УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ
Муҳимтарин рукни ҳастиву бақои ҳар халқу миллат забони ӯ мебошад. Забони ноби модарии мо – забони тоҷикӣ бешакку шубҳа шиносномаву пояи ҳастии ин миллати куҳан ва гиромитарин муқаддасоти миллии мост, ки тӯли садсолаҳо дар қисмати бузурге аз қитъаи азими Осиё аз ҳастии худ дарак дода, ҳамчунон то замони мо асолату покизагӣ ва ширинию шевоии худро нигоҳ доштааст.
Забони тоҷикӣ –забони миллати мо ва забони давлатии кишвари маҳбуби мо-Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, ки таърихи чандҳазорсола дошта, дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз забони модарии мо тавонист, ки миллати моро дар тӯли таърих аз саҳнаи кашмакашиву хунрезиҳои зиёди аҷнабиён берун кашида, то замони мо оварда расонад. Ба ибораи дигар, танҳо забони мо тавонист миллати моро то ба имрӯз зиндаву поянда нигоҳ дорад.
Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: “ Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем” Пас, бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, содаву фаҳмо, ҳанӯз дар замонҳои зиндагии Рӯдакии бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии тоҷикӣ саҳми босазое гузоштааст. Намунаи содагии забони шеъри Рӯдакӣ нишон медиҳад, ки ӯ дар таърихи забону адабиёти мо ҳақиқатан ҳам нақши босазое гузоштааст.Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Бо кӯшишу талошҳои чандин фарзандони сарсупурдаи миллат бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. То соли 2009 ҳар сол дар Тоҷикистон 22 июл ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешуд. Соли 2009 5-уми октябр Қонуни нави забон қабул карда шуд ва рӯзи забон аз 22-юми июл ба 5-уми октябр оварда шуд. Рӯзи забон, ки дар иртибот ба тасвиби қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5-уми октябр муқаррар шудааст, аз соли 2009 ба феҳрасти ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.
Гузаштагони мо ба хотири донистани забон ва арҷ гузоштан ба он, бо ашъори хеш оламро такон доданд. Имрӯз аҳли фарҳанги ҷаҳон, ки мехоҳанд аз забон ва адабиёти мо сухан бигӯянд, ба гузаштаи мо назар мекунанд ва аз ашъори классикони мо огоҳ мешаванд. Имрӯз дар қатори дигар муқаддасот - бояд забонро чун яке аз нишонаҳои асосии ҳастии миллат эҳтиром намоем ва ба он арҷ гузорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 гуфта буданд: “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”.
Солҳост, ки 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар саросари ватани азизамон - Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ин рӯ, аз фурсати муносиб истифода бурда, шумо устодону донишҷӯёни азизро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик менамоям ва аз забони шоир Салим Кенҷа гуфтаниам:
Забони модариам - давлати ман,
Ғуруру ифтихору қудрати ман.
Забонам ҳасту ман ҳам зинда ҳастам,
Забони ман нишони миллати ман.
Момагул Қосимзода,
мудири кафедраи забонҳои
ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, дотсент