Раванди ҳамгироии технологияҳои рақамӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳает ва фаъолият.

 05.02.2025

Раванди ҳамгироии технологияҳои рақамӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳает ва фаъолият.
 
(Андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 12. 2024)
 
Паём ин муроҷиати солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он вазъи кунунии кишвар баррасӣ гардида, самтҳои асосии сиесати дохилӣ ва хориҷиро муайян менамояд. Дар он муроҷиати солонаи роҳбари давлат дар бораи самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон дар ояндаи наздик ифода ёфта, ташаббусҳои муҳими сиесӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад.
 
Паёми Президент метавонанд ин мавзӯъҳои асосиро дар бар гиранд:
 
Суботи сиесӣ: Дастгирии президент дар масъалаҳои идоракунии давлатӣ, низоми сиесӣ афзоиш додани суботи сиесии кишвар.
Рушди иқтисодӣ: Барномаҳои дастгирии тиҷорат, инноватсия, сармоягузорӣ ба инфрасохтор.
 
Сиесати иҷтимоӣ: баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, дастгирии оилаҳо ва нафақахӯрон, дастрасии тандурустӣ.
 
Маориф: Ислоҳоти маориф, рушди технологияҳои рақамӣ, дастгирии илм.
 
Амният ва мудофиа: Таҳкими артиш, мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҳифзи марзҳо.
 
Экология: Рушди устувор, ҳифзи муҳити зист, мубориза бо тағйирёбии иқлим.
 
Сиесати хориҷӣ: Мустаҳкам кардани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои иттифоқчӣ, ташаббусҳои дипломатӣ ва ғ.
 
Ҳамин тариқ, Паёми Президент дар муайян кардани самти сиёсат нақши муҳим мебозад ва метавонад нишондиҳандаи тағйироти ҷорӣ ва ояндаи кишвар бошад.
28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст сарварӣ давлат иброз намуданд, ки Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
 
Президенти кишварамон ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ, рушди устувори қтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебинанд. Ва Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст қайд намуданд пешвои муаззами кишварамон дар Паёми навбатӣ.
Аз ин лиҳоз, соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар се соли охир бошад дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Муҳимтарин нуктаи Паём ин буд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст.
 
Дигар ин, ки дар панҷ соли охир сатҳи таваррум ё баландшавии нархҳои истеъмолӣ ҳамагӣ 29 фоизро ташкил кард, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.
Илова бар ин, дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд қайд карданд Президенти кишварамон.
Аз саабабе, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
 
Лозим меояд, ки дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
 
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистонро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд.
«Иқтисоди рақамӣ иқтисоде мебошад, ки асоси онро истифодаи технологияҳои муосири рақамикунӣ ташкил менамояд. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии давлат қадами муҳим аст. Зеро он имконияти кам намудани вақти барориши маҳсулоти нав ба бозорро таъмин намуда, дараҷаи чандирии истеҳсолотро баланд мебардорад. Он инчунин сифати маҳсулот ва самаранокии ҷараёни истеҳсолотро беҳтар намуда, дар охир ба беҳтар шудани рақобатпазирии саноат ва зиёдшавии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад».
 
Бояд иброз дошт, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омода намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, рақамигардонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва худомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷорисозии зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат менамояд.
«Аз ҷониби Пешвои миллат барои рушди соҳаи рақамикунонӣ чораҳои таъхирнопазир пешниҳод гардиданд. Мо, ҷавонони даврони истиқлол ин роҳнамоиро ҳамчун дастурамали фаъолият қабул менамоем. Воқеан ҳам Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030 дар ҳошияи раванди рақамикунонии ҷаҳонӣ тадбири муҳим ба ҳисоб рафта, муҳимияти масъаларо барои дар 5 соли оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рақамикунонӣ дар мамлакат тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз ҷавононро зарур меояд, ки барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, бобати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани рақамикунонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нақлиёт, саноат ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим корҳои таъхирнопазирро амалӣ намоем».
Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
 
Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад.
Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ вобаста ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимои кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, боз як қадами устувор дар роҳи амалисозии муташакилонаи раванди ҳукумати электронӣ дар низоми идоракунӣ арзёбӣ намуданд.
 
Иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодиёт кумаки бевосита мерасонад. Зеро мақсади асосии иқтисодиёт ҳуҷҷатҳои стратегие мебошанд, ки дар ин самт қабул карда мешаванд. Аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Ҳамаи масъалаҳои дар Паём баррасишуда, воқеан масъалаҳои калидӣ буда, яке ба дигаре пайванди ногусастанӣ дорад ва дар маҷмуъ ба хотири боз ҳам боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишаварамон таҳия гардида, амалӣ карда мешаванд.
 
Номзади илмҳои педагогӣ
директори китобхонаи илмӣ ва электронии
Донишгоҳи техникии тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ
Саторова Мавлуда Қаҳоровна

Ба рӯйхат