Дар осори илмӣ - динӣ ва фарҳангӣ модар як шахсияти муқаддас эътироф мешавад. Ӯ намунаи меҳру муҳаббат ва рӯҳан бой аст, ки метавонем дар таълимотҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ пайравӣ кунем.
Оре! Модар чи калимаи хушу гуворо! Чун ин калимаро ба забон мегирем чи эҳсосоте дар вуҷуди кас пайдо мешавад. Саршор аз меҳр, муҳаббат, меҳрубонӣ, оромиш, осоиш, дилнавозӣ, дилбастагӣ, адолат, амонат, роз, ва ғайрахо. Дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некию накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон мебошад.
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббатеро беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин рӯ, модар азизтарин шахс ва гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риқкат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».
Модар аввалин мурраббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Рафтору ахлоқи модар дар сифати сирату сурати фарзанд таъсири бевосита мегузорад. Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд. Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуқтаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ханӯз аз оғози Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз чандин санади меъёриву ҳуқуқии заруриро ба тавсиб расонидааст. Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳукуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалгардонии онҳо, вусъат додани имконияти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар аз муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии занҳо дар ҷомеаи кишвар нақши бориз мебозанд. Ин санадҳо нишондиҳандаи дастгириҳои давлат дар самти ҳавасмандгардонии занҳо ва ҷалби васеи онҳо ба корҳои идоракунӣ мебошад, ки баъди қабули он имтиёзҳои муайян баҳри васеъшавии фаъолнокии сиёсии занон амалӣ гашт.
Занону модарони мо метавонанд дар ин раванд низ яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа бошанд. Онҳо инчунин метавонанд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва фарҳангӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург бозанд. Занону модарони тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт буданд. Бузургони илму адаб занро шоҳкории табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург Зан –Модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон –Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои хамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад”.
ИД МУБОРАК МОДАРОНУ БОНУВОНИ АЗИЗ!