Конститутсия - ташаккулдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон

 07.11.2024

Конститутсия - ташаккулдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон
 
      Ҳар як давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар замони мавҷудияти худ дорои тартибу низом ва қонуну қоидаҳои махсусе бошад, ки тавассути он муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба танзим дароварда мешаванд. Ба ҳайси батанзимдарорандаи асосии тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ Конститутсия баромад менамояд, ки дар чорчӯбаи он ҳуқуқи шаҳрвандон, сохти давлатдорӣ ва дигар меъёрҳо ҷорӣ гардида, тавассути он озодии ҳар як шаҳрванд ва амнияти мардум таъмин мегардад. Аз ин рӯ, он қонуни ягона ва олии мамлакат буда, онро муқаддас шуморидан ҷоиз асту қонун ва сарчашмаи тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Конститутсия ба шумор меравад.
 
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин санади тақдирсоз қайд карда буданд, ки «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имконоти он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад. Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқуъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
 
      Аз қабули Конститутсияи давлат сӣ сол сипарӣ мегардад ва дар ин муддат воқеияту рӯйдодҳои бузургу созанда ва дастовардҳои дар соҳаҳои мухталиф бадастомада шоҳиди онанд, ки дар зарфи амали сеякасраи ин ҳуҷҷати бунёдӣ дар ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омаданд. Таъмини волоияти қонуну адолати иҷтимоӣ, инчунин эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари асосии фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ қарор гирифтанд ва ҳамаи ормонҳои миллӣ дар Конститутсия таҷассум гардидаанд. Конститутсия волотарин дастовард, асоси суботу рушди муътадили давлат ва маҳаки асосии ифодакунандаи ормонҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир буда, самти равиши дурусту ояндадорӣ, низоми ҳуқуқии кишварро бо назардошти риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва арзишҳои эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад. Дар замони муосир, Конститутсия ба сифати омили муҳими бартараф кардани хатарҳои муосир ба низоми ҳуқуқӣ баромад намуда, ба таври фаъол ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ҷомеа, давлат, шаҳрвандон ва ба тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ таъсир мерасонад.
 
      Конститутсия қонунест, ки ваҳдати сиёсии халқро шаклбандӣ ва таъмин мекунад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ аз нигоҳи сиёсӣ воҳиди ҳуқуқии дохилидавлатӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, зеро он баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст. Конститутсия инчунин меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки тибқи онҳо таҳрифи ваҳдати сиёсии халқ пешгирӣ карда мешавад. Эътирофи инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ меъёри кафолатдиҳандаи ин амал мебошад.
 
      Кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан (9-уми сентябри соли 1991) марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Бунёди аввалин давлати соҳибихтиёри миллии тоҷикон бо Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон солҳои 1990 ва 1991 аз самти сиёсӣ ба расмият даромад. Самти ҳуқуқии расмӣ гардонидани соҳибихтиёрии Тоҷикистон ба воситаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 дохилкардашуда амалӣ гардид. Вале он ҳанӯз пурра набуд. Барои асосҳои давлати навро дар самти баланди ҳуқуқӣ муқаррар кардан Конститутсияи нав зарур буд. Бо ин сабаб ҳанӯз аз солҳои 1990 кор аз болои тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нав оғоз ёфта, он бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 анҷом ёфт. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобарин комиссия таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда, 2535437 нафар, яъне 94,4% дар раъйпурсӣ ширкат варзиданд. Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
 
      Аҳамияти таърихии Конститутсияи навини Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин арзишҳои бунёдии ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёбӣ кард.
 
     Хотирнишон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт. Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
 
     Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1-уми декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.
 
      Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
 
      Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи баланди шуури иҷтимоӣ худ аз худ Конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ ба худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт. Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон қабули Конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилофи баъди се соли истиқлолият буд. Маҳз бо шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайгиронаи шабонарӯзии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон навсозии тамоми соҳаҳои зиндагӣ аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд.
 
      Аввалин маротиба Куруши Кабир дар таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башарро навишта ҷорӣ кард, мо бояд имрӯзҳо аз он гузаштагони бофарҳангу мутамаддин ва хирадманду инсондӯст ифтихор дошта бошем. Шукрона аз он намоем, ки зери роҳбарии давлату ҳукумати имрӯзаи худ пой бар зинаҳои баланди тараққиёт мегузорем. Конститутсия ба мо барои зиндагии озодона, меҳнати содиқона, шодмонию дӯстию рафоқат кафолати кулл медиҳад. Конститутсия баробарҳуқуқии ҳамаи қишрҳои ҷомеаи кишвар, баробарҳуқуқии марду зан, олиму муҳандис, ронандаву омӯзгор, табибу иқтисодчӣ ва ғайраҳоро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, мо дар асоси ин имкониятҳои беназир шукрона аз зиндагии осоишта ва серу пури халқи худ намоем.
 
      Барои мо танҳо вазифаи муҳими шаҳрвандие гузошта мешавад, ки он ҳам бо омӯзишу азхудкунии илмҳои замони муосир, соҳиби касбу ҳунари зарурӣ шуда, хизматгузори халқу миллати хеш бошем. Хизмат ба халқи худ – хизмат ба падару модар, хизмат ба диёри хеш аст. Конститутсия ҳамчун кафили баробарҳуқуқии тамоми шаҳрвандон буда, дар доираи он амал кардан ва ба роҳ мондани ҳар гуна фаъолият боиси шукуфоии Тоҷикистони азизамон хоҳад гашт. Моро зарур аст, ки дар атрофи муқаддасоти миллӣ муттаҳид гашта, саҳми худро дар ободонии тарққиёти мамлакати азизамон гузорем.
 
Самадов Ҳ.Ҳ.
Ҳусейнов Ш.А., омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат