ОДАМИРО МАЪРИФАТ ШАҲБОЗИ ДУНЁ МЕКУНАД

 01.10.2021

Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандӯзӣ ва тафаккури илмию технологии насли наврасро баланд бардоштан аст.

Эмомалӣ Раҳмон.

 

Дар ҳама адвори таърих ҳастии инсон бо ниҳоди офаридгорӣ ва ғановатмандии сиришти ботинӣ ва таҷаллии симои ибратомӯз зебу зиннат ёфта, ба ин васила нишоти зиндагӣ ва саодати рӯзгорро комёб мегардад. Ин аст, ки инсоният пайваста ниёз ба омӯхтану донистани муҳити атрофи худро дорад. Зеро бе надонистани табиат ва ҳаводису воқеаҳои он  метавонад инсон ҳар лаҳза ба ноумедӣ ва  шикастҳо рӯ ба рӯ шавад. Маҳз пайваста омӯхтану сабақ бардоштан аз рӯзгори гузаштагон инсонро ҳушдор медиҳад, ки аз нокомиҳои ниёкони худ огоҳ шаваду дастовардҳои эшонро боз ҳам равнақу инкишоф бахшад. Ин омил аст, ки рӯз то рӯз зиндагии инсонҳо рангу ҷилои тоза  мегирад ва комёбиҳои тоза ба тоза насибашон мегардад. Муҳимтар он аст, ки сарчашмаи ҳамаи ин хушбахтиҳо ва дастовардҳо мактаб ва устод аст. Зеро  бе мактабу бе устод ҷомеаи инсонӣ шабеҳ ба торикистонест, ки  дар он  ҳамагуна хисолати инсонӣ ва ахлоқи ҳамида  ба чашм намехӯрад ва ҷаҳолату нодонӣ ва хурофот ба авҷи аълои худ мерасад. Амир Хусрави Деҳлавиро дар ин хусус гуфторест:

Ҳар кӣ ба зиндони ҷаҳолат гум аст,

Ҳаст гадо гарчи зараш сад хум аст.

 

Зиндагӣ худ собит намудааст, ки инсоне нест, ки дар ин ё он ҷабҳа истеъдод надошта бошад. Ин аст, ки яке дар ҳофизӣ, дигаре дар кандакорию наҷҷорӣ ва саввуме дар суханронию ба роҳи рост ҳидоят намудани ҳамнавъони худ ва ғайра афзалиятеро соҳиб аст. Дар ин хусус шоире гуфтааст:

Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,

Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

 

Ҳадаф аз овардани ин дебоча он аст, ки  дар рӯзгори мо низ мардоне ҳастанд, ки ҳамеша кору пайкорашон шоистаи омӯзишу пайравист. Зеро шинохти  шахсият, арҷгузорӣ ва қадр намудани  меҳнату заҳматҳои бунёдкоронаи симоҳои барҷаста ва шинохтаи миллат, аз ҷумла олимони маъруф, омӯзгорони  эҷодкору  навоварони соҳаи илму маориф, тарғиби  ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи онҳо барои ҷавонон, бахусус омӯзгорони  ояндаи кишвари азизамон аҳамияти калони  тарбиявӣ дорад. Ин ҷо мавриди ёдоварист, ки  мутафаккирони барҷастаи Шарқи қадим хулқу атвор, афту андом ва дараҷаи  маърифати инсонҳои нукоти гуногуни сайёраамонро ба обу хоки ҳамон сарзамин ва марзу буми он алоқаманд  мекарданд, ки албатта ин бесабаб набуд. Шояд обу хоки сарзамини  Аҷами бостонӣ барои офаридани шахсиятҳои барҷастаи илму маърифат бештар муносиб  буда, ки дар садаҳои гузашта дар ин сарзамини бузургофарин садҳо тан арбоби илму ирфон ганҷинаи маърифати инсониро ғанӣ сохтаанд. Аз ин лиҳоз, падид омадани олимону адибон ва умуман аҳли фарҳанг дар сарзамини мо ба решаҳои амиқи шуури ҷамъиятии наслҳои гуногуни аҷдодонамон пайванди  ногусастанӣ дорад. Яке аз ин ашхосе, ки дар идомаи кори хайри аҷдодон ба омӯзиши илми риёзӣ шуғл варзидааст- қаҳрамони ин нигоштаи мо  устоди фозилу арҷманд Мирзомурод Гадозода  мебошад. Устод Мирзомурод Гадозода  аз ҷумлаи он  омӯзгоронест, ки  дар пешаи худ  камназир аст. Зеро бо  заҳматҳои пайваставу  дуди чароғ хӯрданҳо ва шабро ба рӯз табдил доданҳо ӯ  тавонист, ки дар   миёни аҳли илм ва  маорифи кишвар ҷойгоҳи  арзандаеро барои худ  пайдо кунад. Зеро ӯ хуб медонад, ки омӯзгор ҳидоятгари ҳамнавъони худ ба сӯи рӯшноӣ ва фардои нек аст:

