АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР...
Дар остонаи ҷашни омӯзгорон ин матлабро менависаму дар бораи саҳми устод дар ҳаёти ҳар яки мо, хизмату кӯшишҳо ва талошҳои ӯ ба хотири дониш додан ба шогирдон меандешам. Омӯзгор шахси соҳибрисолат, қувваи пешбаранда, муҳаррик ва заминасози рушди ҷомеа, муҳандиси рӯҳу маърифати инсонҳо мебошад. Мегӯянд, ки “муаллим мисли шамъ аст, худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад”.
Устод ба шогирдон сабақҳои зиндагӣ, рози дониш, боз кардани дарҳои илм, ёфтани роҳу равиши худ дар ҳаёт, дуруст зистану рост гуфтан ва худшиносиро меомӯзад, ба ҷуз шинохти қадри худи омӯзгор. Қадр кардани устоду хизмати ӯро шогирдон бояд худ омӯзанду ӯро сарфароз гардонанд.
Ҳазор сол пеш аз ин Одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қадру манзалати омӯзгорро дар зиндагии одамон таъкид карда гуфтааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Агар омӯзгор набошад, зиндагии мо торику хира, берангубор ва берӯҳу фараҳ мегардад, ҷомеа аз бесаводӣ ба нестӣ мерасад ва қашшоқ мешавад.
Маҳз муаллим бо серталабиву сахтгирӣ моро ба ояндаи нек равон месозад ва ҳар сабақи ӯ дар оянда барои манфиати мо хизмат мекунад ва баъзан сахтгирии устод аз меҳри падар болотар меистад. Бузурге мефармояд:
Қадри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Мехоҳам, ки ҳамсолонамро бар он даъват кунам, то қадри устод, омӯзгор, муаллимро бидонем, хизматашро пос дорему эҳтиромашро ба ҷо оварем. Пешвои муаззами миллат, Президенти азизамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯю эътибори устодро муҳим шуморида, таъкид мекунанд: “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.
Мехоҳам устодони азизи донишгоҳамонро ба муносибати Рӯзи омӯзгор муборакбод бигӯям. Устодони азизам, бароятон саломатӣ, пирӯзиҳову муваффақият ва нерӯю ғайрат, дар кори заҳматталабу эҷоди шумо муваффақият таманно дорам.
Шаҳбоз Абдуғаниев,
донишҷӯи курси 4 –уми гуруҳи 700201Б,
факултети сохтмон ва меъмории ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