Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими Истиқлол

 13.09.2024

Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими Истиқлол
 
Таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ба давраи бозсозии сохти шӯравӣ ва аз қабули Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии ҶШСТ рост меояд. Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз тарафи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи 1990 қабул шуда, 9 сетябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олӣ, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Маҳз бо шарофати ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд. Роҳбарияти давлту ҳукумат дар маҷлисҳои Ассамблияи Генералии СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ на фақат иштирок балки аз минбари он аз пайдоиши давлати нав, аз нақшаю мароми он ва сиёсати дохилию хориҷии он ахборот додаанд.
 
Ёдовар бояд шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
 
Гар чанде, ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.
 
Инак тӯли сивусе соли истиқлол бо пайгири аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати софдилонаи халқи ватандӯсту меҳанпарварамон дар роҳи расидан ба рушди соҳаи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
 
Қадами таърихие, ки дар самти барқарории рукнҳои давлатдории миллӣ дар ин давра сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Нишони давлатӣ ва Парчами давлати ҷавону соҳибистиқлоли мо буд. Дар ҳамин асос Шӯрои олии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 “Дар бораи рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд. Ба зуддӣ комиссияҳои махсус барои таҳияи Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ ташкил карда шуда барои омода намудани матн ва оҳанги Суруди миллӣ, таҳияи Парчам ва Нишони давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид.
 
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, пазируфта шуд. Пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд.
 
Парчам, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари таъриху тамаддуни милати тоҷик буда, тамоми арзишҳои миллию таърихии моро таҷассум менамояд. Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
 
11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи асноди мазкур Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ, Ҳукумати мамлакат, судҳои ҷумҳурӣ, мақомоти прокуратура, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гузаргоҳҳо, дидбонҳо, нуқтаҳои гумрукии сарҳади давлатии Тоҷикистон насб карда мешаванд.
 
Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяншудани ҳукумати ҷумҳурӣ афрохта мешавад. Таснифи намунавии Парчами давлатӣ ин аст, ки он рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият, ҳафт ситора ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт қабати осмон мебошад ва ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият ва ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст. Шоирон барои дарки амиқи рангҳои ин муқаддасот ҳар ранги онро ба риштаи назм кашидаанд:
 
Соли 2008 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр ҳамчун Рўзи Парчам эълон гардид ва инак, шонздаҳ сол мешавад, мо онро чун воқеаи фараҳбахш таҷлил менамоем. Таҷлили Рўзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандўстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки гувоҳи истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.
 
Бо таваҷуҳ ба ин метавон гуфт, ки Истиқлоли Тоҷикистон маҳз аз қабули Парчами миллӣ ва нишони давлатӣ амалан пурраю комил гардид. Ин тадбирҳо имкон дод, ки мо ислоҳоти сиёсию конститутсиониро оғоз намоем,ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлол аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламонро қабул намоем.
 
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои Истиқлол ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшида сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
 
Дар давоми се соли ниҳоят сангин бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки бевоситаи худи мардуми кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, муҳокима ва қабул гардид, ки яке аз дастовардҳои беназири замони истиқлолият мебошад. Ҳанўз си сол муқаддам рўзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳифаи наве оғоз ёфт, ки он дар ҳаёти минбаъдаи мардуми тоҷик ва рушди давлатдории навини миллии мо нақши сарнавиштсоз гузошт.
 
Дар ин рўз халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуда, бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд. Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рўзи саид то имрўз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукўҳу тантана таҷлил менамоянд.
 
Тавре дар муқаддимаи Конститутсияи Тоҷикистон зикр шудааст, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон, бо эҳсоси масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозираву оянда ва муқаддас шуморидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи таърихии худ эълон намуд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кўшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пўшонид. ғояҳои башардўстонаи он инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз барҷастатарин намунаҳои фарҳангии ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории Сосониёну Сомониён ва мероси бузургони таъриху адабиёти аз ҷониби умум эътирофгардидаи мо сарчашма мегиранд. Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.
 
Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид. Ин иқдоми таърихӣ ҳама гуна андешаҳои бадхоҳони миллати тоҷикро, ки ба қудрати мардуми мо барои зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифтан шубҳа мекарданд, ботил гардонид.
 
Дар айни ҳол Конститутсия давлати навини тоҷиконро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба аҳли ҷаҳон муаррифӣ намуда, азми қатъии моро дар пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон ва роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнидавлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муқаррар намуд. Конститутсия дар баробари эътирофи як қатор арзишҳои давлатдории ҷаҳони муосир, аз қабили сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, афзалияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ барои таъсис ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ заминаҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқиро фароҳам овард.
 
Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне дар мазмуну мўҳтавои ин санади тақдирсоз роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он гузошта шуданд.
 
Дар давоми си сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳаррўзаи худ итминон ҳосил карданд, ки Конститусияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
 
Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.
 
Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт намоем.
 
Бигзор нерӯву зиёи истиқлол то абад роҳи Тоҷикистони азизамонро ба сӯи ояндаи обод равшан созаду Тоҷикистони маҳбуби мо зери ливои истиқлол ободу зебо ва мутараққиву нерӯманд гардад.
 
Омузгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ:
Асоев К, Ҳусейнов Ш, Самадов Ҳ,
 
Возможно, это изображение текст
 
 
 
 

Ба рӯйхат