РОБИТАҲО ҚАВӢ МЕГАРДАНД

 03.02.2025

РОБИТАҲО ҚАВӢ МЕГАРДАНД
 
(Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Пас аз баста шудани созишномаи сулҳ дар соли 1997 равобити Душанбеву Теҳрон ба як давраи рушди устувор ворид шуд. Дар ин муддат Эрон ба яке аз шарикони аслии иқтисодӣ ва сармоягузорони Тоҷикистон табдил шуд.
 
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд. Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон 18 июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (апрели 2019) ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён (августи 2023) таъйин шудаанд.
 
Дар тӯли муносибатҳои дипломатии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои 1995, 1996, 1997, 1998, 2000, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013, 2022 ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1997, 2000, 2002, 2004, 2006, 2008, 2010, 2011, 2012, 2014, 2019, 2021, 2023 сафар намудаанд.
Сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Эрон ба Душанбе солҳои 1991, 1996, 1997, 1999, 2000, 2001, 2002, 2008, 2013, 2017, 2018 ва сафарҳои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Теҳрон солҳои 1992, 1994, 2008, 2014, 2019, 2021 баргузор гардидаанд.
 
25 июли соли 2006 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон М.А. Нажод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи тиҷорати имтиёздор, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, дар тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии ду мамлакат таккони ҷиддӣ бахшид . Ҳамин тариқ, то соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар 292,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. 9,9 дарсади содироти Тоҷикистон ва 4,3 дарсади воридоти ин кишвар ба Эрон рост меомад . Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва зербиноӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
 
Соли 2003 миёни Эрон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи сохтмони нақби “Истиқлол” ба имзо расида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 миллион долларро ташкил дод. Аз ин маблағ 10 миллион доллар маблағгузории грантии ҳукумати Эрон, 7,8 миллион доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 миллион доллар – қарзи ҷониби Эрон ташкил медод . Сохтмони НБО-и Сангтӯдин - 2 расман 20 феврали соли 2006 оғоз ёфт. Барои бунёди ин истгоҳ Эрон 180 миллион доллар ҷудо кард. Саҳми ҷониби Тоҷикистон 40 миллион долларро ташкил дод. Агрегати якуми неругоҳи барқи обӣ 5 сентябри соли 2011, агрегати дуюм 10 сентябри соли 2014 ба кор даромад. НБО-и Сангтӯда-2 дар тӯли 12,5 сол моли Эрон дониста мешавад ва баъд аз он моли Тоҷикистон мешавад. Эрон борҳо Тоҷикистонро дар баҳсҳои иқтисодӣ ва ихтилофҳо бо ҳамсояҳояш, пеш аз ҳама бо Ӯзбекистон ва Туркманистон фаъолона дастгирӣ кардааст. Душанбе дар навбати худ аз манофеи Теҳрон дар фазои пасошӯравӣ, бахусус дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои мухталифи ҳамгироии кишварҳои ИДМ, назири Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҳимоят кард.
 
Байни ду кишвар ҳудуди беш аз 200 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 15 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
 
Дар соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Эрон наздики 240 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин маблағ тақрибан 115 миллион доллар содирот ва 124 миллион доллар воридот мебошад.
То ба имрӯз панҷ даври машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ва Теҳрон доир шуда, нишасти охирин дар таърихи 11 майи 2022 дар Душанбе баргузор гардид.
19 октябри соли 2023 дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид. Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.
 
Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд.
Робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ омили муҳимми тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб мераванд. Дар ин росто, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таърихи 3-9 октябри соли 2022 баргузор гардид. Ҳамчунин, аз 30 октябр то 6 ноябри соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби ҳарду тараф иқдоми лағви низоми раводид барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз муҳим дониста мешавад ва ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард.
 
Эрону Тоҷикистон дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои тарафҳо судмандро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.
Барои тақвияти ҳамкориҳо тадбирҳои зерин аз аҳаммият холӣ нест:
 
1. Марҳила ба марҳила амалӣ кардани нақшаи таъсиси созмони кишварҳои форсизабон муҳиму саривақтӣ мебошад. Эрон ва Тоҷикистону Афғонистон бояд дар сармоягузории иншооти иқтисодӣ ва саноатӣ ҳамкории босамар дошта бошанд. Воқеият ин аст, ки бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фарҳангии ин кишварҳо ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории онҳо, ин кишварҳо бидуни ҳеҷ рақобат бо дигарон метавонанд дар таҳкими дӯстӣ ва густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ рушд намоянд. Сиёсати Эрон дар Афғонистон, ки муддати тӯлонӣ аз пуштибонии гурӯҳҳои басо наздики этникӣ (тоҷикон ва хазарҳо) маълум аст, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши мусбат дорад. Тиҷорати Эрон бо Афғонистон дар як сол 2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
 
