Пайванди илм бо истеҳсолот – тақозои замон

 05.07.2024

Пайванди илм бо истеҳсолот – тақозои замон

Чанд андеша дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар.

    Ба ҳамагон маълум аст, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф давра ба давра маблағгузориро зиёд намуда, аз рӯйи имконият маоши кормандони ин соҳаҳоро зина ба зина баланд бардошта истодааст. Вохӯрии навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар бо аҳли илм ва маориф, ки рӯзи 30.05.2024 баргузор гардид, як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаи илму маорифи кишвар дар чанд соли охир мебошад: “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.”

  Пӯшида нест, ки дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон илм мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Имрӯз Ҳукумат ба қадри имкон барои пешрафти илм дар кишвар ҳама шароитҳоро муҳайё намуда, даҳҳо марказу пажӯҳишгоҳҳои навро таъсис додааст, ки дар онҳо олимони соҳаҳои гуногун фаъолият намуда истодаанд. Зеро дар замони муосир танҳо давлатҳое рушду тараққӣ мекунанд, ки онҳо илму маорифи пешрафта доранд. Баръакс давлатҳое, ки дар онҳо низоми илму маориф рушд наёфтааст, ин гуна давлатҳо дорои иқтисодиёти паст, зиндагии қашшоқона буда, сохтори сиёсиашон мустаҳкам намебошанд. Дар чунин давлатҳо ҷаҳлу таассуб ва хурофот ҳукмрон аст, ки мо мисолашро дар чанд давлати дуру наздик дида метавонем. Дар меҳвари вохӯрии Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар низ маҳз масъалаи пешрафти илму маориф ва тадбиқи он дар истеҳсолоту иқтисодиёти кишвар буд.

   Дар суханронии худ Пешвои миллат нақши илму олимони кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ бо овардани мисолҳои мушаххас мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла қайд карданд:

“Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст.”

    Инчунин қайд карда шуд, ки дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ 3900 муассисаи таълимӣ сохта шуда, шумораи муассисаҳои олии кишвар аз 13 – то ба 47 расонида шуда, миқдори донишҷӯён дар ин муассисаҳо аз 65 ҳазор ба 220 ҳазор расид. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки соҳаи илму маориф дар кишвар рӯз то рӯз пеш рафта истодааст. Таъкид карда шуд, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти илму адабиёт, иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанг 

   Аммо Сарвари кишвар қайд карданд, ки дар баробари ҳамаи ин ғамхориҳои Ҳукумат натиҷаи кори олимони мамлакат ва тадбиқи он дар истеҳсолот ҷавобгӯ ба талаботи замон нест. Саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохили кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ҷои таассуф аст. Олимони соҳаҳои гуногуни илмро зарур аст, ки барои дар амал тадбиқ намудани дастовардҳои илмии хеш кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Дар ин маврид Пешвои миллат зикр намуданд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимонда санҷида шавад. Барои фаъолияти пурсамари онҳо ва бо технологияҳои замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ бояд пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шаванд.

     Масъалаи дигаре, ки дар ин вохӯрӣ матраҳ гардид, тадбиқи Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» буд. Сарвари кишвар қайд карданд, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд: “Дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест. Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд.”

    Қисми зиёди ҳудуди кишвари азизи мо – Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, ки дорои сарватҳои зиёди табиӣ мебошанд. Ин тақозо менамояд, ки барои коркарди сарватҳои табиии кишвар бояд ба инкишофи илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад. Аммо тавре ки Сарвари кишвар қайд карданд вазъи тайёр намудани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биология биотехнология, биохимия экология ва монанди инҳо ба талаботи замона ҷавобгӯ нест. Аз ҷониби Сарвари кишвар таъкид карда шуд: “Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем.”

    Зикр карда шуд, ки мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем. Олимонро зарур аст, ки идома додани мактаби устоду шогирдро барои худ қарз донанд ва донишу малакаи худро аз шогирдони хеш дареғ надоранд. Ин анъана дар таърихи халқи мо собиқаи тӯлонӣ дорад. Пешвои миллат таъкид намуданд: “Расми дунё ҳамин аст, ки ҳеҷ кас дар зиндагӣ ва мансаб абадӣ нест ва касе ҳатман ҷойгузини каси дигар мешавад, аз ҷумла шогирд ба ҷойи устод.”

   Пешвои миллат дар пешрафти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши истеҳсолоти химиявӣ, металлургия, саноати сабук, хӯрокворӣ коркарди маъдан ва металлҳои қиматбаҳоро махсус қайд карда, аз олимону донишмандон коркардҳои мушаххасу фоидаовари илмӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва муҳандисиву коргариро талаб намуданд. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади таъмини коргарони баландихтисос дар «Ширкати алюминийи Тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», корхонаи истеҳсоли семент, «Тоҷик Азот», Маркази барқу гармидиҳӣ ва дигар корхонаҳои хурду бузург, инчунин, рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва геология ба Вазорати маориф ва илм дастур дода мешавад, ки ба масъалаи таъсиси факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд.

   Дар баробари ҳамаи ин аз олимон талаб карда шуд, ки ба сатҳу сифати корҳои илмӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, то ин ки обурӯи илми тоҷикро берун аз кишвар ҳифз карда тавонанд. 

   Мо олимони соҳаҳои гуногуни илмро зарур аст, ки ҳамаи эродҳои гирифтаи Пешвои миллатро нисбати вазъи имрӯзаи илми кишвар ва тадбиқи он ба истеҳсолотро ҷиддӣ қабул намуда, пайи ислоҳи камбудиҳо шавем. Пешниҳодҳои сарвари кишварро роҳнамои кори хеш намоем. Кӯшиш кунем, ки дар оянда пайванди илм бо истеҳсолотро дучанд намуда, дар истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар аз ҳисоби тадбиқи ихтирооти илмиамон дар истеҳсолот саҳми арзанда гузорем. Дар баробари ин тафаккури насли наврасу ҷавонони кишварро бо омӯзонидани илмҳои замонавӣ инкишоф диҳем. Нагузорем, ки онҳо побанди хурофот дар банди ҷаҳлу нодонӣ бимонанд ва шомили ҳар гуна гурӯҳҳои тундрави экстримистӣ дар дохилу хориҷи кишвар гашта, ба номи миллату далати мо доғ биёранд. Сулҳу ваҳдати бо машаққатҳои зиёд бадастовардаи моро аз байн бибаранд. Ба андешаи инҷониб ин вазифаи ҷонии ҳар як зиёии миллати тоҷик аст. 

                                                  Ҷумъабой Ҳикматов                     номзади илми филология,

           дотсенти кафедраи забонҳои

ДТТ ба номи академик  М.С. Осимӣ

 


Ба рӯйхат