Гиромитар зи ту фарде надидам,

Расули хоси Язоднӣ, муаллим.

 

Месазад иброз дорем, ки  солиёни зиёдест, ки миёни омӯзгорон чӣ дар макотиби миёна ва чӣ олӣ андешаву ақоид роҷеъ ба таълиму тарбия  мухталиф ба назар мерасад. Гурӯҳе аз омӯзгорон дар мактаб таълимро дар зинаи аввал мегузоранд. Зумраи дигар бошанд баробар сурат гирифтани  таълиму тарбияро судманд медонанд. Саввумиҳо дар мактаб тарбияро бар таълим тарҷеҳ медиҳанд. Тарафдорони ин се усули кор дар мавқеи худ ҳақанд. Вале устоди мо Мирзомурод Гадозода нуқтаи назари  савумиҳоро судмандтар ва ба мақсад мувофиқтар медонад. Зеро ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ:

 

Маориф гар чу мӯ борик  бошад,

Чӣ ҳосил з-он,чу дил торик бошад.

Ва маҳз тарбияи дуруст ва пайваста талқин кардани ахлоқи ҳамида аз инсони хокӣ фалаксайру осмонфарҳанг хоҳад сохт. Ин аст, ки устод Мирзомурод Гадозодаро  ҳамеша  ва дар ҳама ҳолату вазъият коромӯз дарёфтем, на корафзо. Ӯ ҳамеша ба ҳама омӯзгорон шафиқу меҳрубон ва мададгору  мушкилкушо  аст. Гӯё шиори зиндагиаш ҳикмати  зайл аст:

 

Ба корафтода  коромӯз  мебош,

Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.

Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,

Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.

 

Устод Мирзомурод Гадозода  шахсест худогоҳу  хештаншинос ва олитарин сифати ҳар як инсон, хусусан омӯзгорон, худшинохта будан аст. Шахсе, ки  ба худ расидааст, худро дарёфтааст, бешак дар ду олам рӯсурху азиз хоҳад буд:

Хештандонӣ сарафрозӣ бувад,

Аз худогоҳон Худо розӣ бувад.

 

Устод  Мирзомурод  Гадозода 12-уми сентябри соли 1951 дар деҳаи Қашқараҳаи ноҳияи Файзобод, дар оилаи деҳқони асил ва мавриди эҳтиром Гадо  Ориф ба дунё  омадааст. Соли 1968 ӯ мактаби миёнаи №10-и ноҳияи мазкурро хатм намуда, тӯли як сол, яъне то соли 1969 дар мактаби мазкур ба ҳайси сарпионервожатӣ фаъолият намуд. Пасон солҳои 1971-1976 дар факултаи Механикаю математикаи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намуд.

Садорати донишгоҳ савияи донишу қобилияти кордонии мутахассиси ҷавонро ба назар гирифта, ӯро соли 1976  бо роҳхат барои кор ба Донишгоҳи политехники Тоҷикистон (алъон Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ) ба кор  фиристод. Ӯ  аввалан дар  кафедраи «Механикаи назариявӣ» ва пас аз ду моҳ дар кафедраи «Математикаи олӣ» ба сифати ассистент  ба фаъолияти омӯзгории худ  оғоз бахшид.

Устод Гадозода  соли 1978-1981 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи  давлатии Тоҷикистон  таҳсил намуда, моҳи апрели соли 1983 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии  профессори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов  Арсенев А.А. дар мавзӯи «Методи  заррачаҳо барои  муодилаҳои  Власов» бомуваффақият дифоъ намуд. Соли 1984 ба ҳайси муаллими калон ва соли 1986 ба вазифаи дотсенти кафедра интихоб шуд.

