Тоҷикистони соҳибистиқлол - сарчашмаи оби тоза
Равандҳои ҳамгироӣ дар муносибатҳои муосири байналмиллалӣ тамоюл ва намунаи рӯзафзуни рушди ҷаҳон буда, омӯзиши онҳо барои ҳалли бисёр мушкилоти нави ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар қарни ҷорӣ, ки ҷаҳон бори аввал бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст мусоидат менамояд.
Масоили об воситаи тавонои ҳамкорӣ ва муколама ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор ва суботи комили ҷомеа мебошад. Баҳри комёб шудан ба ҳадафҳои стратегии он Ҳанӯз ҳам фаъолияти самарабахш, ҳамаҷониба ва мутобиқшуда зарур аст, ки он бо иродаи қавии сиёсӣ дастгирӣ карда шавад. Ин раванд бояд тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва гурӯҳҳои фаъоли дигари ҷомеаро дар бар гирад. Дар баробари ин, мебояд ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳеҷ кас аз ин раванд дар канор намонад ва раванди мазкур бояд фароумумӣ бошад, зеро ки ин принсипи асосии шакли муосири дипломатияи об мебошад. Нишондодҳои мазкур арзиши воқеӣ ва таркибии дипломатияи муосири об буда, паҳно ва арсаи он фарогири маҷмуи умумии масъалаҳои вобаста ба об мебошад.
Бо назардошти ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, ҳамчун кишвари пешсафи татбиқкунандаи ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи об шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколамаи об дар ҳамаи сатҳҳо буда, бо маром раванди дипломатияи обро пеш бурда истодааст.
Дар таърихи 10 то 13 июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид.
Мақсади асоси баргузории форум татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором буда, он аз масоилҳои калидии ҳалли мушкилот оид ба об маҳсуб меёбад.
Ҳанӯз аз охири қарни XX ва аввали асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои илман асоснокшударо ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ манзур намуда, онро то кунун дар сатҳи баланд идома дода истодааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори силсилаи иқдомоти ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардида, пойтахти он шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил
ёфтааст. Иқдомоте, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо назардошти мунтазаму бефосила ва самарабахш баргузор гардидани маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба об, ки фарогири ғояҳои башардӯстона ва ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронидашуда мебошанд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфта шуданд.эътироф гардидаанд. Дар раванди конференсияи байналмилалӣ ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишваре, ки пешбарандаи муколама ва дипломатияи муосири об дар таҳкими заминаҳои сиёсӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши бориз дорад, ном бурданд.
Дар минтақаи Осиёи Миёна бошад, кишвари мо ба раванди мунтазами пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об мавзуҳои: оби тоза ва дастрасӣ ба он; об барои ҳаёт; ҳамкорӣ дар соҳаи об; коҳиши офатҳои табиии марбут ба об; об-иқлим; амнияти об ва об барои рушди устуворро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили байналмилалии об мансуб донистаанд.
Пешвои миллат дар масъалаи захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, дар ин раванд василаи ҳамкориҳои судмандро дар сатҳи байналмиллалӣ муҳим арзиёбӣ намуда, қайд менамояд, ки ҳалли ин масъала тарзе бояд ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти марбут ба нарасидани об барои халқҳои мо на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Бояд эътироф намуд, ки ин нукта аз дипломатияи амиқи башардӯстона шаҳодат дода, ҳалли масоили ҷойдошта бо роҳи муколамаҳои мутақобилан судманд имконпазир мегардад.
Масъулияти ин масоил пеш аз ҳама ба зиммаи сарварони кишварҳои минтақа, сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон, аҳли илму фарҳанг қарор дорад, ки онҳо бояд роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки ба хотири таъмини мувозинати тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ мо бояд иқдомоти якҷоя ва ҳамоҳангро татбиқ созем, муносибатҳои оқилона ва нисбат ба табиат дилсӯзонаро эҷод намоем.
Маҳз масъалаи оби тоза ва дастарасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он дар сатҳи байналмилалӣ дар доираи конференсияи мазкур мавриди арзёбии ҷаҳонӣ қарор дода шуд. Бо дарназардошти он, ки танҳо зиёда аз 1 фоизи захираҳои оби мавҷуд дар дунё барои истеъмол қобили қабул мебошанд ва он ҳам дар сатҳи сайёра нобаробар ҷойгир шудааст, қисми муайяни аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Тибқи маълумотҳо ҳамасола шумораи нафароне, ки бо сабаби дастрасӣ надоштан ба оби тозаи нӯшокӣ мефавтанд аз шумораи нафарони дар натиҷаи амалҳои террористӣ ва тамоми амалҳои дигари ҷиноиву низоъҳо ба ҳалокатрасида зиёд мебошанд. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола барои мубориза бо терроризм ва дигар амалҳои ҷиноӣ миллиардҳо доллари амрикоӣ сарф менамояд, вале барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ амали ҷиддие зоҳир наменамояд.
Конференсияи мазкур аз аввалин чорабиниии сатҳи байналмилалӣ буд, ки уҳдадориҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ муайян ва мушаххас намуд. Маҳз дар заминаи чорабинии мазкур мавзуи об ба ҳадафи нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт ва барои дастёбӣ ба амнияти об дар сайёра роҳҳои ҳалли масоили марбута мушаххас гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори силсилаи иқдомоти байналмилалии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар соҳаи об, доштани захираҳои азими обӣ ва ҳамчун кишвари болооб пеш аз ҳар кишвари дигар бояд омӯзиши гидрополитикаро ҳамчун шохаи нави илмҳои сиёсӣ ба роҳ монад. Мавқеи гидрополитикии кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон боиси эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст. Бешубҳа дурнамои рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо ва ҳаёти осоиштаи мардум аз захираҳои об вобаста аст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари болооб дар масоили минтақавии обӣ мавқеи ҳалкунанда дорад ва ин мавқеъ дар заминаҳои таълимию илмӣ ҳамаҷониба бояд омӯхта шавад. Ҳамзамон аз ҷиҳати сиёсӣ Тоҷикистон аз субъектҳои фаъолтарини муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи об маҳсуб ёфта, асосҳои илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об маҳз дар кишвари мо ва ё аз ҷониби кишвари мо ба миён гузошта шудаанд.
Ифтихор Қаландарбеков,
декани факултети муҳандисӣ - техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