Баъд аз истиқлоли давлатӣ ҷавонон чун як нерӯи пуриқтидори созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф гардиданд. Ин қишри муҳими ҷомеаро мебояд, ки аз файзи истиқлол бештар баҳра гирифта, ба қадри ин ҳама неъмати бебаҳо ба мисли озодӣ ва соҳибистиқлолӣ расида, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Зеро истиқлол ин бародарию баробарии тамоми узви ҷомеа, сари баланд, зиндагии осоишта, хонаи ободи ҳар як миллати соҳибдавлат ва ватандор мебошад.
Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70 фоизи онро ҷавонон ташкил мекунанд. Ҳамин буд, ки Ҳукумати кишвар аз солҳои нахустини ба истиқлол расидан ба татбиқ намудани сиёсати давлат доир ба ин қишри муҳим ҳамчун нерӯи созанда ва бунёдкор афзалияти бештар муқаррар намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо мақсади боз ҳам фаъол гардидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» қабул карда шуд, ки он барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо роҳи боз ҳам васеъ кушод.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур давра ба давра панҷ маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», ду маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013-2015, «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Дар баробари ин, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард. Пас аз қабули чунин санадҳо конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд.
Асри ХХ1 асри илму техника ба ҳисоб меравад. Танҳо он давлате, дар ин ҷабҳа муваффақ аст, ки захираи бойи кадрӣ ва мутаххассиони сатҳи воло дорад. Яке аз қишрҳои асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон дар давраи муосир амаҳмияти хосса касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро лозим ва зарур аст, ки ҷиҳати омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар машғул гардад, таърихи сипаригаштаи халқи худро, ки пур аз шебу фароз аст донад, ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат арҷгузор бошад, арзиши ин миллати тамаддунофарро аз ҳама чиз қиммат донад ва дар умум худшиносу худогоҳ бошад.
Муҳаммадҷон Назаров,
донишҷӯйи курси 3-юми факултети сохтмон ва меъморӣ