МУАЛЛИМ - ЧАРОҒИ РАҲНАМО ВА ҲИДОЯТГАРИ МО
Муаллим чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба роҳи дурусту растагорӣ аст. Аз ин ҷост, ки аҳли хирад мардумро ба пос доштани қадру манзалати муаллим даъват намуда, ӯро падари маънавӣ меҳисобанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид кардаанд: “Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст”.
Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамояд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки “муалим мисли шамъ аст, худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад”.
Худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа, ки омӯзгор набошад, он ҷомеа ё табақа аз ҷиҳати бесаводӣ ба нестӣ рафта, миллат қашшоқ мешавад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст. Аз ин ҷо мо метавонем ба хулосае биёем, ки дар васфи омӯзгор ҳам олимони соҳаи дин ва ҳам олимони соҳаи дунявӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда, дар ҳама ҷо қадру манзалати устод, омӯзгорро дар мадди аввал гузоштаанд:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Худ шахсан андеша кунед, ки дар ҳар ҷое, ки дар бобати устод, омӯзгор, муаллим, тарбиятгар сухан равад, ҳатман ва ҳатман қадру манзалаташ бологузар аст. Мисол, дар ин мисраҳои шеърие, ки аз ҷониби шоир оварда шудааст, дар он ҷо қадри устод аз падар беш дарҷ гардидааст. Зеро падар навозиш намояд, он қадар таъсири неки худро дар ояндаи фарзанд гузошта наметавонад, омӯзгор баръакс талаб кунад, сахтгир бошад, ҳамаи ин ба ояндаи мо фоидаи калон меорад.
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ҳастанд шахсоне, ки ба устод, омӯзгор беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба қадри эшон намерасанд. Чаро мо ба гузаштаи худ назар наафканем, зеро мо худ ҳеҷ будем, шахсе моро раҳнамун шуд, ки мо ба ин мартабаи инсонӣ расидаем. Дар ин ҷо мо бояд дар ҳамбастагӣ бо волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ зарур аст, ки садди роҳи ин амалҳои ноҷоро гирифта, қадру манзалати муаллим - тарбиятгари насли наврасро дар мадди аввал гузорем.
Дар масъалаи устоди хуб ё беҳтарин ин ҷо мехоҳам таъкид намоям. Устоди беҳ бояд он бошад, ки он чиро барои худ дӯст дорад, барои шогирдон ҳам мақбул донад ва он чиро, ки худ мақбул надорад, барои шогирдон низ хуш надорад. Устод бояд ҳушёртар дар пеши нафсонияташ бо шогирд бошад ва муроқиби ростгӯӣ ва ахлоқи ботинии худ ва атрофиёнаш бошад. Дар ин сурат вай метавонад аз худ ба шогирд меросе ё сутуне боқӣ гузорад ва ӯро ба қуллаи баланд барорад. Шояд устоде набошад, ки барои нафъи зарари шогирди хеш мекӯшида бошад. Вай фарзандашро чӣ тавр тарбия ва ҳурмат менамояд, дастпарвардонашро низ чунин ҳурмат мекунад. Зеро хоҳ фарзанд, хоҳ шогирд агар дар ҷамъият шахсони намоён шуда, ба воя расанд, албатта ин боиси фахри устод мегардад. Шогирд бояд ба ҳар ранҷу азоби устод тобовар бошад. Зеро ҳар ранҷу озори устодро аз меҳру муҳаббати падар болотар ва азизтар бояд гузошт.
Мунир Холов
донишҷӯи курси 3-юми гуруҳи 690101А,
факултети сохтмон ва меъмории ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