НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

 03.10.2024

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
 
Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ба манфиати рушди ояндаи давлат истифода карда тавонистанд. Истиқлоли давлатиро манфиати ҳаётан муҳим ва арзиши олӣ бояд шиносем. Арзиши олӣ муаррифӣ гардидани Истиқлоли давлатӣ ба он хотир аст, ки дар шароити мавҷудияти ҳамин гуна соҳибихтиёрӣ миллат тақдири ояндаи хешро дар дасти худ нигоҳ медорад. Ба ибораи дигар, тақдири ояндаи миллат дар дасти худи миллат қарор мегирад. Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, бахусус бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷикистониён тақдири ояндаи кишварро дар дасти худ гирифтем. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус ду даҳсолаи охир мо имкон пайдо намудем, ки фарҳанги миллиро эҳё намоем, бо фарҳанги бегона мубориза барем, бо душманони миллат мубориза барем ва манфиатҳои худро ҳимоя созем. Дар шароити надоштани истиқлол ҳамин гуна субъектҳоро мо эҳсос намекунем.
 
Дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» истифода бурда шудааст. Соҳибихтиёрӣ пурра ифодагари Истиқлоли давлатӣ аст. Чунин ҳолат барои миллатсозӣ ва давлатсозӣ аҳамияти бениҳоят зиёд дорад. Бисёре аз олимон бар он назаранд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бахусус эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дарки рисолати таърихӣ аз шуури одамон вобаста мебошад. Равандҳои созандагӣ, бунёдкорӣ, ободонӣ ва ислоҳоте, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар ҷомеа анҷом пазируфтаанд, ҳамагӣ барои тағйири муҳити кишвар буд, то ки ба шуури миллии сокинони кишвар таъсири мусбат расонида шавад. Аз як марҳила ба марҳилаи дигари рушду инкишоф ворид намудани мамлакат мақсади ниҳоии Пешвои муаззами миллат мебошад. Ҳар чӣ зудтар аз мафкураи куҳнаи асримиёнагӣ, хурофотпарастӣ ва анъанагароӣ раҳонидани ҷомеа тавассути созандагӣ, бунёдкорӣ ва ислоҳоти соҳавӣ ба амал бароварда шуд. Бо ин мақсад дар тӯли ду даҳсолаи охир дар кишвар иншооти бузурги аср, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ, роҳҳову неругоҳҳои барқи обӣ, таъмири мактабҳо бо назардошти меъмории замони муосир бунёд гардиданд.
 
Имрӯз миллати тоҷик зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат на танҳо дар дохили мамлакат ҳадафҳои стратегиеро пайгирӣ карда истодаанд, ки ба рушди минбаъдаи кишвар, ояндаи дурахшони мамлакат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд, балки дар сиёсати хориҷии худ талош меварзанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкамтар намоянд. Ҳамчунин, Президенти кишвар дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ сиёсати фарҳангии хоссаеро пеш гирифтанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Сарвари давлат ёдгориҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷик ба Феҳристи мероси моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Чунин иқдом барои муаррифӣ кардани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хеле аҳамияти калон дорад. Имрӯз миллати тоҷикро на танҳо бо ташаббусҳои байналмилалӣ, балки бо фарҳанги бою ғаниаш ҳам мешиносанд.
 
Сайёра Шарипова
донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 270101-17,
факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
Все реакции:
13
 

Ба рӯйхат