Устод Мирзомурод Гадозода  таи солҳои 1994-2007  роҳбарии яке аз кафедраҳои калонтарин ва муҳимтарини  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон-кафедраи Математикаи  амалӣ ва ҳисоббарорӣ ва  баъдан, ки бо номи Математикаи олӣ  табдили ном кард, ба ӯҳда дошт.  Дар ин муддат дар кафедраи номбурда, ба сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Дар ин солҳо ба забони давлатӣ иншо намудани  мақолаву китобҳои дарсӣ ва илмӣ-методӣ таҳти роҳбарии ӯ дар кафедра  маҷрои тоза гирифт ва шояд хато накунем, ки ӯ яке аз пешгомоне буд, ки  аз мушкилиҳо наҳаросида  ба забони давлатӣ  навиштани  корҳои илмӣ, илмӣ-методиро дар донишгоҳ  амалӣ сохт. Соли 2004  таҳти роҳбарии ӯ ва профессор Юнусӣ М. омӯзгори калони кафедра Ҳафизов Ҳасан Маҷидович дар мавзӯи     «Дар  бораи ҳалҳои як синфи муодилаҳои дифференсиалии моделӣ бо ҳосилаҳои  хусусии тартиби якум бо хосиятҳои  эксиремалӣ дошта»  ва  соли 2020  омӯзгори дигари кафедра  Қодиров Одинашоҳ Қаҳҳорович рисолаи номзадии худро дар мавзӯи  «Амсиласозии  математикии баъзе  равандҳои  мавҷӣ, ки бо муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳолатҳои экстремалӣ ифода  мешаванд».

«бо муваффақият дифоъ намуданд. Айни замон зери роҳбарии устод  унвонҷӯёну магистирон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

Устод  Мирзомурод Гадозода  пайваста  ба корҳои  илмӣ- тадқиқотӣ машғул буда, самараи заҳматҳои бисёрсолааш  бо теъдоди 186 номгӯй асарҳои  илмӣ, илмӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ пешкаши хонандагону донишҷӯёну омӯзгорон ва аҳли  тадқиқ қарор гирифтаанд. Бештари таълифоти устод имрӯзҳо  дар макотиби олии кашвар ба сифати маводи таълимӣ мавриди истифода қарор доранд.

Оре, 45 сол дар як донишгоҳ ва дар як кафедра фаъолият доштан, кори саҳл нест. Вале устоди мо  таи ин муддат тавонист, ки ҳамаи мушкилоҳоро пушти сар намояду ҳадафҳои неки дар замираш бударо  ҷомаи амал пӯшонад. Маҳз ҳамин покрафторию покгуфторӣ ва покандешию масъулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, моҳи июни соли 2011 роҳбарияти донишгоҳ ба ӯҳдаи эшон декании  факултаи Технологияҳои  иттилоотӣ ва комуникатсиониро вогузошт, ки  то соли 2014 ифои вазифа намуд.Аз соли 2014 то ба имрӯз ба ҳайси професори  кафедра  кору фаъолият дорад.

Устод Мирзомурод Гадозодаро устухонаш дар кори омӯзгорӣ сахт шудааст ва пайваста дар давоми фаъолияти кориаш на танҳо  донишҳои касбии хешро  моҳирона амалӣ сохтааст, балки  саъю кӯшиши зиёде ба харҷ додааст, ки  онро ҳаматарафа такмилу сайқал дода, ба мазмуни он усулҳои нави методӣ  ворид намояд. Мавсуф  фикру ақоиди тозаи худро роҷеъ ба такмили усули таълими риёзӣ, дар як қатор дастурҳои таълимӣ ва методӣ пешкаши мутахассисон кардааст, ки дар фаъолияти илмиву амалии худ васеъ истифода мебаранд.

Тазаккур бояд  намуд, ки  устод Мирзомурод Гадозода на танҳо олими соҳибмактаб, балки омӯзгори мумтоз, ташкилотчии фаъол ва пурсамари таълим мебошад. Гувоҳи ин  ҳарфҳо он аст, ки вай аз омӯзгори қаторӣ то ба вазифаҳои муаллими калон, дотсент, профессор, мудири кафедра, декани факултет омада расидааст. Дар ҳамаи вазифаҳои кор кардааш эҷодкорона фаъолият  намуда, усулҳои  нав ва  пурсамари ташкили ҷараёни таълимро кор карда, онҳоро дар амал ҷорӣ намудааст. Ҳарчанд ки баҳри амалӣ гаштани онҳо ба монеаҳои сунъӣ рӯ ба рӯ гаштаву асабоният будану бедорхобиҳоро пушти сар карда:

Дидаи бедорро хоби гарон зебанда нест,

Эй шарар, то чанд хоҳӣ кард болин сангро.

