Кӯдакон ояндаи миллат ва давлати тоҷикон мебошанд!

 31.05.2024

Кӯдакон ояндаи миллат ва давлати тоҷикон мебошанд!

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, ки “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст. Хусусан, солимии кӯдакон ояндаи миллат буда, таъмини ҳуқуқҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад”. 

 Ба ин мазмун, ҳамасола рӯзи якуми июн дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони азизи мо ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон таҷлил мегардад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдаконро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф намуда, новобаста аз бӯҳронҳои соҳавӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон сайъу ташол менамояд.

Дар фазои истиқлол ҳамасола аввали моҳи июн Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, аз диди таърихӣ аҳамияти ҳуқуқии ин рӯз барои кишвардории мо бисёр муҳим аст. Яъне, ин ташаббус аз соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева, ки якуми июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар шудааст, оғоз мегардад. Аз он замон сар карда, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон дар олам ҷашн мегиранд. 

 Дигар ин, ки тайи ин солҳо дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдакон, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани онҳо, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад ва он махсусан аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардида буд.

Таҳияи чунин Конвенсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакон ҳамчун ояндаи ҷомеа мусоид буд. Ин Конвесия дар бораи ҳуқуқи кӯдак воситаи асосии байналмилалие ба шумор меравад, ки дар он тамоми ҳуқуқи кӯдакон дарҷ гардидааст. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст ва он аз ҷониби тамоми давлатҳои дунё эътироф карда шудааст. Воқеан, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои кӯдакон ҳамчун ояндаи солими инсоният аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Дар ин самт, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири олами башар Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кӯдакро соли 1993 таҳия намуда, ҷиҳати амалӣ намудани ӯҳдадорию принсипҳои дар Конвенсия қайдгардидаро ба зимма гирифтааст. Ин санади ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз нахуст санадҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ӯҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар асоснок менамояд. Дар асоси ин санади ҳуқуқӣ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурдро ҳамчун кӯдак эътироф менамоянд. Ҳол он, ки зиёда аз 39 фисади аҳолии кишварро дар маҷмӯъ кӯдакон ташкил медиҳанд, ки онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистони мустақил, ки дар ҳоли рушд қарор дорад барои насли наврасу ҷавон шароити ҳуқуқӣ муҳайё намудан, масъалаи муҳим мебошад.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ ояндаи дурахшони давлати миллиро насли солими он (кӯдакон) муайян менамоянд. Ин қишри ояндасоз дар ин раванд кӯдакон буда, осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеаву Ватан ба шумор мераванд. Дигар ин, ки солимии кӯдакон орзуи ҳар як падару модар мебошад. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад. Волидайн тамоми умр кӯшиш ба харҷ медиҳад, шабу рӯз муборизаи ҷисмонию рӯҳӣ мебарад, то ки кӯдаконашон солим ва саломат ба воя расад. 

Аз ин рӯ, то ба ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Аммо бо мавҷудияти омилҳои гуногун, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор гардидаанд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Омори хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар аксари кишварҳои Осиёву Африқо кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ қарор дошта, зери бемориҳои вазнини сироятӣ умр ба сар мебаранд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз таълиму тарбияи мактабӣ азият мекашанд.

 Бо дарназардошти чунин мушкилиҳо атрофи ҳуқуқҳои кӯдакон, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну солӣ яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Яъне, 39 фисади сокинони мамлакатамонро кӯдакон, 34 фисади онро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳандаи мусбии демографӣ дар дигар кишварҳои олам кам ба назар мерасанд. 

Бо мавҷудияти мушкилиҳои соҳавӣ дар Тоҷикистон ин қишри ҷомеа таҳти ғамхории доимии давлат ва сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои наврасон пайваста талош менамоянд. Чунки тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳифз ва нигоҳдории манфиатҳои иҷтимоии кӯдакону наврасони кишварамон вазифадор мебошад. 

Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавон бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Дар ин самт, аз ҳама масъалаҳои мубрами кишварро дар шароити муосир, ин ба таҳсили пурраи доимӣ фаро гирифтани кӯдакону наврасони кишвар мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таълимии кишвар қариб 99 фисадро ташкил медиҳад, ки хуб аст.

Мутаасифона имрӯз таъсири манфии равандҳои глобалӣ ба ҷомеа, хусусан ба кӯдакону наврасон ба мушоҳида мерасад. Саркашӣ аз мактабу маориф, беодобӣ, тарбияи нодурусти иҷтимоӣ, саркашӣ аз қонуну тартибот ва берун рафтан аз тарбияи волидайн, яке аз мушкилиҳои калидии кишвари мо маҳсуб меёбанд. Новобаста аз назорати қатъии падарону модарон, мақомот ва таъсири махсуси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалуияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, ба амалҳои даҳшатангез даст задани кӯдакону наврасон ба мушоҳида мерасанд. 

Ҳодисаҳои рухдодаи солҳои охир ба мо шоҳидӣ медиҳад, ки дар баробари тадбирҳои андешидашуда, аз ҷониби баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ, ҷиноят ва ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад. Чунки аксари ҷиноятҳои ноболиғон содиркарда ба иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир сар задаанд. Яке аз ҳадафҳои қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон", ин дар баробари давлату Ҳукумат масъулияти бештар доштани волидайн аст. Онҳо ӯҳдадоранд, ки оид ба фаъолияти фарзандони худ назорати ҷиддӣ бурда, дар ояндаи онҳо масъул мебошанд.

 Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар дар баробари масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятиву сарҳадӣ, ба солимии ояндаи кӯдакон ва бартараф кардани мушкилиҳои соҳавии он муҷодала менамояд. Дар ин асосҳо, Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ такя намуда, ҳуқуқу озодии кӯдаконро ҳифз мекунад. Ба кӯдакон ҳамчун ояндаи дурахшони миллат назар мекунад. Барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо шароит фароҳам меорад. Набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯза аст, ки фардо онҳо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Дигар ин, ки онҳо чӣ гуна ба воя расида, ҷомеаро соҳибӣ мекунанд, аз волидайн ва давлат вобастагӣ дорад. 

Ҳамин тариқ Тоҷикистони азизи мо кишвари соҳибистиқлоли иҷтимоӣ буда, дар таъмини ҳимояи ҳуқуқҳо, таъмини зиндагии шоиста ва бехатарии кӯдакон дар ҷомеа масъул аст. Дар тарбия дуруст, солимии руҳию равонӣ ва ба ҳаёти мустақилона қадам мондани онҳо ҳамаи мо вазифадорем. Меарзад, ки кӯдакону наврасонро дар рӯҳи ватанпарварӣ, ваҳдатсолорӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамидаи тоҷикӣ ба воя расонем.

Бори дигар ҳамаи кӯдакону наврасонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати ҳуқуқҳои кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон дар фазои истиқлолият осмони софу беғубор ва саломативу сарбаландӣ хоҳонем. Бигзор кӯдакони мо ҳамеша сарбаланду саодатманд ва ворисони арзандаи Тоҷикистони азиз бошанд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!

Устодони кафедраи

фанҳои ҷомеашиносӣ

 н.и.с., Мусоев Ш.М. ва

ассистент Давлятова Г.Б.

 

 


Ба рӯйхат