ЗАБОНИ МИЛЛӢ - СИМО ВА ПАЙКАРАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 03.10.2024

ЗАБОНИ МИЛЛӢ - СИМО ВА ПАЙКАРАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
 
Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори мустаҳками миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошад.
 
Имрӯз забони тоҷикӣ дар байни дигар давлатҳои дунё мавқеи хоса дорад. Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳлилҳои забоншиносон беш аз шаш ҳазор забон вуҷуд дорад, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар аз 100 забони дунё ҳамчун забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни забонҳо забони модарии мо - забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
 
Забони тоҷикӣ таърихи чандинсола дошта, борҳо собит намудааст, ки бо ин забон ҳазорҳо донишварону мутафаккирон, адибону олимон, шоирону нависандагон дар асарҳову навиштаҳои худ саҳми худро гузоштаву бо ин забон ном бароварданд. Ба мисли Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар донишмандони замони қадим, ки шуҳрати беандоза доранд. бо ин забони нобу ширин дар адабиёти тоҷик мавқеи хосаро касб намудаанд ва саҳми онҳо дар рушди забони тоҷикӣ арзандаву ҷовидона аст.
 
Ҳар қавму миллатро низ аз рӯйи забонаш, фарҳангу тамаддун ва дину мазҳабаш мешиносанд. Пос доштани забони миллӣ вазифаи ҳар як фарди тоҷик аст, ки бо ин лафзи дарӣ бузург мешавад.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар боби забон чунин гуфтаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гушнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро дар қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл мерос гузорем».
 
Воқеан, ин забону миллат аз мову шумо вобастагӣ дорад. Агар забон гум шавад, албатта давлат завол меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри забони ширину гуворо бояд расид.
Агар аз таърихи ин санади муҳим ёдовар шавем, ҳамагон хуб медонем, ки 22 июли соли 1989 дар маҷлиси навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Қонуни забони тоҷикӣ" қабул гардид ва мутобиқи ин қонун минбаъд забони тоҷикӣ дар қаламрави кишвар мақоми давлатиро пайдо кард. Ҳамин тавр, аз он давра то соли 2009 дар ҷумҳурӣ ин санаи муҳим ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд ва ҳамвора Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили минбаъдаи қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро аз нав қабул кард. Акнун бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамасола ин санаи муборакро дар Тоҷикистон бо як ҳисси гарми ватандӯстӣ ҷашн мегирем. Бояд гуфт, ки қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину гувороро баробари модари худ дӯст дорем ва онро чун сарвати бебаҳои миллат эҳтиром гузорем.
 
Бояд хотирнишон намоям, ки китоби пурмӯҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо номи «Забони миллат - ҳастии миллат» рӯйи чоп омада буд, фарогири таърихи забони тоҷикӣ аст. Агар ин китобро мо насли наврасу ҷавон варақ занему хонем, яқин мефаҳмем, ки сарчашмаи ин ноби ширин аз куҷо пайдо шудааст. Дар ин ҷо тамоми забоншиносон дар боби пайдоиши забон таҳлилу баррасӣ намуда, фикрҳои худро баён намуданд. Бояд гуфт, ки бо ибтикори Сарвари давлат имрӯз миллати тоҷик соҳиби ватан, забон, фарҳанг ва урфу одат гаштааст. Сарвари давлат дар ҷое гуфтаанд: «Моро дар таърих маҳз ба тавассути забон, осор ва фарҳангамон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».
 
Бинобар ин, забони давлатӣ ҷузъе аз нишони волои давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Ба хотири гиромидошти забони ширини модариамон сари таъзим фуруд меорам, ки мо тоҷикему забони ширину гуворо дорем.
 
Баҳрулло Юсуфзода
донишҷӯйи курси 2-юми факултети
иқтисоди соҳаҳо ва идораи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
 
номи академик М.С.Осимӣ
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
 
Все реакции:
12
 
 
 
 

Ба рӯйхат