МОДАР ОҒОЗИ ОҒОЗҲОСТ

 25.08.2025

МОДАР ОҒОЗИ ОҒОЗҲОСТ
Модар – дунёи меҳру садоқат, шафоату саодат ва муҳаббати бепоёни инсонист. Модар сароғози оғозҳост. Меҳру муҳаббати модар ҳадду канор ва оғозу анҷоме надорад. Ба қавли сиёсатмадоре меҳри модар “дар ҳеҷ куҷо ба анҷом намерасад.”
Дуруст аст, ки баробари шунидани номи ин фариштаи заминӣ дилҳо беихтиёр ба тапиш медароянду эҳсоси гарме саросари тану руҳу ақли моро фарогир мешавад. Ин эҳсос ба дараҷае хушоянду дилпазир аст, ки аз ҳар сонияш лаззати хосеро эҳсос намудан мумкин аст. Бузургии модар низ дар ҳамин аст, ки саропояш нуру гуҳар ва ҳар суханаш дунёи маънист.
Фарзанд новобаста аз он ки то чӣ андоза бузург мешавад ва ба кадом дараҷаҳо мерасад, ҳамеша барои модар ҳамон кӯдаке боқӣ мемонад, ки дар тифлиаш ҳангоми роҳравӣ баҳри наафтодан аз домонаш медошт. Ҳамоне аст, ки дастгираш буд, то роҳравиро биомӯзад. Ҳарчанд фарзанд гурззану ҷавонмарду қавитан гашта бошад ҳам, боз модар аз домони ӯ медорад. Медонед барои чӣ? Барои он ки аз домони Шумо дасти хатарро дур созад, барои он ки тифли бо бехобиҳо парвардааш аз офату балое зарар набинад, модарон ҳамаи худро фидо месозанд.
Пас чӣ гуна ин олиҳаҳои заминиро дӯст надоштану аз меҳру муҳаббаташон сухан нагуфтан мумкин аст. Бовар кунед, ҳамаи гуфтаҳову тавсифҳое, ки шоиру нависандаву дигару дигар то имрӯз дар васфаш эҷод намудаанд, қатрае аз уқёнуси дамон беш нест.
Садри муаззами тоҷикони ҷаҳон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳру муҳаббат ва садоқати волидонро тавсиф намуда истода, қайд мекунанд: Ғанимат падару модар доштан дар зиндагӣ. Ҳар кӣ дорад давлати бузург аст. Лекин модарро синаи раҳм мегӯем, ё ки шири сафеди пок, ё инки азияте кашидааст дар вақти таваллуд, ё ки бедорхобиҳое, ки дар сари гаҳвора, ман инро доимо мегӯям, чӣ қадар хизмате накунем, аз сарашон тилло, ки нарезем, ҳама хизмати мо дар сад сол дар назди модар ба як шаб бедорхобиҳои сари гаҳворааш баробар намешавад.”
Дуруст аст, суханҳои сарвари муаззамамон, ки муҳаббату шафоати модарро бо чанд сухани оммафаҳме баён доштанд. Ба қадри заҳмату меҳнат ва меҳру муҳамббати эшон расидан вазифаи инсонӣ ва фарзандии ҳар яки мост.
Имрӯз ҳар кас барои ҳама гуна чиз аз якдигар подош металабанд. Ягона чизе, ки имрӯз подош талаб намекунад, поку беолоиш аст, софу зулол аст, ин меҳри модар аст. Воқеан ба ҳар як хатову ҳар як муаммои ба вуҷудовардаи мо чашм мепӯшанд, ҳарчанд бар зарари онҳо бошад ҳам такягоҳи фарзандон мешаванд. Ҳарчанд гунаҳкор бошем ҳам ягона шахсе, ки дар ҳама ҳолат ба авф кардани мо омода аст, модар мебошад.
Модар ягона шахсест, ки ҳатто дунё бо тамоми ҳастиву бузургияш ва шукуҳу шаҳомату сарвату дороияш ҷойи ӯро гирифта наметавонад. Модар манбаи рӯшноӣ ва нури хиради хонадони мост. Агар дар оила модар набошад, маънии ҳаёт, панду насиҳат ва меҳру муҳаббат дар он оила кам мегардад. Нуру рӯшноӣ ва файзу баракати худро ин гуна хонадон аз даст медиҳад.
Агар касе аз мо пурсон шавад, ки зеботарин чеҳрае, ки дар зиндагиатон дидаед, чеҳраи кист, бевоситаву бе интизориҳо гуфта метавонам, ки чеҳраи модар аст. Чеҳраи модар фаромӯшнашаванда ва ҳамеша зебову нуронӣ аст.
Вақте ба мушкиливу душворӣ рӯ ба рӯ шудем, вақте аз чизе ба танг омадем, вақте ғаму ғуссаи худро таҳаммул карда натавонистем, рост ба сӯйи ошёни модар парвоз мекунем. Зеро соате, ки сар ба зонуи модар мегузорем, ҳамаи дарҳои моро шифо мебахшад, ҳамаи ғуссаҳои моро аз тан бурун мекунад, мушкилоту муаммои мо беихтиёр роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Дар ин бораи шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ дуруст қайд намудааст:
Дар он соат, ки дилгирам, куҷоӣ, модари пирам?
Биё, бинмой тадбирам, ки дар гирдоби тақдирам.
Сарам хоҳад навозишҳои дастони туро имрӯз,
Дилам хоҳад нигоҳи гарми чашмони туро имрӯз.
Ягон муҳаббат ва шафқат ҷойи муҳаббат ва шафқати модарро гирифта наметавонад. Модар ягона ганҷурест, ки ғаму ғуссаамонро беминнат он ҷо мегузорем. Дили модар дарёст, ки дар он ҳам ғаму ғуссаву дарду ранҷ ва ҳам муҳаббату шафқату раҳм меғунҷад.
Модарони мо гавҳари эҳёнагардандаи ҳаёти моанд. Вақте гавҳар дар кафи дастамон аст, ба қадри он намерасем, аммо вақте ин гавҳари ноёбро аз даст додем, маънии ҳаёту зиндагии худро гум мекунем. Бе роҳбар, бе мураббӣ, бе сарпаноҳ, бе такягоҳ, бе ҳамдам ва бе маром мемонем. Зерои марому маънии зиндагии мо аз модар сарчашма мегирад. Пас биёед дар зиндагӣ ба қадри ин неъмати илоҳӣ бирасем, аз ҳар лаҳзаву сонияи бо ӯ будан дунёи маъниву лаззатро ба худ бигирем. Суханҳову насиҳатҳои модаронро ба гӯш ҳалқа бикунем ва аз будани эшон шукргузор бошем.
Ба қадри фариштагони меҳр – модарон бирасем!
 
БУНАФША Аҳмадзода - муовини ректор
оид ба тарбияи ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

Ба рӯйхат