2. Барои амнияти минтақавӣ ва иттифоқи халқҳои форсизабон ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон тақвият дода шавад. Ин омил аз ҳар ҷиҳат: чӣ геополитикӣ, чӣ амниятӣ ва чӣ иқтисодиву фарҳангӣ барои ду кишвар манфиати бештар меорад. Зеро, роҳбарияти Эрон дар густариш ва тасвиби ғояҳои пантуркизм хатареро барои манофиатҳои Эрон ва Тоҷикистон мебинад. Туркия якҷоя бо Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои туркзабон кӯшиш мекунад, ки Эронро аз Моварои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ берун кунад. Аз ин рӯ, ҳукумати Эрон дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ба ташкили “Иттиҳоди кишварҳои туркӣ” ё “Бозори муштараки туркҳо” муқовимат мекунад. Гузашта аз ин, дар расонаҳои Туркия даъватҳои “муҷозоти Эрон”, “фиристодани қувва ба Арманистон” ва “гирифтани заминҳои Туркия аз Русия” бештар садо медиҳад.
 
3. Тоҷикистон ва Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки дар оянда ба рушди ҳамкориҳои мутақобила бо кишварҳои дигари минтақа – Хитой, Қирғизистон ва Афғонистон мусоидат кунанд. Ба ин ҳадафҳо таъсиси як консорсиуми байнидавлатӣ барои пайваст кардани ин кишварҳо тавассути роҳи оҳан дар масири Хитой - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон бо дастрасӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс дар назар буд. Аммо, то имрӯз норавшан боқӣ мондааст. Сохтмон ва истифодашавии ин роҳ имкон медиҳад, ки на танҳо кашондани мусофиру бор таъмин карда шавад, балки барои кишварҳои хушкигард ба баҳр роҳ кушода мешавад. Муомилоти содироту воридоти ин давлатҳо хеле арзонтар мешавад. Ин яке аз лоиҳаҳои фоидаовар бахусус барои Эрону Тоҷикистон мебошад.
 
4. Ҳамкориҳо дар самти нақлиётию транзитӣ. Кишварҳо аз тавонмандиҳои якдигар барои ҳамлу нақли молу маҳсулот васеъ истифода карда метавонанд. Ба вижа барои берун рафтани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ истифодаи зарфиятҳои бандарҳои Эрон муҳим мебошад. Чунки бандарҳои Эрон дар ҳоли табдил ёфтан ба маркази бузурги логистикӣ қарор доранд ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт баъзе иқдомҳои амалиро рӯйи даст гирифта, ба бунёди зесохтори лозима оғоз кардаанд. Тоҷикистон низ аз имконот ва зарфиятҳои бандарҳои Эронро барои рушди тиҷорати берунаи худ бояд истифода кунад, чун ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуддати кишвар аст.
5. Эрон солҳои охир робитаҳои иқтисодию тиҷории худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қавӣ кардааст. Ҷалби сармоягузории Эрон ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди Тоҷикистон низ бояд густариш ёбад, чун ин заминаи мусоидро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба вуҷуд меорад. Дар марҳилаи имрӯза таҳияи роҳкори (харитаи роҳ) ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷорӣ зарур аст ва дар заминаи чунин санад иштироки Эрон дар татбиқи барномаи рушди Тоҷикистон, ба вижа дар саноатикунонии кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
 
Барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Эрон ҳам аз нигоҳи манофеи иқтисодӣ ва геополитикӣ аҳаммияти хоса дорад. Тоҷикон ва форсҳо ҷузъи ба истилоҳ «ҷаҳони ориёӣ» - як фазои ягонаи тамаддун, таърих ва забон ҳастанд, ки дар тӯли садсолаҳо ду халқро ба ҳам мепайвандад. Бо вуҷуди он ки ин мафҳум бештар хусусияти тамаддунӣ ва башардӯстона дорад, ба геополитика низ таъсири муайяне дорад. Умедворем, ки дар муносибат ба ҳамдигар ҳукуматҳо ва сиёсатмадорони ҳар ду давлат сарфи назар аз ихтилофи идеологӣ ба навъе ин омилро ба назар мегиранд.
 
Хулоса, дар шароити имрӯза ниҳоят муҳим аст, ки муносибатҳои дуҷониба бо ба назар гирифтани манфиатҳои миллии ҳар ду ҷониб густариш ёбанд. Шароити мазкур барои Тоҷикистон фурсати муносибро барои татбиқи сиёсати бисёрсамтӣ ба вуҷуд овардааст, ки ин аз талошу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарак медиҳад.
 
Эраҷ Шарофзода,
мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Ба рӯйхат