Таъкид ба маврид менамояд, ки чароғи хонадони устод аз илм фурӯзон аст ва фурӯғи шамъи хиради эшон то дуриҳои дур нурпошӣ  мекунаду ба дилҳо суруру ба дидагон нур мебахшад. Бузургворе  хуб фармудааст:

Ҳар кӣ  шамъаш зи илм даргирад,

То абад доғи марг напазирад

Устод Мирзомурод  Гадозода дар баробари ин ҳама дӯсти мушфиқ, содиқ ва хоксор аст. Тоҷикон зарбулмасале доранд, ки мегӯяд: олим шудан осон, вале  одам шудан душвор. Дар зиндагӣ ва кору фаъолияти хеш шоҳид гаштаем, ки  ин зарбулмасал сад дар сад ҳақ асту рост. Вале дар мавриди устоди мо- Мирзомурод Гадозода коромад нест. Устодро, ки зиёда аз  бист сол боз мешиносем,  ҳамчун дӯсти шафиқ, содиқ ва якрӯ, хоксор ва ҳақиқатхоҳу адолатпарвар дарёфтем. Дар давоми ин муддат боре аҳдшиканӣ, дурӯягӣ, қавлшиканӣ ва бевафоии ӯро мушоҳида накардаем. Устод  дар мушкилтарин  ва сангинтарин вазъ низ ҳамеша ба аҳди худ вафо мекунад. Табиати ин озодмард сиришта аз обу хоки кӯҳистон ва баҳравар аз андарзи поки ниёкон- пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек аст. Шояд зиндаёд Лоиқ барои устоди мо ва  ҳамин гуна шахсиятҳои наҷиб фармуда бошад, ки:

Замини сахти кӯҳистон дили нармам ато кардаст,

Дуруштам ҳар кӣ мехонад, хато андар хато кардаст.

Ба мисли кӯҳ якрӯям, ба сони чашма ҳақгӯям,

Чунин будам, чунин бошам, ки ин сонам Худо кардаст…

 

Хизматҳои бисёрсолаи софу бенуқсони устод Мирзомурод Гадозода  дар соҳаи маориф ва пешбурду  такомули илми математика ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон  бо  «Ифтихорномаи  фахрӣ»-и  Вазорати сохтмони деҳоти РСС Тоҷикистон (1976), «Ифтихорномаи фахрӣ»-и КМ ЛКСМ Тоҷикистон барои кори беҳтарини илмӣ, ки ба озмуни илмии олимони ҷавон пешниҳод гардида буд (1984), «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и  Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси РСС Узбекистон барои иштироки фаъолона дар кори даври охирини олимпиадаҳои  умумииттифоқӣ аз фанни математика (1987; 1989), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001), медали «Хизмати шоиста» (2021) қадрдонӣ шудаанд.

Дар фарҷом бояд иброз дошт, ки  устоди хайрхоҳу некниҳод, хушзавқу боистеъдод, профессор Мирзомурод Гадозодаро, ки дар илми  риёзидонӣ то ин дам хидмати мондагоре  кардаву  ҳиммати бузурге барои саҳми бештар дорад, аз баҳори   70-умини  умри  пурсамари хеш гул мечинад. Гулҳои саршор аз меҳру муҳаббати фарзандону пайвандон, ҳамкорону шогирдон ва дӯстон. Мо устодро самимона муборакбод гуфта, байти зерро ҳусни мақтаъ қарор медиҳем, чунки  байти мавриди назар бозгӯи рӯзгор ва кору пайкори устоди азизи мо-Мирзомурод Гадозода мебошад:

 

Зиндагӣ маънӣ надорад бе камоли маърифат,

Одамиро маърифат шаҳбози дунё мекунад.

 

Ҳамза Боқиев

дотсенти  ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Ҳасан Ҳафизов

дотсенти ДТТ ба номи академик

М.С.Осимӣ

 


Ба рӯйхат