ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ.

 10.06.2024

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ.

«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Э.Раҳмон

      Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, терроризм ва Экстремизми байналмилалӣ мебошад. Воқеан ҳам ин вожаҳо вожаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомиҳоро пеши назар меорад. Нафаре шомили ин гуруҳ мешавад аллакай аз муҳити инсонгари баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад Ин падида (тероризм ва экстремизм) дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд.

      Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён овардааст. 

    Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

     Пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

        Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.

    Бояд ёдовар шуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсия байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

  Дар ин конференсияи сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

         Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

    Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористиро маҳкум мекунад ва яке аз давлатҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир пешсаф мебошад.

   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. 

   Ҳар фарди кишваро, аз он ҷумла ҷавононро зарур аст ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба арзишҳои муқаддаси давлатӣ арҷ гузоранд.   

     Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

     Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ наёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

      Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуб худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард. Ҷавонони тоҷик, ки қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат мебошанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

     Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд.

     Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

     Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Мо ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоем.

Муаллими калони

кафедраи Иқтисодиёт

ва идора дар истеҳсолот

Саидов Шоҳин Худоидодович 

 

 


Ба рӯйхат