Дар таърихи давлатдории худ халқи тоҷик 33-сол муқаддам тавонист, ки ба дастоварди бузург, яъне Истиқлоли давлатӣ ноил гардад ва ба мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам омад, ки ихтиёру зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.
Новобаста аз мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли 33 - соли Истиқлоли давлатӣ мардуми шарафманди тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки пешрафти устувори ватанамонро таъмин намуда, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшанд, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои моддиву маънавии худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста равона созанд. Истиқлоли мо нишони саодату озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва сарчашмаи ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Истиқлол соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти воқеии давлатро дар танзим ва пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ инъикос намуда, дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, иҷтимоиёт ва дигар аркони зиндагии ҷомеа соҳиби қарор будани кишварро нишон медиҳад.
Истиқлол чун рамзи озодию ягонагӣ ба мо тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, ҳамчун хуршеди дурахшон роҳи ояндаи моро нуру зиё бахшид ва баҳри амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои накӯ нерӯи тозаро эҳдо намуд. Маҳз бо шарофати ин неъмати бебаҳо имрӯз кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни гузаштаи мо арҷ мегузоранд. Истиқлол ҳамчун неъмат ба мо имкон дод, ки аз таҷрибаи мавҷудаи давлатсозиву давлатдориҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, омилҳои сиёсиву таърихӣ ва фарҳангии миллиро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи халқамон омӯхта, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Нишон, Парчам ва Суруди миллиро қабул кардем, Артиши милливу Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил додем ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва майлу ормонҳои мардуми кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, роҳи эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтем.
Истиқлоли мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, ба аслҳои озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки аз ҷумлаи асосҳои давлати демократӣ мебошанд, арҷи тамом мегузоранд. Аз файзу баракат ва нерӯи истиқлолият аст, ки мо барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳо назаррас ноил гаштем ва фаъолияти созандаи худ баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодаем.
Танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем. Дар шароити имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёту истеҳсолоти замонавии ҷавобгӯи манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи дастовардҳои пешрафтаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва илму технологияи нав, ҳамчунин тарбияи насли дорои тафаккури созанда, ҷаҳонбиниву дониши муосир, зираку соҳибмаърифат ва ватанпараст ниёз дорад, ки барои тараққиёту ободии ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо иродаи мустаҳкам ва содиқона хизмат намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ аз давлату миллати худ пуштибонӣ карда тавонанд.
Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ шуморида, дар тӯли сивусе соли истиқлолият маблағгузории соҳаро зиёд намуд, ки дар натиҷа имрӯз шароити моддиву техникӣ ва раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, касбӣ ва олӣ хеле беҳтар шудааст. Дар баробари ғамхориҳои давлат ба соҳаи маориф вазифаи муқаддаси падару модарон, роҳбарону кормандони соҳаи маориф, инчунин зиёиён ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки бо роҳи баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои насли наврас ҳамчун давомдиҳандагони кору фаъолияти наслҳои имрӯза саҳми арзандаи инсонӣ ва ватандӯстонаи худро гузоранд.
Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошад. Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сӯи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рӯзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад.
Дар раванди таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ масъалаи ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳаммияти хоса дорад. Тарбияи насли соҳибмаърифат шарти асосии ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи кишвар мебошад. Бинобар ин, мо бояд насли имрӯз ва фардоро бо суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчи бештар ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихор аз давлатдории миллии худ, эҳтиром нисбат ба истиқлолият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани аҷдодиро инкишоф диҳем.
Пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар натиҷаи хизмати бузургу қаҳрамононаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ва халқи хирадманд, сулҳдӯст ва бунёдкори тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлоли он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад. Бигзор, нуру зиёи истиқлол то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созад ва Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами истиқлол пеш равад, ободу зебо ва мутараққиву нерӯманд гардад.
Самадов Ҳ.Ҳ., Ҳусейнов Ш.А,
омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