот ва истеъмолот гардида, ба наздикшавии кишварҳо ва халқҳои саёра хеле мусоидат кард. Вале дар баробари ин раванди ҷаҳонишавӣ сабаби дар минтақаҳои гуногуни олам паҳн шудани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили терроризму, экстремизм, радикализму сепаратизм, ҷинояткории муташаккили байналмилалӣ ва дигар фаъолиятҳои барои инсоният хатарнок гардид. Ва ниҳоят ин падидаи фарогир арсаи ба вуҷуд омадани буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ гардид, ки таъсири манфии он ба иқтисоди аксари мамолики ҷаҳон то ба имрӯз идома дорад. Раванди ҷаҳонишавӣ арзишу асолатҳои миллии халқу миллатҳои гуногунро таҳти хатари нобудӣ қарор додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар маросими таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ (Рашт, 27-уми июни соли 2006) ва дар маҷлиси тантанавии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (Душанбе, 8-уми сентябри соли 2006) иброз дошта буданд: “Борҳо таъкид кардаем, ки дини мубини ислом дар зоти худ айбе надорад. Баръакс пайравони худро ҳамеша ба парҳезгорӣ аз амалҳои номатлубу зиддиинсонӣ ҳидоят карда, сулҳпарвариро рисолати бузурги имонии ҳар як мусулмон мешуморад. Аз ин рӯ, онро бо экстремизм ва терроризм айният додан ва ё ин падидаҳои нангинро бо номи поки ислом пайванд додан ғалати маҳз аст”.

Аслан терроризм ва экстремизм пайравӣ ба ақидаву амалиёти ифротгароёнаву оштинопазир аст, ки моҳиятан хусусияти сиёсӣ ва динӣ доранд. Экстремизми сиёсӣ ва динӣ кӯшиши гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва шахсиятҳои ҷудогона барои ба даст овардани ҳокимият ва иҷрои барномаҳои сиёсии худ буда, ҳадаф ва оқибати он бар зидди манфиатҳои аҳли ҷомеа аст.

Маъмулан ин гуна кӯшишҳои хатарнок муқовимат ва зӯровариро ба миён оварда, суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Дар ин замина шаклҳои муборизаи оштинопазир ва интиқомҷӯёнаи экстремизм падид меоянд, ки онҳо дар симои терроризм зоҳир мегарданд. Аз ин рӯ, мо тамоми шаклҳои зуҳури экстремизм ва терроризмро маҳкум намуда, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳоро яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи худ меҳисобем.

Дар пайвастагӣ ба тамоми андешаҳои болозикр тамоми мардуми Тоҷикистонро даъват менамоям, ки фарзандон ва ҷавонони худро эҳтиёт намоем. Дар тарбияи онҳо, фаъолияту таҳсили онҳо ҷиддӣ ва аз ҳар қадами гузоштаи онон огоҳ бошем. Мо ҳамчун давомдиҳандаи номи неки аҷдодони баруманди миллати тоҷик номбардори гузаштагонамон бошем.

Модари тоҷик танҳо қаҳрамон ба дунё овардааст. Қаҳрамонӣ хизмат ба миллату Ватан ва падару модар аст. Ин қаҳрамониро бо “қаҳрамониҳои биҳиштӣ” омехтаву олуда нагардонем. Зеро қаҳрамонии биҳиштӣ ҳамон ҷонсупорӣ барои пешрафти Ватану миллат ва осудагии волидон аст. Ҷиҳод –ҷаҳду талош барои осудагию баракати хонадон, дар роҳи ҳифзи амну осоиштагии Ватани азиз аст.

Юнусов Фаридун Маъруфович – н.и.и., и.в. дотсенти

кафедраи ташкили интиқол ва идора дар

нақлиёти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.


Ба рӯйхат